logo

ҳуқуқ

РИОЯИ МЕЪЁРҲОИ САРҚОНУН ҲАТМИСТ

Сайфиддин КАМОЛЗОДА,
раиси суди ноҳияи Файзобод

Бист сол барои таърих тӯлонӣ  набошад ҳам, дар ин муддат  Сарқонуни кишвар  аз имтиҳони  ҷиддии ҳаёт гузашт. Дар ҳамаи соҳаҳои  хоҷагии халқи мамлакат тағйироти  ҷиддӣ ба амал омаданд. На танҳо марказҳои маъмурии  шаҳру ноҳияҳо, балки дурдасттарин шаҳраку деҳоти ҷумҳурӣ низ симояшонро ба куллӣ дигар карданд.
Ин санади тақдирсоз имкон фароҳам овард, ки дар  ҷомеа ягонагии сиёсӣ пойдор гардида,  вазифаҳои давлат баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муайян карда шаванд. Конститутсия ба сифати  санади олии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон кафолат додааст, ки ҳуқуқу озодиҳои қонунии худро шиносанд ва аз онҳо бурхӯрдор бошанд. Гузашта аз ин, тавре  кору зиндагӣ кунанд, ки  манфиатҳои қонунии дигаронро халалдор насозанд.
Конститутсия  давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати иҷтимоӣ эълон намуд,  ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда таъмин карда мешавад. Дар Сарқонун инсон, ҳуқуқ  ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, ба ҳар кас кафолати ҳифзи  судӣ дода шудааст. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз баррасӣ намояд. Дар навбати худ мо, кормандони соҳа, вазифадор ҳастем, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар меҳвари фаъолиятамон қарор дода, тавассути қабули санадҳои одилонаву қонунӣ, татбиқи дурусти меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо адолати судиро таъмин намоем.
Пас аз қабули Конститутсия дар сохтори давлати Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд, ки яке аз онҳо ислоҳоти ҳокимияти судӣ мебошад.  Давра ба давра татбиқ шудани  ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ ва дар доираи он таҳкиму такмил бахшидан ба сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ, мустаҳкам намудани асосҳои моддиву техникии онҳо ва беҳтар кардани вазъи ҳуқуқиву иҷтимоии судяҳо аз ҷумлаи ин тадбирҳо ба шумор мераванд. Дар иртибот ба ин, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳамчун шохаи мустақили ҳокимият эътироф намудааст, ки он бояд баҳри таҳкими қонуният ва таъмини адолати судӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши сазовор дошта бошад.
Мувофиқи моддаи 84 -и Конститусия ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Бо қабули Конститутсия  ба таъсиси мақоми нави махсуси  назорати  конститутсионӣ - Суди  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ  заминаи ҳуқуқӣ гузошта шуд.
Шашуми ноябр ба қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бист сол пур мешавад ва ин санаи муҳими таърихӣ ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории демократӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави кишвари маҳбубамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил хоҳад шуд. Бо ифтихор метавон гуфт, ки Конститутсияи имрӯза самараи соҳибистиқлолии кишвари азизамон мебошад. Маҳз дар заминаи Истиқлолияти давлатӣ барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои инкишофи ҷомеа, бунёди давлатдории навини тоҷикон заминаи воқеӣ гузошта шуд. Дар ин росто рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ таъмин гардид.
Шукрона мекунем, ки имрӯз Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва риояи меъёрҳои Конститутсия рӯз ба рӯз зебову шукуфо мегардад ва мардум дар фазои сулҳу субот кору зиндагӣ доранд. Набояд фаромӯш сохт, ки яке аз талаботи муҳими Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳои амалкунанда мебошад. Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф ҳар фарди ҷомеа бояд саъю талош намояд, бо рафтору гуфтору пиндори некаш намунаи ибрати дигарон бошад. Маҳз дар ҳамин сурат мо метавонем ба ҳадафҳои олии худ - эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муваффақ шавем.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 1.11.2014    №: 213    Мутолиа карданд: 573

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед