logo

порлумон

МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ ГАРАВИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИСТ

Дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин таҳти раёсати Саиди Ёқубзод, раиси кумитаи мазкур, вобаста ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати кишоварзӣ оид ба татбиқи «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» ва «Барномаи мубориза бар зидди малах дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.
Олимҷон Сафаров, узви кумита, иброз дошт, ки мувофиқи маълумоти оморӣ, Тоҷикистон мамлакати аграрӣ буда, 20-22 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии онро маҳсулоти кишоварзӣ ташкил медиҳад. Майдони умумии кишоварзӣ зиёда аз 3800 ҳазор гектар аст ва аксарияти он чарогоҳ мебошад. Майдони  корам ҳамагӣ 709 ҳазор гектар ва аз он 508 ҳазор гектар заминҳои обӣ мебошанд. Дар мамлакат растанипарварӣ ҳам дар заминҳои  обӣ ва ҳам дар заминҳои лалмӣ тараққӣ карда, соли гузашта истеҳсоли пахта ба 393 ҳазор тонна, ғалладонагиҳо 1,3 млн. тонна, картошка 1,1 млн. тонна, сабзавот 1,4 млн. тонна, зироати полезӣ 495 ҳазор тонна ва мевагиҳо ба 329 ҳазор тонна расонда шуд.
Дар масъалаи таъминоти тухмии аълосифати ғалладона пешравиҳо назаррас аст. Мувофиқи маълумоти мутахассисони соҳа дар  ҷумҳурӣ ҳоло 38 хоҷагии  махсуси тухмипарварӣ доир ба истеҳсоли тухмии пахта мавҷуд буда, дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қитъаҳои элитии  парвариши навъҳои пахтаи ватанӣ, аз ҷумла навъҳои миёнанахи «Ориёӣ», «Хуҷанд-67», «Неъмат», «С-65 30», «Сорбон»,  «Ирам - 1МН», «Назирӣ», навъи пахтаи  маҳиннахи «93 26-В»,  “ВД - 11”, «Авесто» ба роҳ монда шудааст. Тухмии навъҳои маҳаллии пахта васеъ кишт гардида, талаботи кишоварзонро қонеъ мегардонад. Назар ба гуфтаи мавсуф, таъмини тухмии аълосифати картошка дар ҳолати хеле душвор қарор дорад. Аз ин лиҳоз, дар вохӯриҳо деҳқонон пешниҳод намудаанд, ки ҳамасола ба ҳамон маблағҳое, ки аз тарафи буҷети ҷумҳуриявӣ барои таъминоти тухмии картошка ҷудо мегардад, аз хориҷи кишвар дастрас шавад. Зеро дар ҷумҳурӣ тухмии репродуксияи нав қариб, ки мавҷуд нест. Дар давоми 7-8 соли охир тухмии картошкаи элита аз хориҷи кишвар ба мамлакат ба миқдори хеле кам ворид шудааст.
Бадриддин Садриддинов, узви кумита, гуфт, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 30 октябри соли 2010 «Барномаи мубориза бар зидди малах дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2015» қабул гашт. Соли 2007 малах дар майдони 36004 гектар дар замини зироатҳои кишоварзӣ  паҳн гардида, ба маблағи 18 миллион сомонӣ зарар расонд.
Вобаста ба афзоиш ва паҳншавии малах бо эҳтимоми Ҳукумати кишвар 30 ноябри соли 2007 Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» таъсис дода шуд. Мақсади асосии барнома баргузории саривақтии маъракаҳои муҳофизатии киштзорҳо, боғу токзор ва чарогоҳҳо ва дар ин замина ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ аз малах мебошад.
Маблағгузории «Барномаи мубориза бар зидди малах дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Иҷрои он ба зиммаи Корхонаи воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» вогузор шудааст.
Дар натиҷаи мақсаднок истифода бурдани маблағҳои ҷудогардида ва чорабиниҳои муайянгашта соли равон 80266 гектар замини зироатҳои кишоварзӣ аз осеби малах эмин нигоҳ дошта шудааст, ки мувофиқи таҳлили иқтисодӣ 88 789 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Қосим Роҳбар, вазири кишоварзии ҷумҳурӣ, иброз дошт, ки вазорат барои рушди соҳаи тухмипарварӣ бо назардошти камбудиву норасоиҳои мавҷуда ба таҳияи барномаи нав шурӯъ намуд, ки ба дастгирии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ниёз дорад. Дар ҳолати қабул гардидан он барои таъмини соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ бо тухмиҳои хушсифат замина гузошта, ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат менамояд.
Тавсияҳои муҳокимаи парла-ментӣ бо назардошти таклифу дархост ва пешниҳодҳои воридгашта, қабул шуданд ва онҳо ба вазорату идора ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои чораҷӯӣ ирсол мегарданд.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.11.2014    №: 214    Мутолиа карданд: 782

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед