logo

ҳуқуқ

ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗ

Шуҳрат САИДЗОДА,
сармутахассиси раёсати судҳои дастгоҳи
Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бояд таъкид намуд, ки оғози таҳаввулоти конститутсионии кишвар ба дигаргуниҳои сиёсие, ки бо бозсозии охири солҳои 80-ум ва аввалҳои солҳои 90-уми асри гузашта шурӯъ шуда буд, алоқаманд аст.
Ҳанӯз 23-юми августи соли 1990 Шӯрои Олии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон» қарор қабул намуда буд. Аммо ба комиссияи мазкур муяссар нашуд, ки дар ин замина кори назаррасеро анҷом диҳад. Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар санади воқеан муҳим ва тақдирсози миллат буда, он Истиқлолияти давлатии тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд..
Таърих нишон дод, ки мавҷудияти Конститутсия ҳанӯз нишони озодии комил ва сохибихтиёрӣ набудааст. Чунончи, дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶШС Тоҷикистон панҷ маротиба Сарқонун қабул карда шуд, вале давлат тобеъ боқӣ монд. Дар Конститутсия бо санадҳои меъёрӣ, истиқлоли комили давлат, соҳибихтиёрӣ ва озодии инсон дақиқ зикр мешавад, ки ин хеле муҳим аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳияту ҷавҳари ин андешаро чунин ифода намудааст: «Пеш аз он, ки номи миллат ва забони он таҳаввулоти таърихиро аз сар гузаронида, ташаккул ёбад, тоҷикон тӯли асрҳо барои истиқлолият ва ҳуввияти худ бо аҷнабиён муборизаҳои дурударози мазҳабию фарҳангӣ бурдаанд». Бояд зикр кард, ки аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар дар сатҳи конститутсионӣ ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эътироф карда шуд. Ин меъёри воқеан демократӣ дар моддаи 9-и Конститутсия ба таври зайл муқаррар карда шудааст. «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва  судӣ амалӣ мегардад».
Имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ пайвастанд. 26 сентябри соли 1999 ва бори дуюм 22-юми июни соли 2003 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки онҳо барои рушду такомули давлату давлатдории миллӣ мусоидат намуданд. Аз ин рӯ, дуруст аст, ки Конститутсия муайянкунандаи вазъи ҳуқуқии инсон буда, аз ин роҳ таъмини онро кафолат медиҳад. Тавре Сарқонун муқаррар намудааст: «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд».
Ҳамзамон бо ин, Конститутсия доираи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муқаррар намуда, ҳангоми зарурати қонунӣ маҳдуд кардани онҳоро низ пешбинӣ мекунад. Бо дарназардошти ин амри умумипазируфташуда Конститутсияи Тоҷикистон чунин муқаррар мекунад: «Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад».
Бинобар ин, омилҳои мазкур тақозо менамоянд, ки намояндагони мақомоти судӣ дар иҷрои салоҳиятҳои хизматии худ муқаррароти конститутсионии кафолати ҳифзи судӣ ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилоту муасисаҳоро ҳамаҷониба таъмин намоянд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.11.2014    №: 214    Мутолиа карданд: 564

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед