logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН

Конститутсия қонуни асосии давлат буда, сохти ҷомеа ва шакли давлатдориро муайян мекунад. Бинобар ин, қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар рӯйдоди воқеан сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳи пешрафт ва рушди устувори Ватани азизамон гардид ва он, барҳақ, мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.

Сарқонун ваҳдати халқ ва тартибу низомро дар ҷомеа таъмин намуд ва имкон дод, ки роҳи Тоҷикистон ба сӯи фардои дурахшон муайян гардад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон кард. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар бо меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ гардонда шуданд. Дар Тоҷикистон дӯстии байни халқҳо таъмин гардида, ризоияти гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа ба вуҷуд омад. Тоҷикистони мо имрӯз рӯ ба тараққӣ ниҳодааст. Чашми некбин инро дида метавонад.
Сарвари давлат дар Паёми соли 2003-и худ ба Маҷлиси Олӣ ба таъкид гуфтанд, ки: «Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон ҳадафи дуюми мо маҳсуб мешавад». Ба андешаи мо, барои расидан ба ин ҳадаф бояд сатҳи маърифати шаҳрвандонро баланд бардорем. Зеро пешрафту тараққиёти Тоҷикистон ба сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон вобастагии калон дорад. Ҳукумати мамлакат барои насли ояндасози миллат, ба таҳсилу кор фаро гирифтани онҳо тадбирҳои муассир андешида, шароитҳои муносибро муҳайё сохтааст. Мо, ҷавонон, бояд аз ин шароитҳо самаранок истифода бурданро ёд гирем, ба қадри ғамхориҳои давлату Ҳукумат бирасем. Инсонро эҳтиром кардан ин маърифат аст. Ба ҳаёту номуси шахс дахолат накардан ин маърифати ҳуқуқӣ аст. Ба ҳифзу ҳимояи ҳар пораи хоки Ватан омода будан аз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии мо дарак медиҳад. Ҳар инсон шаъну шараф дорад. Бо атрофиён муносибати самимона доштан, эътироф кардани нақши онҳо дар пешрафти ҷомеа ин маърифати ҳуқуқӣ, донишу фаҳмиши ҳуқуқӣ мебошад, ки аз Сарқонун сарчашма мегирад.
Чун мо давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бунёд мекунему дар ҷомеаи шаҳрвандӣ зиндагӣ дорем, бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки якдигарро гӯш карда тавонем, андешаи муқобилро битавонем оромона бишнавем ва қобили қабулашро бипазирем, фикру андешаи ба ҷомеа, давлату Ватани азизамон зарароварашро бо дониш ва фаҳмиши ҳуқуқии худ рад намоем. Гуногунандешӣ дар ҷомеа камол меёбад. Соҳибмаърифат инро дарк мекунад. Озодии виҷдон дар мамлакат эҳтиром карда мешавад. Дар воситаҳои ахбори омма маводҳо ба хотири гуногунандешӣ қабул ва нашр мегарданд. Вале, мо бояд дарк намоем, ки гуногунандешӣ дар маҷмӯъ бояд барои ободии Тоҷикистон бошад. Ҳар касе гӯяд, ки набояд ин тавр, балки ба ин тартиб кор кунем, бояд далел, таҳлил, ҳисобу китоб ва натиҷаи аниқу исботшуда дошта бошад. Борҳо ба мушоҳида гирифтаем, ки Сарвари давлат дар вохӯриҳояшон бо мардум фикри ҷолибу пешқадамро, новобаста ба он, ки он аз ҷониби кӣ пешниҳод гардидааст, қабул карда, барои таъмини иҷрои он ба мутасаддиён дар ҷояш дастуру супориш дода, дар амал татбиқ кардани онро қотеъона талаб намудаанд. Инро мо пештар фақат дар китобҳо мехондему аз афсонаҳо мешунидем. Ҳоло дар ягон давлати дунё ин тавр намекунанд. Ин шеваи кору фаъолияти Сарвари кишвари мо, ин мактаби офаридаи ӯ чун таҷрибаи сулҳаш бояд дар ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор гирифта, паҳн шавад.
 Мо, ҷавонон, ки ояндаи мамлакату давлатамон ҳастем, бояд қонунҳои кишвари худро донему эҳтиром намоем. Донистани қонун касро ба ҳадаф боз ҳам наздиктар мегардонад, зеро Сарқонун ҳуқуқу озодиҳои инсон ва худи ӯро арзиши олӣ эътироф кардааст. Гузашта аз ин, донистани қонун барои беҳтару хубтар кору зиндагӣ кардан мусоидат намуда, раванди пешрафти ҷомеаро муайян месозад ва онро ба танзим медарорад. Мо, ҷавонон, бояд донем ва ба дигарон фаҳмонда тавонем, ки давлат манфиатҳои ҳуқуқии шаҳрвандонро ба манзил, меҳнат, истироҳат, таҳсил, моликият ҳифз менамояд ва кафолат медиҳад. Албатта, бисёрии ҷавонон инро медонанд. Бо вуҷуди ин, маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳоло ҳам тақвияту такмил мехоҳад. Бархе аз онҳо бинобар надонистани қонунҳои амалкунанда ҷиноят содир мекунанд. Ба интиқолу истеъмоли маводи мухаддир сару кор гирифта, ҳаёти худро месӯзонанд. Инро мо аз воситаҳои ахбори омма мехонем, тавассути садову симо мешунавем ва мебинем, инчунин дар фаъолияти кории худ ба ин гуна амалҳои ғайриқонунӣ дучор меоем. Чеҳраҳои ғамолуди шахсони ҷиноятсодиркарда ва наздикону пайвандони онҳо дар мурофиаҳои судӣ, ашкҳои бари рӯйи хоҳарону модарон, шонаҳои аз бори меҳнат хамзадаи падарон бояд ба ҷавонон сабақ гарданд. Фаромӯш набояд сохт, ки озодӣ беҳтарин неъмат аст. Ҷавонмард бояд барои ободии Ватан заҳмат кашад, хастагиро ҳис накунад, бо меҳнати ҳалол рӯзгорашро пеш барад. Аз меҳнати халол кас обрӯ мегирад, дигарон ҳурмату иззаташро ба ҷо меоранд. Бибиям мегуфтанд, ки ҳалол кӯҳ барин, ҳаром мӯ барин. Яъне, чизи аз меҳнати ҳалол ба даст оварда, пойдору бардавом ҳасту чизи ҳаром мӯ барин борик буда, оқибат надорад.
Вақтҳои охир теъдоди қонуншиканӣ аз тарафи ҷавонон рӯ ба афзоиш овардааст. Дар бисёр ҳолатҳо талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумхурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» риоя намешаванд. Ноболиғ ба шавҳар мебарояд , кӯдакаш шаҳодатномаи таваллуд надорад, ҷавонон ҷиноят содир мекунанд, дар маъракаҳои чилу сари сол ду хӯрок медиҳанд. Ин гуфтаҳоро суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бори дигар тасдиқ мекунад. «Ноболиғон масҷид мераванд, бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба таълими динӣ машғул мешаванд, даст ба худкушӣ мезананд, 17 нафар ҷавонони хуҷандӣ дар хориҷи кишвар ба таълими динӣ машғуланд»,-зикр кард Сарвари давлат. Дар давоми суханрониаш таъкид намуд, ки мо бояд тамошобин набошем, наврасон бояд мактаб хонанд, омӯзанд, соҳиби кор шаванд, оилаашонро хӯронанду пӯшонанд.
Воқеан, мо, ҷавонон, бояд тамошобину бетараф набошем. Таъкидҳои Сарвари давлат ба ҳар як фарди ҷомеа дахл дорад. Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ омадааст: «Ҳамаи мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар ҷомеа, алалхусус дар байни ҷавонону наврасон , бо дарназардошти воқеияти имрӯза, аз ҷумла пешгирӣ намудани таъсири манфии ҷаҳонишавии фарҳангӣ ва дар ин раванд таъмин намудани амнияти иттилоотӣ тадбирҳои иловагиро раҳандозӣ намоянд. Ҳарчанд ки то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар ин самт корҳои зиёде амалӣ гардидаанд, вале вазъи риояи қонун ва тартибот дар кишвар, аз ҷумла дар байни ҷавонон ва ноболиғон, ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад». Ҷавонони мо баъзан бехабар аз худ ба равияҳои ғайриқонунии ифротгароӣ ҳамроҳ мешаванд. Онҳо бояд ба маънои ифрот, ифротӣ, ифротгароӣ сарфаҳм раванд. Ифрот калимаи арабӣ буда, маънои зиёдаравӣ кардан, аз ҳад гузаштан, аз андоза берун баромаданро дорад. Равияҳое ҳастанд, ки амалҳояшон аз ҳадди эътидолу доираи қонун мегузарад ва ба фитнаву тафриқаандозӣ машғуланд. Аз ин рӯ, ифротро ифрод (яъне бо «д») ҳам гӯем хато намекунем. Ифрод ҳам калимаи арабӣ буда, маънои луғавиаш ҷудо кардани касе ё чизе аз касон ё чизҳои дигар, ба фардҳо ҷудо кардан, танҳо кардани чизе мебошад. Яъне ифроту ифрод ҳамон бухл ва ҳасад аст, ки мегӯему медонем. Бахилону ҳасадхӯрон наметавонанд бароҳат бихобанд. Ширинии ҳаёти худро намебинанд. Ҳасадхӯр аз иттиҳоду дӯстию рафоқат рӯй метобад, сулҳу оромиро намехоҳад. Аз ҳама камбудӣ меҷӯяд. Нотавонбин аст ҳасуд. Ҳама медонад, ки одам бе камбудӣ намешавад. Вале аз зери нохун чирк кофтан ба ҳасадхӯр хос аст. Донишманде гуфтааст, ки: «дунёро тавре бояд дид, ки ҳаст». Мо, ҷавононро, лозим меояд, ки вокеъбин бошем, сиёҳро аз сафед фарқ намоем. Барои дарки ин воқеият маърифат бояд дошт, маърифати ҳуқуқӣ. Донишу ҷаҳонбинии васеъ ба ҷавонон имкон медиҳад, ки роҳи дурустро интихоб намоянд, аз роҳи ғалат баргарданд. Дар Ватани мо ҳамаи дину мазҳабҳо мувофиқи қонунҳои амалкунанда ҳуқуқи мавҷудияти баробарро доранд. Тарғиби хусумату бадбинии мазҳабӣ мамнӯъ эълон шудааст.
Мо, ҷавонон, дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳо маърифати ҳуқуқии хешро тақвият бахшида, дар ободу зебо гардондани Тоҷикистони азизамон даст ба дасти ҳам медиҳем, намегузорем ваҳдати саросарии кишварамон халалдор гардад.

Дилшод ҚОДИРЗОДА,
коромӯз - муфаттиши прокуратураи
ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.11.2014    №: 214    Мутолиа карданд: 655

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед