logo

ҳуқуқ

САНАДИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

Азизмуҳаммад ХОЛМУҲАММАДЗОДА,
раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва
ташкили кори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 ноябри соли 1994 дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи муҳими таърихӣ сабт гардида, он ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад. 20 сол қабл нахустин Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Қонуни асосии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид, ки он бо назардошти манфиатҳои олии миллат ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар асосҳои сохтори конститутсионӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ, ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии Маҷлиси Олӣ, Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳокимияти маҳаллӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, суд ва прокуратураро муайян намуд.
Басо рамзист, ки таҷлили имсолаи Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 20 - солагии қабули ин санади сарнавиштсози миллат рост меояд. Бинобар ин, месазад зикр намоем, ки дар таърихи давлатдории худ мо бори нахуст дар раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии миллат ва тамоми сокинони кишварро қабул намудем.
Қабули Сарқонуни мо таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби тамоми неруҳои зеҳнии ҷомеа дар заминаи таҷрибаву дастовардҳои инсоният дар роҳи бунёди ҷомеаи демокративу адолатпарвар, бо назардошти манфиатҳои олии ҷумҳурӣ ва сокинони он, анъанаҳои қадимаи таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои хоси миллиамон сурат гирифт.
Конститутсия халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон эълон намуд, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморид, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кард ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи сокинони Тоҷикистон муайян намуд. Инчунин, Конститутсия дар мувофиқа бо Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мамлакатро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуда, муайян кард, ки ҷумҳурии мо ба ҳар як шахс шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Сарқонун ба сифати забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикиро муайян намуда, ҳамзамон муқаррар кард, ки забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқи аз забони модариашон озодона истифода бурданро доранд.
Конститутсия бори аввал халқи Тоҷикистонро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намуда, муқаррар кард, ки дар Тоҷикистон халқ ҳокимияти давлатиро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ҳуқуқи аз номи тамоми халқи Тоҷикистон сухан гуфтан фақат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи онҳо мансуб дониста, ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашавандаву дахлнопазир эълон гардид.
Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ манъ гардида, муқаррар карда шуд, ки соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ муайян карда, ҳамзамон муқаррар карда шуд, ки мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф карда шавад.
Кафолат дода шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд, қонун ё дигар санади ҳуқуқии дар мухолифат бо Сарқонун буда, эътибори ҳуқуқӣ надорад.
Конститутсия бори нахуст санадҳои ҳуқуқии байналмилалиеро, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии мамлакат эътироф намуда, муқаррар кард, ки дар сурати номувофиқатии қонуни ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии Тоҷикистон эътирофнамуда, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
Дар тафовут аз конститутсияҳои шӯравӣ, Сарқонун шаклҳои гуногуни моликиятро асоси иқтисодиёти Тоҷикистон эътироф намуда, эълон кард, ки давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.
Ба инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳои васеъ дода, бори аввал инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ аз давлат боло гузошта шуд. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии ӯ дахлнопазир эълон гардида, эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби давлат кафолат дода шуд.
Яъне, тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 апрели соли 2014, «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр намуданд: «Сарқонуни кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд».
Сарқонун ба шахс татбиқи ҳуқуқҳои ӯро кафолат дода, муқаррар намуд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Возеҳ нишон дода шуд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ гардида, онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд. Ҳаёт, қадр, номус, озодӣ, шаъну шараф ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон, ки ба ҳаёти шахсии ӯ алоқаманд мебошанд, дахлнопазир ва маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқу озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста шуд.
Сарқонун занонро бо мардон баробарҳуқуқ, ҳамаро дар назди қонун ва суд баробар эътироф намуда, мушаххас гардонд, ки давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳои баробарро кафолат медиҳад.
Мутобиқ ба Эъломияи ҳуқуқи умумии башар ҳуқуқи фитрии инсон - ҳуқуқ ба зиндагӣ кафолат дода шуд ва дар ин замина, бо ноил гардидан ба сулҳи комил, бо ташаббуси инсондӯстонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 15 июли соли 2004, таҳти № 45 «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» дар Тоҷикистон татбиқи ҷазои қатл боздошта шуд. Шиканҷа, ҷазо, муносибати ғайриинсонӣ, озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ нисбат ба инсон манъ карда, ба шахс кафолати ҳифзи судӣ дода шуд ва муқаррар гардид, ки ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд. Дар ин замина, бе асоси қонунӣ дастгир ва ҳабс кардани шахс манъ гардида, ба шахс ҳуқуқи истифода аз ёрии адвокат аз лаҳзаи дастгир шудан дода шуд.
Гунаҳгор дониста нашудани шахс то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят муқаррар, принсипи бегуноҳӣ эътироф ва мусодираи пурраи молу мулки шахси маҳкумшуда манъ карда шуд. Дар тафовут аз конститутсияҳои шӯравӣ, маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахсро кафолат дода, дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ карда шуд.
Бо додани ҳуқуқ ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ба шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъ-иятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва шахсони мансабдор вазифадор карда шуданд, ки ба шахс имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд. Ба шахс ҳуқуқ дода шуд, ки муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян кунад, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, бо хоҳиши худ дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.
Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ бо роҳи иштироки онҳо дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ихтиёран ба онҳо дохил шудан ва аз онҳо хориҷ гардидан кафолат дода шуд. Инчунин, ба шаҳрвандон ҳуқуқи ширкат варзидан дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш ва раҳпаймоии осоишта дода шуда, ҷалби маҷбурии дигарон ба ин тадбирҳо манъ гардид.
Озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода, сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид, таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ гардиданд. Сарқонун бекор ва маҳдуд кардани ҳуқуқи шахсро ба моликият манъ карда, муқаррар намуд, ки давлат молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пурраи молу мулк метавонад гирад.
Конститутсияи мо ба шахс, новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқ ба ташкили оила, меҳнат, таҳсил, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ, манзил, истироҳат, ҳифзи саломатӣ, ёрии тиббии ройгон, таъмини иҷтимоӣ, озодона ширкат варзидан дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ, истифода кардан аз дастовардҳои онҳо ва дигар ҳуқуқу озодиҳоро дода, ҳамзамон, татбиқи бевоситаи ҳар яке аз онҳоро кафолат дод. Бинобар ин, Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқии нодири дорои принсипҳои асосии ҷомеаи адолатпарвар, демократӣ ва ҳуқуқбунёд эътироф гардида, ҳангоми таҳияи конститутсияҳои дигар давлатҳо ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқӣ истифода мегардад, ки ин мояи ифтихор ва фахри ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, боварии комил дорем, ки ҳамватанони мо тамоми фаъолияти худро ба он равона мекунанд, ки ҳар як меъёри Конститутсия мувофиқи таъйиноти хеш дар ҳаёт татбиқ гардад, худ иштирокчии фаъоли бунёди ҷомеаи адолатпарвар, давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошанд.
Тамоми ҳамватанонро бо 20 - солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, барояшон сиҳативу саломатии бардавом, рӯзгори осуда, осмони соф ва фарзандони инсондӯсту ватанпарварро орзумандем.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.11.2014    №: 214    Мутолиа карданд: 496

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед