logo

ҳуқуқ

САНАДЕ, КИ ИНСОНРО ДАР МАРКАЗИ АРЗИШҲО ҚАРОР ДОДААСТ

Бахтиёр АБДУРАҲМОНЗОДА,
судяи суди ноҳияи Фирдавсии
шаҳри Душанбе

Дар саҳифаи таърихи замони соҳибистиқлолии кишвар 6 ноябри соли 1994 бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Дар  ин рӯзи таърихӣ аввалин маротиба дар таърихи давлатдории навини тоҷикон Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, яъне  бевосита аз ҷониби худи халқ бо дарки масъулияти баланд дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда қабул шуд.

Ин санади ифодагари азму иродаи мардум роҳи минбаъдаи рушду такомули Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян намуд. Ба шарофати он ҷаҳониён Ватани моро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи сиёсати дарҳои кушода ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд.
Ба гуфтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, «Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад». Аз ин хотир, ҳар як сокини кишвар бояд кӯшиш ба харҷ диҳад, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунофари тоҷик эҳтиром кунад ва ҳамеша аз рӯи меъёрҳои он зиндагӣ ва амал намояд. 
Ин ҳуҷҷати муҳим Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуд. Он бузургтарин дастоварди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии халқамон дар марҳалаи ҳозираи инкишофи ҷамъият мебошад. Тоҷикистониён соҳиби рамзҳои давлатии худ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардиданд. Муҳимтар аз ҳама, мувофиқи моддаи 1-и Конститутсия Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Дар асоси моддаи 5-и Сарқонуни кишвар инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ин нукта дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он хотир таъкид шудааст, ки таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ онро собит намудааст. Ҳамзамон, қонуни асосии кишвар дар моддаи 14 эълон доштааст, ки мазмуну муҳтавои ҳамаи дигар қонунҳоро ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ташкил медиҳанд. Яъне, дар маркази арзишҳо гузоштани инсон маънии дар атрофи он муттаҳид намудани ҳамаи арзишҳои дигарро дорад. Касе, мақомоте ва ё санади меъёрии ҳуқуқие ба хотири ягон манфиат наметавонад ҳуқуқу озодиҳои инсонро маҳдуд ё поймол намояд, зеро Сарқонун инсонро дар маркази арзишҳо қарор дода, онро аз дигар муносибат ва падидаҳо болотар гузоштааст.
Бояд гуфт, ки бо қабули Конститутсия дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Дар натиҷаи ду ислоҳоти конститутсионӣ аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар порлумони касбии доимоамалкунанда, такмили мақомоти иҷроия ва сохтори иқтисодии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи мустақилияти мақомоти судӣ, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ ва дигар ниҳоду андешаҳои демократӣ ба Сарқонун ворид гардиданд. Дар ҷараёни ташаккули низоми нави иқтисодӣ қонунҳо ва санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ қабул шуданд, ки муносибатҳои нави иқтисодиро таҳти танзим қарор дода, ҳамоҳангсозии манфиатҳои бахшҳои давлатӣ ва хусусиро ба роҳ монданд.  Тибқи Конститутсия дар Тоҷикистон ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид ва ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ оғоз ёфт. Дар ин замина нахустин бор дар кишвар Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ, Шӯрои адлия таъсис ёфтанд. Бо мақсади таъмини мустақилияти судяҳо муҳлати ваколати онҳо даҳ сол ва синни пешниҳод ба вазифа то 65 муқаррар шуд.
Дар моддаи 84-и Сарқонун омадааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд». Яъне фаъолияти ҳокимияти судӣ дар асоси Сарқонуни кишвар ба роҳ монда шуда, ягон мақоми дигар ё шахсони ҳуқуқӣ ба зиммаи худ гирифтани таъмини татбиқи адолати судиро надоранд. Аз ин лиҳоз, мустақилияти ҳокимияти судӣ чун рамзи адолат ва обрӯву нуфузи он дар ҷомеа ба сатҳи омодагии касбии судяҳо дар мавриди доварии софдилонаи онҳо ба нафъи инсон, ҷомеа ва давлат вобаста аст.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.11.2014    №: 215    Мутолиа карданд: 531

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед