logo

ҳуқуқ

МАҲБУСОН БА ОЗОДӢ БАРОМАДАНД

Ба идораи рӯзнома хабар доданд, ки рӯзи 3-юми ноябр озод намудани маҳкумшудагон аз муассисаи ислоҳии занонаи шаҳри Норак оғоз мегардад. Ҳанӯз субҳ надамида, ба назди бинои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир шудем. Аллакай автобусу мошинҳо омодаи сафар буданд.

Ба тирагии ҳаво ва борони шадид нигоҳ накарда, ҳама рӯҳбаланд ва шоду масрур ба назар мерасиданд.
Воқеан, ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» воқеаи хеле фараҳбахш аст. Бахшидани гуноҳ, инсондӯстӣ ва раҳму шафқат аз бузургтарин хислатҳои инсонист.
Дар назди муассисаи ислоҳии шаҳри Норак волидону хешу ақрабои маҳкумшудагон ҷамъ омада буданд. Борон ҳам истоду хониши рӯҳнавози паррандагон ба гӯш расид. Гӯиё онҳо низ ба шодиву хурсандии ҷамъомадагон шарик буданд. Ҳақиқатан манзараҳои атрофи муассиса хеле зебову дилписанданд. Чанде нагузашта Иззатулло Шарифов, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант, ҳозир шуд. Ӯ ҳозиронро ба муносибати фарорасии 20 - солагии Сарқонун ва бо ташаббуси Президенти мамлакат ба имзо расидани Қонуни авфро табрик гуфта, иброз дошт, ки ҳоло 170 нафар фарзанду хешу ақрабои шумо ба озодӣ мебароянд. Садоҳои ташаккуру арзи сипос ба Сарвари давлат дар байни ҳозирон баланд шуд. Волидон Моҳшариф Зарифова аз ноҳияи Панҷ, Ҳусейн Шерматов аз шаҳри Ваҳдат, Дӯстмурод Валиев аз ноҳияи Фархор ва дигарон ба Президенти мамлакат самимона аҳсану ташаккур мегуфтанд. Чун вориди маҳбас шудем, Иззатулло Шарифов маҳбусонро ба муносибати озод шуданашон муборакбод гуфта, бо насиҳати падарона ва бародарона онҳоро ба зиндагии бошарафона, ба пиндору гуфтор ва кирдори нек, тарбияи хуби фарзандон, садоқат ба Ватан ва саҳм гузоштан ба рушду шукуфоии Тоҷикистони азизамон ҳидоят кард.
Зимни суҳбат ҷавонзане худро Сурайё Сафарова муаррифӣ карда, иброз  дошт, ки бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур 12 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
-Шабу рӯз фикр мекардам, ки наход 12 соли ҳаётамро дар паси панҷара гузаронам. Худойро шукр мекунам, ки бо ташаббусу дилсӯзии Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз озодӣ насиби мо, занону модарон гардид.
Мо ин рӯзи саидро дер боз интизор будем ва ба дидори волидайну фарзандонамон мерасем ва аз самими қалб ба Сарвари давлат миннатдории худро баён мекунем. Мо шаҳрвандон мефахрем, ки чунин роҳбари бузург ва ғамхору дилсӯз дорем. Ман ду соли ҳаётамро дар паси панҷара гузарондам ва 10 солашро бахшиданд, - гуфт ӯ.
Иззатулло Шарифов ба чор ҷавонзане, ки дар бағал кӯдакони дустрӯй ва дар даст хати озодӣ доштанд, ишора карда гуфт, ки барои модарону кӯдакон дар ин ҷо шароити хеле хуб вуҷуд дорад. Ростӣ, рангу рӯи кӯдакону модарон, ки тандурусту шукуфо ба назар мерасиданд, гувоҳи гуфтаҳои генерал буд ва худи занон инро тасдиқ карданд.
-Ман ин рӯзро дер боз интизор будам. Ба Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккур мегӯям, - бо ҳаяҷон кӯдакашро ба синааш ҷафс карда, гуфт Штрейфер Валерия, бо лаҳни хуши тоҷикӣ. Назар ба гуфтаи мавсуф, бо ҳукми суд 5 сол аз озодӣ маҳрум гардида, мувофиқи қонун  3 солу ду моҳаш авф шудааст.
Духтаре рӯяшро бо варақаи озодӣ ва шиносномааш пӯшонда, нахост  номашро гӯяд. Ӯ ба пурсишҳои Иззатулло Шарифов ва мо - хабарнигорон ҷавоб дод, ки бо ҳукми суд 13 сол маҳрум  аз озодӣ шуда, ба муҳлати 11,5 сол аз идомаи иҷрои ҷазо озод гаштааст.
Чун дарвозаро кушоданд, озодшудагонро волидону ақрабояшон ба оғӯш кашида, аз хурсандӣ гиря мекарданду ашки шодӣ мерехтанд. Хандаҳои гиряолуд, изҳори шукру сипос ва шодиву ғиреви онҳо ба ҳар бинанда таассуроти амиқ мегузошт. Ҳамаи онҳо ба автобусҳо савор шуданд. Мо бо Илҳом Маҳмудов, муовини сардори сарраёсат ва Азимзода Толибхон, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ба муассисаи ислоҳии сукунати 3/10 шаҳри Ваҳдат омадем. Дар он ҷо 440 нафар озодшудагон саф кашида буданд.
Иззатулло Шарифов онҳоро низ табрик гуфта, таъкид кард, ки дигар ба ин ҷо барнагарданд.
Нурулло Баротов, маҳбус, зимни суҳбат гуфт, ки бо ташаббуси одилонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20- солагии Сарқонун Қонуни авф ба тасвиб расид, ки мо ин рӯзро дер боз интизор будем. Ман ба муҳлати 8 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум шуда будам ва 4 солу 2 моҳашро авф карданд. Мо ба қадри авфи эълонкардаи Президенти мамлакат мерасем ва минбаъд ба рушду нумӯи Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузорем. Дар муассисаи тарбиявии ноболиғон 58 нафар саф кашида, ҳар яке дар даст дастовез - туҳфа дошт. Сардори сарраёсат ба онҳо насиҳати падарона дода, таъкид кард, ки илму дониш омӯзанду мутахассисони варзида шаванд, ба халқу давлат ва кишвари хеш хизмати сазовор намоянд.
Яке аз онҳо бо номи Баракатулло Аъзамов иброз дошт, ки «бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 5 сол, аз 26 декабри соли 2013, дар муассисаи тарбиявӣ адои ҷазо менамоям. Имрӯз  бо ғамхории Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Қонуни авфро имзо кард, ба озодӣ мебароям. Ман хато кардам, аз оғуши волидон дур афтодам ва сидқан пушаймонам. Ваъда медиҳам, ки дигар ба хатоӣ роҳ намедиҳам. Ба гуфтаҳои падару модар ва Президенти мамлакат содиқ мемонам ва ба Ватани худ хидмати сазовор мекунам.
Сипас, ба муассисаи ислоҳии рақами 1, шаҳри Душанбе омада, шоҳиди ба озодӣ баромадани 100 нафар маҳбусон ва мулоқоти онҳо бо волидону зану фарзанд ва наздиконашон гардидем.
Аксарияти онҳо зимни вохӯрӣ, ки моҳҳову солҳо аз ҳам ҷудо буданд, ашки шодӣ мерехтанд.

Мунаввари САФАР,
Душанб - Норак - Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.11.2014    №: 215    Мутолиа карданд: 640

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед