logo

ҳуқуқ

КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН

Абдулҳафиз АШӮРЗОДА,
муовини аввали раиси суди
шаҳри Душанбе

Аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бист сол сипарӣ мешавад. Ин санади олии ҳуқуқӣ, ки ифодагари манфиатҳои олии миллату Ватан, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмингари истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва фаъолияти муназзами мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад, барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи воқеӣ гузошт.

Баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ бевосита аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон қабул гардидани Сарқонун, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон симои кишвар ба куллӣ дигаргун гашт. Дар ин муддат дар саросари мамлакат корҳое анҷом дода шуданд, ки садсолаҳо дар орзуяшон будем. Бунёди иншооти ҳаётан муҳим, мисли нақбҳои «Истиқлол», Шаҳристон, Шар - Шар, «Хатлон», неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», шоҳроҳҳои Душанбе - Айнӣ- Истаравшан- Хуҷанд- Бӯстон- Чанак, Душанбе - Саритош, Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб- Хоруғ-Кулма, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, садҳо муассисаи таъйиноти гуногун маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати созандаи сарвари муаззами кишвар ба мо муяссар гашт.
Бо қабули Сарқонун дар низоми судии кишвар низ тағйирот ворид гашт. Аз ҷумла, тағйиру иловаҳои бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 22 июни соли 2003 ба Конститутсия воридгардида ва ба муҳлати аз 5 то 10 сол зиёд кардани муҳлати ваколати судяҳо яке аз принсипҳои конститутсионии таъмини мустақилият ва таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ буда, барои баланд бардоштани нақшу мавқеи он дар ҷомеа ва татбиқи адолати иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Тибқи талаботи моддаи 3-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳифз менамояд.
Дар моддаи 84-и Конститутсия дар бораи коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ маълумоти муфассал дарҷ гардидааст. Бояд гуфт, ки дар ҳайати суди шаҳри Душанбе коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ фаъолият мекунад, ки аз ҳафт нафар судя иборат мебошад. Коллегияи судӣ парвандаҳои гражданиро ба сифати суди марҳалаи якум, ба тариқи кассатсионӣ аз рӯи шикоятҳои хусусӣ ва эътирозҳо баррасӣ намуда, таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил ва масъалаҳоеро, ки қонун ба салоҳияти ӯ гузоштааст, ҳаллу фасл менамояд.
Вазифаҳои мурофиаи судии гражданӣ аз дуруст ва саривақт баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои гражданӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи шаҳрвандон (шахсони воқеӣ), шахсони ҳуқуқӣ, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони дигар, ки субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, меҳнатӣ, оилавӣ, манзил, замин ва дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошанд, иборат аст. Мурофиаи судии гражданӣ ба таҳкими адолат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунад.
Ҳар шахси манфиатдор тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии судии гражданӣ барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии вайронгардида ё мавриди баҳс қарордоштаи худ, ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ дорад. Аз ин рӯ, судяҳои коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ доимо саъю кӯшиши худро ба таъмини қонунияту адолат, дуруст ва якхела татбиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилотҳо ва давлат равона мекунанд.
Таҷрибаи фаъолияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ мунтазам ҷамъбаст, натиҷаи он дар коллегия ва раёсати суди шаҳри Душанбе таҳлил мешавад, ки чунин тарзи кор ба беҳтар гардидани сифати баррасии парвандаҳо мусоидат мекунад.Судяҳои коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар конфронсу ҳамоишҳо, мизҳои гирд ва дигар мулоқоту вохӯриҳо, ки бо ташаббуси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди шаҳри Душанбе ва дигар созмонҳои байналмилалӣ гузаронда мешаванд, фаъолона иштирок намуда, дар ташвиқу тарғиби Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда нақши бориз мегузоранд.
Хулоса, тамоми дастовардҳое, ки тӯли бист соли амали Конститутсия насиби мардуми мо гардидаанд, бо итминони комил метавон гуфт, натиҷаи хирад ва заковати азими халқи Тоҷикистон мебошанд. Зеро маҳз бо иродаи аксари мутлақи мардуми ин сарзамини куҳанбунёду шукуфо имрӯз кишвари моро дар ҷаҳони муосир ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд ва демокративу иҷтимоӣ эътироф мекунанд ва мавқеи онро ҳангоми ҳаллу фасли масоили умдаи байналмилалӣ ба инобат мегиранд. Минбаъд низ иродаи шикастнопазири халқамон моро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаи стратегӣ раҳнамун сохта, меҳру муҳаббати ҳар як сокини мамлакатро ба ин санади тақдирсоз ва тавассути он ба Ватану ватандорӣ, худшиносию ифтихори миллӣ боз ҳам тақвият мебахшад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 5.11.2014    №: 215    Мутолиа карданд: 570

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед