logo

ҳуқуқ

ФАЗОИ КОМИЛ ҲУКМФАРМОСТ

Ҳотам НАЗАРЗОДА,
прокурори нақлиёти Тоҷикистон,
мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3


Бо фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 380 л, аз 10 феврали соли 1992, прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ва ҳамзамон дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон низ прокуратураҳои нақлиётӣ таъсис шуданд.
Кормандони мақомоти прокуратураи нақлиётӣ дар ҳама давраҳо барои таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар соҳаҳои ба онҳо вобасташуда бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ кору фаъолият намуда, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, давлат, ташкилоту корхонаҳоро, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, ҳимоя кардаанд.
Фаъолияти мақомоти прокуратураи нақлиёт дар давраи нобасомониҳои солҳои 1992-1997 баҳри таъмини қонуният, пешгирии ҷинояткорӣ, ба ҷавобгарӣ кашидани ашхоси ҷиноятпеша хеле назаррас мебошад. Дар ин солҳо ҷиноятҳои вобаста ба содироти ғайриқонунии нахи пахта ва маҳсулоти аввалиндараҷаи алюминий хеле зиёд гардида, ба манфиатҳои иқтисодии кишвар таҳ-дид менамуданд. Дар натиҷаи фаъолияти самараноки мақомот ин падидаи номатлуб тадриҷан аз байн бурда шуд.
Бо Фармони Прокурори генералӣ таҳти №1/143, аз 27  ноябри  соли 1997, «Дар бораи  ташкили  фаъ-олияти  прокуратураи нақлиёти Тоҷи-кистон оид ба  мустаҳкам  намудани қонуният  ва  пурзӯр  намудани мубориза бо ҷинояткорӣ дар нақлиёт» номгӯи корхонаю ташкилоти зериназоратии прокуратураҳои  нақлиётӣ муайан карда шуд.
Дар давраҳои минбаъда низ кормандони мақомоти прокуратураи нақлиёт баҳри таъмини назорати дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунгузории амалкунанда дар корхонаву ташкилотҳои тобеи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷикистон» тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Чораҳои андешида зоеъ нарафтанд. Бе зиёд  намудани  миқдори  санҷишҳо  ва ҳуҷҷатҳои эътиноии   прокурорӣ натиҷаҳои омории фаъолияти мақомоти прокуратураи нақлиёт хеле афзуда, ҳамзамон вазъи қонуният ва сатҳи ҷинояткорӣ дар соҳаҳои ҳифзи моликияти давлатӣ, сиҳатии аҳолӣ, бехатарии ҳаракати қаторҳо, парвози тайёраҳо, бекористии вагонҳо, мусофир ва боркашонӣ, андозу гумрук, фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунии маъмурӣ ва ғайра беҳтар гардида, дар корхонаву муассисаҳои зериназоратӣ тадриҷан тартибу низоми муайян ба вуҷуд оварда шуд.
Вақтҳои охир бекористии қаторҳо боиси нигаронӣ гардидааст, ки  дар натиҷаи он ба вазъи молиявии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зарари калони моддӣ расонда  мешавад. Дар ҳамин ҷо аз вазъи ногувори транзити қаторҳои бор ва мусофиркашонӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар хотиррасон шудан бамаврид аст, ки ҳамчунин боиси расондани зарари моддию маънавӣ ба манфиатҳои соҳибкорон, шаҳрвандони алоҳида ва худи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» гардидааст.
Мушкилоти дигаре, ки ҳамчунин мақомоти прокуратураи нақлиёти кишварро ба изтироб меорад, ин ба таври сунъӣ камчин кардани чиптаҳои ҳавопаймо ва роҳи оҳан, баланд шудани нархи онҳо, инчунин худсарона ва бар хилофи талаботи қонунгузории амалкунанда ҷорӣ намудани ҳар гуна тарофаҳои чандирӣ дар ин самт мебошад. Ҳамин аст, ки дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ҳамасола нисбат ба ашхоси ҷиноятпеша шумораи зиёди парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳои фиреби истеъмолкунандагон, қаллобӣ, баромадан аз ваколатҳои мансабӣ ва ғайра оғоз карда мешаванд. Маҳз дар натиҷаи чораҳои қатъии андешидаи прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар мушкилоти дастрас намудани чипта хеле кам гардид.
Дар солҳои 2009-2010 бинобар иҷрои Нақшаи  стратегии хусусигардонии корхонаҳои  миёнаю калон ва реструктуризатсияи субъектҳои монополияи табиӣ ва корхонаҳои  махсусан калон барои солҳои 2003-2007, ки бо қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 175, аз 3 апрели соли  2007, тасдиқ гардидааст, КВДҲ «Тоҷик-Эйр» реструктуризатсия карда, назорати прокурорӣ асосан ба таъмини қонуният ҳангоми иҷрои ин амал равона шудааст. Дар натиҷаи реструктуризатсияи КВДҲ «Тоҷик-Эйр» ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Тоҷик-Эйр», «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», «Фурудгохи байналмилалии Қӯрғонтеппа», «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия» таъсис дода шуданд. Мақомоти прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ҷараёни аз нав ташкилдиҳии корхонаҳои номбурдаро назорат карда, тақсимоти одилонаи активҳо ва уҳдадориҳо, рӯёндани қарзҳои дебиторӣ, пардохт шудани бақияпулиҳои андозро аз тарафи онҳо таъмин намудаанд.
Дар давраҳои минбаъда мақомоти прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ба назорати иҷрои қонунгузории замин диққати махсус дода, нисбат ба ашхосе, ки ғайриқонунӣ заминҳои нақлиётро ишғол намуда, дар онҳо ҳар гуна иншоот бино намудаанд, чораҳои дахлдор андешида, қонуниятро дар ин самт таъмин намуданд. Санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳои зиёди риоя нашудани талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №43, аз 26 январи соли 2008, «Дар бораи ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ гузарондани фу-рудгоҳҳои хатҳои ҳавоии маҳаллӣ»  -ро ошкор намуданд.   Тибқи  ин қарор 28 адад фурудгоҳи маҳаллии КВДҲ «Тоҷик Эйр» ба ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти дав-латӣ гузаронда шудааст. Солҳои охир зиёда аз 90 гектар замини ғайриқонунӣ ишғолшуда, аз ҷумла  дар фурудгоҳҳои маҳаллии ноҳи-яҳои Панҷ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Рашт, Тоҷикобод, Айнӣ, Исфара ва ғайра ба ҳолати аввала баргардонда шуданд.
Мақомоти прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон ба баррасии муроҷиат ва арзу шикояти шаҳрвандон, риояи қонунгузории мазкур дар корхонаҳои зериназоратӣ диққати махсус медиҳанд, зеро тибқи Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардидаанд. Дар давраҳои аввали ба ин масъала рӯй овардани мақомоти прокуратура риоя нашудани одитарин талаботи қонунгузорӣ, аз ҷумла мавҷуд набудани китобҳои сабти арзу шикоятҳо, муҳлатҳои тӯлонӣ баррасӣ нагардидани муроҷиатҳо, беасос рад кардан  ошкор мегаштанд, ки ин камбудиҳо низ пурра  бартараф  шуданд.
Масъалаи дигаре, ки боиси ташвиши мусофирон ва арзу шикояти онҳо гардида буд, дер омадан ё  гум   шудани бору бағоч, аз тарафи ашхоси мутасаддӣ нодуруст ба расмият даровардани ҳолатҳои мазкур мебошад, ки шумораи он ҳарчанд нисбат ба се-чор соли охир кам шуда бошад ҳам, ҳанӯз ҷой дорад. Масалан, муайян шудааст, ки дар соли 2010 танҳо дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» теъдоди чунин муроҷиатҳо зиёда аз 570 ададро ташкил додааст. Дар давраи сипаригардидаи соли 2014 бошад, ба фурудгоҳи Душанбе 328 муроҷиат ворид шуда, аксари онҳо ҳалли мусбати худро пайдо карданд.
Як мушкилоти ҷиддии дигар, ки дар фаъолияти фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, ширкатҳои ҳавоӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ ба назар мерасид, бо гуноҳи онҳо аз фурудгоҳҳои давлатҳои таъйинотӣ  радди марз шудани шаҳрвандони кишвар маҳсуб мегардид, ки ҳамасола бо ин ҷурм ҳуқуқу манфиатҳои садҳо нафар поймол гардида, ба онҳо зарари моддию маънавӣ расонда мешуд. Дар натиҷаи чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ минбаъд ҳангоми фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо ва роҳи оҳан ба дурустии техникии шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ ва хориҷӣ, манъ набудани вуруди шаҳрвандон ба давлатҳои қабулкунанда эътибор дода, ҳолатҳои маҳз бо ҳамин ҷурм радди марз (депортатсия) шудани шаҳрвандон коҳиш ёфт.
Мақомоти прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон дар самти иҷрои қонунгузории андоз ва гумрук низ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Ҳоло аксари корхонаҳои зериназоратӣ  ва ширкатҳои тиҷоратие, ки ба воридот ва содироти борҳо ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ машғул ҳастанд, андозҳо ва боҷу хироҷи гумрукиро дар муҳлатҳои муқарраршуда пардохт мекунанд. Бо вуҷуди ин, бо чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ ҳамасола ба манфиати буҷети давлат маблағҳои калон, аз ҷумла, танҳо дар нимсолаи аввали соли 2014 зиёда аз 12 миллион сомонӣ барқарор карда шуд.
Кормандони мақомоти прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон, дар баробари иҷрои вазифаҳои асосӣ, яъне таъмини назорати прокурорӣ, инчунин ба корҳои илмию таҳқиқотӣ, тарғибу ташвиқи қонунгузории амалкунанда, ба низом даровардани кори китобхонавӣ низ эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Масалан, ба эҳтимоми сардори шуъбаи назорати умумии прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон Саъдулло Қаюмзода як силсила асарҳои илмӣ - оммавӣ, аз ҷумла таҳти таҳрири Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шерхон Салимзода тафсирҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъ-ёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» таҳия ва нашр шуданд. Асарҳои мазкур барои тарғибу ташвиқи қонунҳо дар соҳаҳои муҳими мубориза бар зидди коррупсия, матбуот ва озодии сухан нақши барҷаста доранд. Аз ҷониби муаллифи ин сатрҳо  китоби «Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба нақлиёти роҳи оҳан» таҳия гардида, ба дасти нашр супурда шудааст.
Кормандони мақомоти прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз истиқлоли Ватани азиз тамоми тадбирҳоро меандешанд, то дар як соҳаи мушаххаси иқтисоди кишвар, яъне нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ фазои комили қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳукмфармо гардад ва он барои рушди бемайлони соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа мусоидат намояд. 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.11.2014    №: 216 - 217    Мутолиа карданд: 738

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед