logo

ҳуқуқ

КАФИЛИ ОЗОДИИ СУХАН

Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
унвонҷӯи ДДҚ ба номи Носири Хусрав,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад… Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.
Моддаи 30-и Конститутсия


Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Тибқи муқаррароти Сарқонун, давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, манзил, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад.
Озодии иттилоот, сухану андеша ва матбуот се рукни асосии озодии воситаҳои ахбори омма аст. Кафолати муҳимтарини озодии иттилоъ манъи сензура асту ҳуқуқ ба озодии афкор ва баён. Ба андешаи мо, ҳар сеи ин муҳимтарин рукнҳои озодии ВАО ва ҷомеаи демократӣ дар моддаи 30-и Конститутсия, ки «ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад», возеҳ ифода ёфтааст.
Давлат риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии воситаҳои ахбори оммаро таъмин менамояд. Ба хотири таҳкими озодии сухан ва фаъолияти бемонеаи воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон силсилаи қонунҳо қабул шудаанд, ки ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро таъмину танзим мекунанд. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи реклама»,  «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», инчунин консепсия ва барномаҳои давлатӣ, амру фармонҳои Президенти кишвар, аз ҷумла «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» барои таъмини муқаррароти Қонуни асосии кишвар, ки озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоотро кафолат медиҳад, қабул шудаанд. Дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», аз 19 марти соли 2013, зикр шудааст, ки матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд. Ҳар шахс ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида ва дар шаклҳои бо ҳамин қонун муқарраршуда паҳн намудани онҳоро дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дорад.
Дар банди сеюми ҳамин моддаи қонун таъкид шудааст, ки «ҳама гуна поймол кардани озодии матбуоти даврӣ ва дигар  воситаҳои ахбори омма аз ҷониби шахс, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, аз ҷумла дахолат кардан ба фаъолияти касбии редаксияи воситаи ахбори омма, ғайриқонунӣ боздоштан ва ё қатъ намудани фаъолияти он тибқи қонунгузорӣ боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегарданд». 
Қонуни матбуот ҳамзамон сензура ва таъқиб барои танқид, ҳамчунин инҳисори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаро мамнӯъ медонад, ки ин нукта аз Сарқонуни кишвар маншаъ мегирад.
Дар ҳамин ҳол, озодии матбуоту гуногунандешӣ низ танҳо дар чаҳорчӯб ва бо риояи қонун бояд сурат бигирад ва набояд аз он суистифода шавад, то суботи ҷомеа халалдор нагардад. Тавре ки дар банди дуюми моддаи 30-и Конститутсия зикр шудааст: «таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст». Бо такя ба ин банди Сарқонуни кишвар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки 19 марти соли гузашта аз ҷониби Президенти мамлакат ба имзо расидааст, воситаҳои ахбори оммаро барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда масъул медонад. Бар асоси моддаи 6-уми қонуни мазкур, интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ ё ахбори дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин маводи порнографиро таблиғ ва ташвиқ мекунад, манъ аст.
Дар ҳамин ҳол, қобили зикр аст, ки ба хотири таъмини ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба гирифтани иттилоот аз тариқи воситаҳои ахбори омма, қонуни матбуот (моддаи 28) ба журналистон ҳаққи ҷустуҷӯ, дастрас, таҳрир ва интишори ахборро додааст. Журналист ҳамчунин ҳуқуқ дорад, ки вобаста ба иҷрои вазифаи журналистӣ бо шахсони мансабдор ҳамсуҳбат шавад, ҳама гуна далелро, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникии аудиовизуалӣ, асбобҳои кино ва аксбардор сабт намояд, бо нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ дар маҳалҳои махсус муҳофизатшавандаи офатҳои табиат, садама, маҳалҳои бетартибӣ ва ҷойҳои ҷамъшавии шаҳрвандон, инчунин дар маҳалҳое, ки дар онҳо вазъи фавқулода эълон шудааст, дар гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳо ҳузур дошта бошад, барои ройгон дастрас намудани  иттилоот тавассути дархости журналистӣ вобаста ба иҷрои вазифаҳои касбӣ ба ҳуҷҷатҳои расмӣ дастрасӣ дошта бошад. Журналист аз ҳуқуқҳои дигаре ҳам истифода мебарад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
Давлат ҳамчунин фаъолияти қонунии касбии журналистонро таъмин мекунад. Барои монеъ шудан ба ин фаъолият Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 162) ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол пешбинӣ кардааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик, 10 марти соли 2012, фаъолияти озоди воситаҳои ахбори оммаро яке аз нишонаҳои асосӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ унвон кард ва гуфт, ки «озодии андеша ва назари интиқодӣ ба рӯйдодҳо бисёр камбудиҳоро ошкор менамоянд ва боиси пешравӣ мегарданд». Ба андешаи ӯ, танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад. Аммо Сарвари давлат дар идомаи суханаш таъкид кард, ки расонаҳои хабарӣ набояд тамоюли низоъангезӣ, маҳалгароӣ, тафриқаандозӣ, таҳқири шахсиятҳои хизматнишондодаро пеш гиранд ва даъват намуд, ки ВАО аз чопи маводе худдорӣ намоянд, ки боиси рӯҳафтодагӣ ва навмедии мардум гардида, вазъи ҷомеаро ноором месозанд.
Ба андешаи инҷониб, агар се омили таъмингари озодии баён, яъне ҷасорат, касбият ва риояи одобу ахлоқи касбӣ шиори кори журналистон ва ВАО-и тоҷик шавад, онҳо ҳеҷ мушкиле бо қонун нахоҳанд дошт.
Ҷойи шубҳа нест, журналистони тоҷик низ, чун тамоми халқи Тоҷикистон, «худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, …бунёди ҷомеаи адолатпарвар»-ро вазифаи худ қарор додаанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.11.2014    №: 216 - 217    Мутолиа карданд: 1125

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед