logo

ҳуқуқ

ПОЯИ СУЛҲУ ОСОИШ МУСТАҲКАМ АСТ

Миллати тоҷик дар олами фарҳангу адаб мақому манзалати чашмрас ба даст овардааст. Бузургони ин миллати куҳанбунёд дар рушду нумӯи илмҳои ҷудогона саҳми беназир доранд. Асари ҷовидонаи Низом-ул-мулк «Сиёсатнома», ки сарманшаи улуми ҳуқуқу низоми давлатдорӣ маҳсуб меёбад, китоби рӯимизии ҳар як ҳуқуқшинос ва сиёсатмадор аст. Ин асари безаволи сиёсиву ҳуқуқӣ то ба имрӯз зиёда аз 300 маротиба ба табъ расида, қариб ба 120 забони дунё тарҷума шудааст.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз намунаҳои беҳтарини сарқонунҳои демократӣ эътироф шуда, дар даврони истиқлолият барои равнақи корҳои созандагӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Мардуми сарбаланди тоҷик калиди дари иқболи худро дар эҷоду бунёди сохтмонҳои азими ҷумҳурӣ тасаввур намуда, дар ин ҷода корҳои назаррасеро анҷом доданд, ки маҳак ва ҷавҳари он озодии томи шаҳрвандӣ ва рушди устувори марҳала ба марҳалаи ҷомеаи демократии Тоҷикистонро бозгуӣ менамояд. Ин далел низ гувоҳи он аст, ки Сарқонуни кишвар ҳимоятгари ҳуқуқу озодии шаҳрвандон буда, дар назди қонун ва суд баробар будани ҳамаро кафолат  медиҳад.
Хушбахтона, дар Конститутсия, ки рамзан шиносномаи миллат ном гирифтааст, барои зиндагии осоиштаи мардум заминаи мусоид фароҳам омадааст. Ҳар сокини Тоҷикистон барои зиндагии арзанда ҳақ дорад ва касе наметавонад ҳуқуқу озодии шаҳрвандонро поймол намояд. Эъмори давлати ҳуқуқбунёд кори саҳл набуда, заҳмату ҷоннисории зиёдеро тақозо менамояд. Таъмини ҳастии миллат дар ин замони пуртазод кори ниҳоят душвор аст. Пас ҳар шахси ватандӯст вазифадор аст, ки барои ободии Ватан талош намояд ва муқаддасоти меҳанашро азиз бидонад.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар худ принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ эътироф ва эълон намуд. Дар баробари ин дар Конститутсия муҳимтарин масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис ва салоҳияти мақомоти олии давлатӣ, сохтори маъмурӣ-ҳудудии давлат, салоҳияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян шуданд. Бо ин хусусияти худ Конститутсия дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, қонуну дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд дар асоси меъёрҳои он қабул карда шаванд.
Принсипи мазкур имкон медиҳад, ки дар ҷомеа фазои ягонаи ба ҳам алоқаманд ва ихтилофнопазири ҳуқуқӣ арзи вуҷуд дошта бошад, ки он дар навбати худ барои пешрафти босуръати ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шароити заруриро муҳайё созад.
Имрӯз аз ободию шукуфоии кишвари азизам меболам ва бо ифтихор мегӯям, ки пояҳои сулҳу ваҳдат дар ин сарзамини ҳамешабаҳор мустаҳкам гашта, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон такягоҳ ва пуштибони ҳамаи мо - тоҷику тоҷикистониҳост.

Содир ҚОСИМӢ,
муовини аввали раиси шаҳри Исфара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.11.2014    №: 216 - 217    Мутолиа карданд: 808

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед