logo

ҳуқуқ

ЧАРОҒИ РАҲНАМО

- Эҳтирому риоя ва иҷрои якхелаи меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳар шаҳрванди банангу номуси Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Ин матлабро Шерхон Салимзода, Прокурори генералии ҷумҳурӣ, рӯзи 4 ноябр зимни баргузории конфронси илмию амалӣ дар Прокуратураи генералӣ баён намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки «Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ба ҷомеаи башарӣ эълон намуд, ки ҷонибдори эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, баҳри ҳифзи дастовардҳо ва камолоти он тамоми кӯшишро ба харҷ дода, таъмин, ҳимоя ва такмили манфиатҳои миллии хешро ҳадафи аслии худ қарор дода, метавонад дар ҳама ҳолат ин арзишҳоро ҳифз кунад».
Дар ҳамоиш, ки бо ҳузури доираи васеи кормандони Прокуратураи генералӣ ҷараён гирифт, бори дигар таъкид гардид, ки сарчашмаҳои меҳварии қонуни асосии кишвар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро мавриди баҳрабардорӣ пешниҳод намудааст, ки аввалин маротиба дар таърихи таълифи қонунэҷодкунии давлат ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф кардааст.
Дар ҳамин ҳол Прокурори генералӣ таъкид намуд, ки барои ҳифзи арзишҳои Конститутсия ва таъмини иҷрои меъёрҳои қонунгузории амалкунанда мақо-моти прокуратура бо дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар ҳамкории бевосита қарор дошта, баҳри пешгирии ҷиноятҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус ҷавонон чораҳои заруриро татбиқ месозад.
Бори дигар таъкид гардид, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд меҳвари аслии меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз 100 моддаи он 36 модда бевосита ба ин масъала бахшида шудааст.
Ҳамчунин дар конфронси илмию амалӣ дигар кормандони мақомоти прокуратура баромад карда, ҷанбаҳои таърихи ташаккули Конститутсия ва аҳамияти он, нақши назорати прокурорӣ дар татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро матраҳ карданд.

Фирӯзи РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.11.2014    №: 216 - 217    Мутолиа карданд: 697

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед