logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ: МАФҲУМ ВА МОҲИЯТИ ОН

Истилоҳи «Конститутсия» ҳанӯз дар Рими қадим маълум буд. Дар замони сохти ҷамъияти феодалӣ мазмуни он тағйир ёфта, муносибатҳои ба сохтори марзӣ-давлатӣ алоқамандро танзим менамуд. Аввалин конститутсияҳо дар натиҷаи ғалабаи инқилоби буржуазӣ ва ба сари ҳокимияти давлатӣ омадани синфи нав дар Амрико - соли 1787, Фаронса - соли 1791 ва Лаҳистон - соли 1791 таҳия ва қабул шудаанд.

Мувофиқи мазмунашон меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳолати ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, вазъи ҳуқуқии мақомоти давлатиро аз рӯи таҷзияи ҳокимият, тартиби ташкилёбӣ ва фаъолияти онҳо мустаҳкам менамоянд. Меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ аз меъёрҳои қонунҳои одӣ ба он фарқ мекунанд, ки онҳо ба маънои васеашон усул ва шаклҳои баамалбарории ҳокимияти давлатиро муқаррар ва таҳким мебахшанд. Гузашта аз ин, меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ ба талаботи ҳаёти ҷомеа алоқаманд буда, ба устувории Конститутсия замина мегузоранд.
Қувваи олии Конститутсия дар маҷмӯи хусусиятҳои ҳуқуқии он ниҳон аст, ки онҳо дар якҷоягӣ мавқеи ин санадро дар низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ муайян менамоянд. Конститутсия на фақат қонуни асосӣ, балки санади махсуси ҳуқуқиест, ки бо эътибори олии ҳуқуқии худ аз дигар қонунҳо фарқ мекунад. Ҳеҷ як қонуни дигар бо эътибори ҳуқуқии худ ба он баробар шуда наметавонад.
Конститутсияи ҳоло амалкунандаи мо хусусиятҳои махсуси худро дорад. Дар он хусусиятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, миллӣ, сиёсӣ, таърихӣ, динӣ ва ғайра инъикос ёфтаанд. Дар як вақт барои ҳамаи конститутсияҳо хусусиятҳои умумӣ хос мебошанд.
Якум. Ҳамаи конститутсияҳо дар ин ё он шакл соҳибихтиёрии халқро эълон мекунанд. Дар моддаи 1-и Сарқонун Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардида, дар моддаи 6 омадааст, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Бо меъёрҳои худ ҳуқуқи консти-тутсионӣ сохтори конститутсионии Тоҷи-кистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр мустаҳкам намуда, ба халқ тааллуқ доштани ҳокимияти давлатиро муқаррар мекунад. Маҳз халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё тавассути ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ба амал мебарорад.
Самти асосии давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимиятдории халқ буда, сохти конститутсионии он, пеш аз ҳама, бояд ба мардум тааллуқ доштани ҳокимияти давлатиро таъмин намояд. Ҳокимиятдории халқ ба шаклҳои гуногун, аз ҷумла ба воситаи гузарондани раъйпурсии умумихалқӣ ба амал бароварда мешавад, ки ташкил ва баргузории онро меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ ба танзим медароранд.
Дувум. Тамоми конститутсияҳо моликияти хусусиро мустаҳкам менамоянд. Давлати Тоҷикистон принсипҳои сохтори демократиро риоя намуда, дар моддаи 12 дар баробари дигар шаклҳои моликият фаъолияти озоди моликияти хусусиро кафолат додааст. Конститутсия ба ин меъ-ёр муносибатҳои иқтисодӣ, бозорӣ, гуногуншаклии моликият ва хоҷагидориро муқаррар намуда, инчунин ҳуқуқи конститутсионии муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим даровардааст, ки онҳо низоми иқтисодии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ба воситаи муайян кардани фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ барои ҳамаҷониба инкишоф ёфтани онҳо кафолат медиҳад. Ҳуқуқи конститутсионӣ бо роҳи муайян намудани муносибатҳои ба низоми иқтисодии ҷамъият алоқаманд-асоси моддии ҳокимиятдории халқро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муайян мекунад.
Сеюм. Дар конститутсияи давлатҳо принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд. Ҳадду ҳудуди таҷзияи ҳокимиятро Конститутсия (дар моддаи 9) ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
Чорум. Тамоми конститутсияҳо мутаносибан шакли идоракунии давлатҳоро муқаррар ва таҳким мебахшанд. Дар моддаи 100-и Конститутсия омадааст: «Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд». Аз ин муқаррарот бармало муайян мегардад, ки Конститутсия шакли идораи давлатро ҷумҳурӣ муқаррар намудааст.
Панҷум. Конститутсияҳо шакли сохтори давлатиро муайян ва муқаррар менамоянд. Конститутсияи мо принсипи ягонагии давлатро муқаррар карда, дар моддаи 7 нишон додааст, ки ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад. Инчунин меъёрҳое, ки сохти марзӣ-давлатии Тоҷикистонро ба танзим дароварда, вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохти марзию маъмурии Тоҷикистонро муайян менамоянд, аз шакли сохтори ягонаи давлатӣ дарак медиҳанд.
Шашум. Ҳамаи конститутсияҳо дар ин ё он шакл озодиҳои демократии шаҳрвандонро муқаррар ва эълон менамоянд.
Боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, асосҳои ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба онҳо додани ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсӣ, ҳуқуқи иштироки шаҳрвандонро дар идоракунии корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва муносибатҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад, ки асоси ҳуқуқӣ пурра ҳокимияти халқро ташкил медиҳад.
Ҳафтум. Яке аз хусусиятҳои умумии Конститутсия ин муқаррар кардани принсипи ташкили низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва танзими тартиби фаъолияти онҳо ба шумор меравад. Ба ин дохил мешаванд: вазъи ҳуқуқии Сарвари давлат, Ҳукумат ва порлумон, ки онҳо дар бобҳои 3,4 ва 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассуми худро ёфта, зимнан принсипи асосии ташкилёбӣ ва салоҳияти онҳо нишон дода шудааст.
Маҷмӯи масъалаҳое, ки ҳуқуқи конститутсионӣ онҳоро ба танзим медарорад, хеле бисёр ва гуногун мебошанд. Дар конститутсияҳо меъёрҳое, ки равандҳои муҳими сиёсӣ, монанди интихобот, раъйпурсӣ ва қонунгузориро ба танзим медароранд, ҷой дода шуда, муносибатҳо вобаста ба сиёсати хориҷӣ, ҳифзи Ватан, муҳити зист, ёдгориҳои таърихӣ ба танзим дароварда мешаванд.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷум-ҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ асоси ҳуқуқии давлат буда, мувофиқи хусусияти сиёсии худ ҳуҷҷати муттаҳидсозандаи тамоми мардуми ватани азизамон-Тоҷикистон ба шумор меравад. 

Исмоил МИРМАХСУМИЁН,
судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон,
подполковники адлия      


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.11.2014    №: 216 - 217    Мутолиа карданд: 1115

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед