logo

ҳуқуқ

БА ҚАДРИ СУЛҲУ СУБОТ БИРАСЕМ

Саидмаҳмуд Саидҳомид,
сардори шуъбаи ҳуқуқ, умумӣ ва назорати КВД
«Хоҷагии манзилию коммуналӣ»

Баъди соҳибистиқлолӣ ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона оғоз намуд, ки ин амал дар он рӯзҳои ноором кори осон набуд. Гурӯҳҳое буданд, ки мақсад доштанд пеши роҳи рушду такомули давлати навбунёдро гирифта, ҳокимияти қонуниро ғасб ва давлати тоҷиконро пора-пора кунанд. Маҳз ба ҳамин сабаб Сарвари давлат дар яке аз музокироташ бо роҳбарияти собиқ Иттиҳоди мухолифин дар сарзамини Афғонистон иброз намуда буд, ки: «Ё ҳар ду тараф ба ҳам меоему ба халқамон сулҳу осоиш меорем ё мо ҳамчун афроди миллаткуш дар таърихи халқи тоҷик боқӣ мемонем». Ин суханон, ки аз замири поки Президенти ҷавони Тоҷикистон баромада буданд, бе таъсир намонданд.

Ниҳоят баъди музокироти тӯлонӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари собиқ Иттиҳоди мухолифин ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, воқеан, дар саҳифаҳои сабақомӯзу дурахшони миллати тоҷик бо ҳарфҳои зарин навишта шуда, дорои тиннати поку сулҳпарвар, фарҳанги сиёсӣ ва заковати баланд будани мардуми тамаддунофари моро нишон дод. Ҳоло ин таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун намуна аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ омӯхта шуда истодааст.
Бешак, нақши Президенти мамлакат дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, ба Ватан баргардондани гурезаҳо, амнияту осоиштагии ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон, рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар, пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёту коммуникатсия басо боризу мондагор аст.
Аввали соли 2014 бо Нурмуҳаммади Файз, корманди афғонтабори фабрикаи пойафзолдӯзии шаҳри Душанбе, суҳбате доштем. Ӯ гуфт, ки бо мақсади дастрас намудани заҳрхимикатҳо ба Туркия, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва сипас ба Афғонистон рафта, ба наздикӣ баргаштааст. Аз ӯ дар бораи амну суботи дар ин кишварҳо ва тафовути онҳо аз Тоҷикистони имрӯза пурсидам. Вай дар посух гуфт, ки: «Амнияту суботеро, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳаст, дар ягон давлати дигари сафаркардаам надидам. Дар шаҳри Душанбе хоҳ шаб мегардӣ, хоҳ рӯз касе ба ту кор намегирад. Дар Покистону Афғонистон бошад, вазъ дигар аст. Имконияти зинда монданатро касе кафолат намедиҳад. Дар дигар давлатҳои номбаркардаам низ амният на дар он сатҳ аст, ки дар Тоҷикистон ба мушоҳида гирифтаам».
Рӯзе бо як рафиқи деринаам, ки дер боз надида будам, вохӯрдам. Ӯ ба ман нақли ҷолибе кард. Гуфт, ки падараш баъди даргириҳои дохилӣ солиёни дароз ба шаҳр намебаромад. Як рӯз ӯро маҷбур ба мошин шинонда, сӯи пойтахт ҳаракат кардем. Дар рӯ ба рӯи ҳайкали Исмоили Сомонӣ аз шафати Боғи устод Рӯдакӣ падарам аз мошин фаромаданду бо ҳайрат ба ман нигариста пурсиданд:
-Писарам, маро куҷо овардӣ?
Гуфтам:
-Падарҷон, Шуморо ба ҷойи пешинаи ҳайкали Ленин овардам. Дар ин ҷо ҳоло муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, бунёдгузори давлати Сомониён қомат афрохтааст.
Падарам ба ин тарафу он тараф нигариста, боз суол доданд:
-Дар он тараф, дар ҷойи фаввораҳо як манзили исти-қоматии чорошёна, каме поинтар хонаҳои якқабатаи бенури беморхона мавҷуд буданд. Кай ҳамаи онҳоро бардошта, ин гуна иморатҳои бузургро сохтанд?
 -Охир, Шумо беш аз понздаҳ сол аст, ки ба ин тарафҳо наомадаед. Ана, дар ҳамин муддат ҳамаи ин иморату фаввораҳоро сохтанд. Ба он тараф нигаред, ин Парчами давлатии мост, ки зебо парафшонӣ дорад.
Падарро ба тамошои Боғи устод Рӯдакӣ даъват намудам. Аз тамошои боғ, тозагии гулгаштҳо, гулҳои рангоранг, гиёҳҳои ғарқи гул ва дарахтони ҳамешасабзу ороишии боғ ҳаловат бурданд. Шукрона карданд, ки ба шарофати тинҷиву амонӣ Ватани азизамон - Тоҷикистон обод ва мардумаш шод аст. Воқеан, ба шарофати сиёсати хирадмандонаву созандаи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сулҳу субот пойдор ва ин сарзамини аҷдодӣ ба биҳиште дар рӯи замин монанд шудааст.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита аз ҷониби халқ қабул шуда, азму ирода ва мақсаду мароми сокинони кишварамонро таҷассум менамояд ва эътимоди онҳоро ба волоияти қонун бештар мегардонад. «Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳифз мегарданд», - сабт шудааст дар моддаи 14-и Сарқонун. Маҳз Конститутсия кишвари азизи моро ба ҷаҳониён ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидаанд. Дар Сарқонуни кишвар барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки 29 октябри соли 2014 таҳти №1130 аз ҷониби Президенти кишвар имзо шуд, наздик ба даҳ хазор нафар авф мешавад. Ҳар шахси ба ҳаёти осоишта баргашта, бояд дар андешаи ҳаёти хушу хуррам бошад ва рӯзгори худро дар доираи меъёрҳои Сарқонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда пеш барад. Чунки ҳаёт ба инсонҳо як маротиба дода мешавад ва мо бояд тавре рафтор намоем, ки барои фардои фарзандону пайвандонамон ибратбахш бошад. Ба қадри сулҳу субот, рӯзгори хуш, табиати биҳиштосо, ки Парвардигор ба мо арзонӣ додааст, бирасем ва саъй намоем, ки ба манфиати ҷомеа кори хайру савобе анҷом диҳем.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.11.2014    №: 216 - 217    Мутолиа карданд: 734

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед