logo

ҳуқуқ

БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, ҳуқуқҳои меҳнатии аъзои худро ҳимоя ва дар таҳияи барномаҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон, бастани созишномаю шартномаҳои меҳнатӣ фаъолона ширкат меварзад.

Дар ҳоли ҳозир федератсия дар ҳайати худ 20 кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, 3 шӯрои вилоятӣ, 14 ҳазор ташкилоти ибтидоиро бо теъдоди 1,5 миллион узв фаро мегирад. То қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ҷумҳуриявии иттифоқҳои касаба тибқи моддаи 104-и Қонуни асосии пештараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси қонунгузорӣ дошта, дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ фаъолона иштирок менамуданд. Вале ин маънои онро надорад, ки федератсия ва кумитаҳои он ҳоло дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нақш намебозанд. Тайи солҳои охир порлумони кишвар бо иштироки бевоситаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, кумитаҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳуриявии соҳавӣ ва Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоятӣ, якчанд санад, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба», «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ», «Дар бораи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Инчунин, ба кодексҳои меҳнат, манзил ва дигар санадҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.
Федератсия, кумитаҳои ҷумҳуриявии иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, шӯроҳои иттифоқҳои касабаи вилоятӣ тибқи талаботи Конститутсия ва дигар қонунҳо якҷо бо ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқ, корфармоён масъалаи сари вақт пардохт намудани қарзи музди меҳнат ва аз байн бурдани онро зери назорат қарор доданд. Дар анҷуману раёсатҳои федератсия ва иттифоқҳои касабаи соҳа, маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касабаи корхонаю муассисаҳо масъалаи дар муҳлати муайяншуда пардохт намудани музди меҳнат ва қарзҳои музди меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифта, корфармоён вазифадор шуданд, ки ба ин масъалаи муҳими сиёсию иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд. Танҳо дар ду соли охир, бо дахолати нозирони ҳуқуқи меҳнат ва дигар мутахассисони иттифоқҳои касаба якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ наздик ба 7 миллион сомонӣ қарзи музди меҳнат баргардонда шудааст.
Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда, ин масъалаи муҳим ҳанӯз ҳалли пурраи худро наёфтааст. Қарздории музди меҳнат дар соҳаҳои барқ, кишоварзӣ, сохтмон ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ҳоло ҳам ҷой доранд. Ба андешаи мо, барои бартараф намудани қарздорӣ аз музди меҳнат бояд бо иштироки Прокуратураи генералӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дигар ниҳодҳои дахлдор ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон комиссияи босалоҳият ташкил намуда, тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Фаъолияти бахши ҳифзи иҷтимоии мардум барои амалӣ гардондани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нигаронда шудааст. Ҳар сол бо роҳхатҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ҳазорҳо маъюб, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва кормандони корхонаю муассисаҳо дар санатория ва осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ истироҳат намуда, саломатиашонро барқарор менамоянд. Бо вуҷуди ин, талаботи мардум бо сабаби нарасидани маблағ пурра қонеъ гардонда намешавад. Мутобиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон ба зиммаи федератсия вогузор шудааст. Танҳо дар ду соли охир қариб 700 ҳазор нафар фарзандони аҳли меҳнат ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд. Дар мавсими тобистонаи соли 2014 дар ҷумҳурӣ 4116 адад лагеру мавзеъҳои истироҳатии мактаббачагон фаъолият намуданд.
Кормандони иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ба масъалаи муроҷиати шаҳрвандон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Дар ду соли охир кормандони дастгоҳи федератсия зиёда аз 5 ҳазор шаҳрвандро қабул намуда, 400 аризаи хаттиро баррасӣ ва ба онҳо ҷавобҳои ҳуқуқӣ гардонданд. Тасмим гирифтаем, ки бо тарҳрезии барномаҳои мушаххас ҷашни миллӣ-20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз гирем.

Муродалӣ СОЛЕҲ,
раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.11.2014    №: 216 - 217    Мутолиа карданд: 824

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед