logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ - ЗАМИНАИ РУШДИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ

Маҳмад РАҲИМЗОДА,
директори Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

Дар замони муосир бо сабаби сиёсишавии ҳаёти ҷамъиятӣ ҷанбаи сиёсии ҳуқуқ аҳамияти махсус пайдо менамояд. Сиёсати ҳуқуқӣ барои таъмини ҳуқуқии соҳаҳои афзалиятноки давлатдории муосир, аз ҷумла рушди демократия, барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, такмили қонунгузорӣ ва амалияи татбиқи он, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳияи чораҳои зиддикоррупсионӣ, пурзӯр намудани ҳифзи ҳуқуқи инсон ва кафолати он, бартараф намудани нигилизми ҳуқуқӣ равона карда  мешавад.
Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воситаи муҳими азнавсозии ҷомеа дар доираи фазои конститутсионӣ амалӣ мегардад. Вай ҳамчун қисми таркибии сиёсати умумидавлатӣ дар замони истиқлолият роҳ ва мазмуни худро куллан тағйир дода, ба воқеияти мавҷудаи замони муосир рӯ овард, мақсад ва вазифаҳояш дигаргун гардиданд. Конститутсия барои ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ фазои ҳуқуқии заруриро муҳайё намуд ва дар ҳамин замина нақши воситаҳои ҳуқуқиро (меъёрҳои ҳуқуқ, шартнома, ҷавобгарӣ, муҷозот) дар амалӣ намудани сиёсатҳои зикршуда баланд бардошт. Рушди муносибатҳои навини ҷомеа, аз ҷумла воридшавӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, зарурияти барпо намудани механизми нави танзими ҳуқуқиро дар кишвар тақозо намуд ва мо тавонистем, ки чунин механизмро барпо намоем.
Бояд гуфт, ки сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон ҳамчун қисми таркибии сиёсати умумидавлатӣ буда, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати ҷумҳурӣ, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вакилон, муассисаҳои илмӣ таҳия мешавад. Дар ташаккули сиёсати мазкур ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳаракатҳо, иттиҳодияҳо, олимон, инчунин шаҳрвандон на бевосита, балки ба воситаи ниҳодҳо ва воситаҳои ахбори омма фаъолона иштирок менамоянд. Нақши муҳимро дар ҷараёни сиёсати ҳуқуқӣ мақомоти судӣ, прокурорӣ, тафтишотӣ, ҳуқуқтатбиқнамоӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ҳуқуқиҷрокунанда мебозанд.
Вобаста ба рушди кишвар ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994, бо тағйиру иловаҳои минбаъда сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон марҳала ба марҳала инкишоф ёфт. Дар Конститутсия меъёрҳои зиёде ҳастанд, ки дурнамо, стратегияи инкишофи қонунгузорӣ ва дар шакли умум принсипҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамоянд. Ҳамзамон асосҳои дар мамлакат ташаккул ёфтани ҷомеаи шаҳрвандӣ (моддаи 8), дар бораи гуногуншаклии моликият, озодии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ дар меъёрҳои Конститутсия мустаҳкам карда шудаанд (моддаи 12). Конститутсия инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ, инчунин бисёрҳизбӣ ва баробар будани ҳизбҳою иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар назди қонун эътироф намуд (моддаҳои 8, 28). Бояд зикр намоем, ки дар боби 2 Конститутсия доираи васеи ҳуқуқ ва озодиҳои шахсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии инсон ва шаҳрвандон мустаҳкам шудааст, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мебошанд.
Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 2, моддаи 14) ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимиятӣ судӣ таъмин мегарданд. Яке аз қисматҳои муҳими сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон таъмини самараноки фаъолияти низоми ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб меравад. Вай инъикоси худро дар Конститутсия дар шакли таҷзияи ҳокимияти давлатӣ меёбад. Принсипи мазкур дар (моддаи 9) Конститутсия дар шакли зерин ифода меёбад: “Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад”. Муқаррароти мазкур дар бобҳои дахлдори Конститутсия, ки ҳолат ва салоҳияти Маҷлиси Олӣ (боби 3), Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (боби 4), Ҳукумат (боби 5), Ҳокимияти маҳаллӣ (бобҳои 6,7), Ҳокимияти судӣ (боби 8) таҷассуми худро ёфта, гувоҳи бо роҳи конститутсионӣ мустаҳкам кардани модули ба худ хоси Ҷумҳурии президентӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Қобили зикр аст, ки барқарор намудани давлати ҳуқуқбунёд бе ҳокимияти судии мустақил ва фаъолияти ҳуқуқҳифзнамоии он имконнопазир мебошад. Тибқи Конститутсия (моддаи 84) ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ карда мешавад. Мурофиа бо тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад (моддаи 88). Конститутсия салоҳият ва тартиби ташаккули Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро (моддаҳои 84-92) муайян менамояд. Ҷиҳати дигари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани масъулияти тарафайни давлат ва шаҳрванд дар назди ҳамдигар мебошад. Тавре ки дар қисми 3, моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, давлат на танҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф мекунад, балки уҳдадор аст, ки онҳоро риоя ва ҳифз намояд. Ҳамзамон давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои кишварро риоя ва иҷро намоянд (моддаи 10). Агар ба шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида зарари моддӣ ва маънавӣ расонда шавад, ин зарар бояд аз ҳисоби онҳо мувофиқи қонун рӯёнда ё ҷуброн карда шавад (моддаи 32). Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад (моддаи 21).
Ҳамзамон бояд зикр намоем, ки ҷаҳонишавии муносибатҳои ҷамъиятӣ ба сиёсати ҳуқуқии ҳамаи давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон бетаъсир намемонад. Чунин ҳолат аз мо талаб менамояд, ки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои миллӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар муносибатҳои байналмилалӣ низ ба роҳ монда шавад. Асоси онро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудани санадҳои байналмилалӣ ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва дар ҳолатҳои мутобиқат накардани қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда бартарӣ додан ба меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ (моддаи 10) ташкил медиҳад. Бинобар ин, мо бояд проблемаҳои асосии инкишофи низоми ҳуқуқии худро бо назардошти талаботи дохилидавлатӣ ва дастовардҳои умумибашарӣ дар соҳаи муносибатҳои ҷамъиятӣ ба роҳ монем. Устуворӣ ва пойдории модели конститутсионии давлатдории мо аз сиёсати самараноки ҳуқуқӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, дар асоси принсипҳо, меъёрҳо, механизмҳо ва муқаррароти Конститутсия рушд ёфтани давлатдории навини тоҷикон бақои миллат ва кафолати пойдории давлатамон мебошад.
Ҳамин тавр, сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси консепсияҳо ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқ амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҷавонон” (9 апрели соли 1997), Консепсияи инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (19 феврали соли 2011), Консепсияи сиёсати ҳуқуқи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2 ноябри соли 2013), як қатор барномаҳои давлатӣ оид ба соҳаҳои гуногуни қонунгузорӣ, аз ҷумла ҷиноятӣ, маъмурӣ, молиявӣ, гражданӣ, соҳибкорӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, байналмилалӣ, мурофиаи гражданӣ, иқтисодӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд. Бояд зикр намоем, ки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрами замони муосир ба ҳисоб рафта, барои рушди давлатдории муосири тоҷикон аҳамияти хоса дорад. Вақти он расидааст, ки Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати умумие, ки ҳамаи ҷанбаҳои инкишофи ҳуқуқии ҷамъиятро фаро гирад, таҳия ва қабул гардад. Консепсияи мазкур на танҳо рушди қонунгузории Тоҷикистон, балки дигар сарчашмаҳои ҳуқуқии кишварро, аз ҷумла одатҳо ва шартномаҳо, инчунин масъалаҳои танзими ҳуқуқӣ, амалияи ҳуқуқтатбиқсозӣ ва проблемаҳои инкишофи таҷрибаи ҳуқуқӣ, илмӣ ва тарбияву омӯзиши ҳуқуқиро бояд дарбар гирад. Сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон ҳамчун қисми таркибии сиёсати давлатдорӣ бояд барои рушди минбаъдаи демократия, барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд, болоравии сатҳи иқтисодиёт, беҳдошти соҳаи иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон равона шавад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.11.2014    №: 216 - 217    Мутолиа карданд: 816

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед