logo

ҳуқуқ

САҲМИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ТАҲИЯ ВА ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ

Маҳкам МАҲМУДЗОДА,
Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор

 Дигаргуниҳои куллии дар интиҳои қарни XX дар ҷаҳони мутамаддин бамиёномада, яъне дар замоне, ки ҷомеаи башарӣ ба ихтилофоти сиёсиву иҷтимоӣ ва низоми идоракунии ҷаҳонӣ ба тағйиротҳои азим рӯбарӯ гардида буд, роҳи рушду инкишофи давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро дигаргун сохт ва дар заминаи пошхӯрии ин иттиҳоди пурқувват дар харитаи ҷаҳон давлатҳои нави мустақил арзи ҳастӣ намуданд.
Дар ин масири таърихии ниҳоят мураккаб Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳое, ки акнун мустақил гардида буданд, дар вазъияти душвор қарор гирифт. Зеро дар ин айём дар натиҷаи ташаккули равандҳои ҷаҳонишавӣ, таъсиррасонии давлатҳои абарқудрат бобати паҳн кардани нуфузи хеш нисбат ба давлатҳои хурд эҳсос мешуд, ки ин ҳамзамон ба бархӯрди манфиатҳои давлатҳои бузург дар хусуси ба даст овардани яккаҳукмронӣ дар сайёра оварда расонд.
Ҳодисаҳои мураккаби сиёсии дар ҷаҳон баамаломада, ба Тоҷикистон низ, ки акнун нахустин қадамҳои хешро дар самти касби истиқлол мегузошт, таъсири манфӣ расонда, кишвар гирифтори низои дохилӣ гардид ва хатари аз байн рафтани давлати тоҷикон ба миён омад. Дар чунин вазъияти мураккаб мақсади ягонаи роҳбарияти ҳамонвақтаи кишвар аз вартаи нобудӣ раҳо сохтани миллат ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар маҳсуб меёфт. Ҳамагон ба хубӣ дарк мекарданд, ки ҳалли ин масъалаи муҳим танҳо тавассути ташкили мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла интихоби конститутсионии роҳбари нави сиёсӣ ва ҳарчи зудтар даъват намудани Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки он тақдири минбаъдаи давлату миллатро муайян намуд.
Дар иҷлосияи мазкур ба вазъи душвори сиёсӣ нигоҳ накарда, қарорҳои тақдирсоз қабул гардиданд ва бо масъулияти бузург тақдири минбаъдаи халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлол бар дӯши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Ва аз ин айём марҳалаи ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ натиҷаҳои муфид ба бор овард.
Баъд аз баргузории иҷлосия, 12 декабри соли 1992, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлати Тоҷикистон, бо Муроҷиатнома ба мардуми кишвар, ки ҳамчун барномаи стратегиву ҳадафманд барои ба эътидол овардани вазъи мураккаби сиёсии мамлакат ва рушди бонизоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нигаронда шуда буд, баромад намуданд.
Дар Муроҷиатнома, аз ҷумла зикр гардида буд, ки барои ҳар як давлати соҳибистиқлол масъалаҳои зерин ҳаётан муҳим мебошанд: нав кардани асосҳои қонунҳои Тоҷикистон, такмил додани онҳо бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, замина гузоштан барои бунёди давлати нав - давлати демократии ҳуқуқбунёд, таъсиси Артиши миллӣ, дифои сарҳади давлатӣ, ворид шудан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои ҷаҳон.
Ҷиҳати амалӣ намудани қарорҳои қабулнамудаи иҷлосияи таърихӣ ва дар амал тадбиқ кардани вазифаҳои дар Муроҷиатномаи Сарвари давлат ба мардуми кишвар овардашуда, ки дар заминаи онҳо Тоҷикистон акнун ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид мегардид, дар мамлакат ислоҳоти конститутсионӣ бо суръат идома дода шуда, зарурати ҳарчи зудтар қабул намудани Конститутсияи давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон, бо дарназардошти арзишҳои байналмилалӣ, ба миён омад. Зеро қабули Конститутсияи нави кишвар аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба шумор рафта, пешрафти ҷомеа ва ташкили сохтори нави ҳокимияти давлатӣ дар заминаи маҳз Конститутсия имконпазир буданд.
Зарурат ва муҳимияти қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бунёди давлатдории миллӣ Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон, 12 декабри соли 1992, таъкид намуда буданд. Аз ҷумла дар Муроҷиатнома иброз доштанд, ки: «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳукуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав - давлати демократии ҳукуқбунёд замина гузоштан лозим аст».
Маврид ба зикр аст, ки таҳия, баррасӣ ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар асл баъди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардида, ҳамчун натиҷаи татбиқи қарорҳои таърихии он сурат гирифта буд. Тавре ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, 19 ноябри соли 2012, иброз доштанд: «Иҷлосия дар инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод ва барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Зеро акнун роҳ ба сӯи сохтмони давлати демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёду дунявӣ муайян гардида, барои таъмини пурраи кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон шароити мусоид муҳайё гардида буд».
Бояд зикр кард, ки ғояи давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самти стратегии инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон барои тамоми давлатҳои ҷаҳон эълон гардид. Раиси ҳамонвақтаи Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми кори иҷлосияи таърихӣ мунтазам таъкид менамуданд, ки давлати Тоҷикистон ҷонибдори ҳамин ғояи таърихӣ мебошад. Аз ҷумла, дар «Изҳорот», аз 31 декабри соли 1992, таъкид намуданд: «Мо чандин маротиба гуфтаем ва боз такроран мегӯем, ки тарафдори сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошем ва ин усули пешакардаи мо мутобиқ ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад». Ғояи давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки бевосита аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҳадафи стратегии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон гардид, дертар дар лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардид.
Дар Иҷлосияи XVII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкил намудани комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид гардида, ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ ва ба таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия суръати тоза бахшида шуд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи олии яке аз гаронбаҳотарин арзишҳои умумибашарӣ - озодии инсон мебошад. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш таҳти унвони «Роҳи раҳоӣ аз буҳрони азими ҳамагонӣ», 19 марти соли 1993, таъкид намуда буданд: «Набояд фаромӯш кард, ки озодии инсон нахустзаминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд аст. Маҳз озодии инсон шаклу мазмуни соҳибихтиёрии миллӣ ва давлатиро муайян мекунад ва давлатҳо ҳамон вақт пешқадам қаламдод мешаванд, ки ба озодии инсон мадад расонанд».
Ҳайати комиссия таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шӯрои Олӣ, бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар барои ҳарчи зудтар таҳия намудани Конститутсия ва дар он ба инобат гирифтани арзишҳои пазируфтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили муҳимтарин принсипҳои демократӣ ва кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар як муддати начандон тӯлонӣ корҳои назаррасро анҷом дод. Тамоми ҷаласаҳои гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия дар мадди назар ва иштироки бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ҳар як таклифу пешниҳоди воридшуда аз нигоҳи назариявӣ ва амалии татбиқи он, ҷавобгӯ буданаш ба манфиатҳои миллӣ, таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини соҳибихтиёрии воқеӣ ва пешрафти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода мешуд.
Сарвари давлат як қатор хусусиятҳои аввалиндараҷаи Конститутсияи нави Тоҷикистонро муайян намуда, пешниҳодҳои муфидро манзур карданд, ки онҳо аз тарафи Комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи корӣ ба асос гирифта шуданд. Аз ҷумла се ақидаи асосӣ ва аввалиндараҷа, ки асоси фаъолияти Комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кории он мегарданд:
Якум, «Қонуни асосӣ моҳиятан ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мебошад. Дар айни замон Қонуни асосӣ умдатарин санади сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангию ахлоқӣ буда, бурду бохти кишварро дар зимни рушди миллӣ ва ҳам идеалҳои ҷомеаро инъикос мекунад».
Дуюм, «Конститутсия ҳуҷҷати ҳуқуқиест, ки иштироки бевоситаи мардумро дар интихоб кардани шакли ҳокимияти сиёсӣ, таъсис додану рӯйи кор овардани мақомоти олии давлатӣ ва ҳам масъулияти онро дар назди халқ ба чаҳорчӯбаи қонун медарорад».
Сеюм, «Қонуни асосӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро низ муайян намуда, доираи татбиқи онро танзим мекунад».
Илова бар ин, махсус таъкид мегардад, ки масъалаҳои зикршуда бояд бо дарназардошти шароити мушаххаси иқтисодӣ, иҷтимоию сиёсӣ, миллию мазҳабӣ ва фарҳангии кишварамон дар Конститутсияи нав сабт шаванд. Дар марҳалаи кунунии таҳаввули ҷамъиятамон бароямон вазифаи асосӣ ва муҳим барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.
Андешаи қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти шароити мушаххаси иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангии кишвари мо аҳамияти муҳими фарҳангӣ дошт. Ин андеша собит менамояд, ки конститутсияи ҳар як давлат хусусияти миллӣ дошта,
- якум, бо дарназардошти шароити маҳаллӣ қабул мешавад;
- дуюм, барои ифода ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мусоидат мекунад;
- сеюм, барои амалӣ гардидани меъёрҳои конститутсионӣ дар шароити мушаххаси таърихӣ кӯмак мекунад.
Дар арафаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун консепсияи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Ин консепсияи давлати тозабунёди Тоҷикистон бо дарназардошти шароити мушаххаси иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии ҷомеаи мо пешкаш шуда, айни замон сохтмони давлати миллии демократии ҳуқуқбунёд ва дунявиро дар шароити Тоҷикистон дар назар дорад. Консепсияи давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ, ки то ба имрӯз амалӣ мешавад, аз як тараф, арзишҳои умумипазируфтаи ҷомеаи ҷаҳонро пурра инъикос мекунад, аз тарафи дигар, шакли ифодаи манфиатҳои миллиамон мебошад.
Якҷоя бо консепсияи давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчунин консепсияи давлати иҷтимоӣ пешкаш мешавад. Таҷрибаи конститутсионии ҷаҳонӣ собит менамояд, ки давлати ҳуқуқбунёди демократӣ дар айни замон моҳияти иҷтимоӣ дорад ва дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ талош меварзад. Аз ин хотир, дар конститутсияҳои давлатҳои демократӣ ғояи давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ одатан дар бахши аввали конститутсияҳо сабт мешавад. Бо дарназардошти ҳамин таҷрибаи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунанд: «Мақомоти давлатӣ умедвор аст, ки консепсияи чунин давлат, ки онро мо идеали иҷтимоиямон медонем, дар бахшҳои аввали Конститутсияи нави Тоҷикистон ҷой хоҳад гирифт».
Эмомалӣ Раҳмон дар давраи омода намудани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намуда буданд, ки ҳуқуқҳои инсон бояд яке аз бахшҳои муҳими Конститутсияи навамон гардад. Сарвари давлат таъкид ба он доштанд, ки ҳуқуқҳои инсон масъалаи муҳим буда, «ҳоло дар маркази диққати ҷаҳониён, махсусан афкори умумии кишварҳои мутамаддин ва мутараққии дунё қарор дорад». Бо дарназардошти ҳамин нуктаи басо муҳим Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олӣ таъкид мекунанд, ки ҳифзи ҳуқуқҳои инсон «… яке аз рукнҳои муҳими Қонуни асосии Тоҷикистонро ташкил хоҳад кард».
Ҳамзамон, вобастагии ҳуқуқҳои инсон ва масъулиятшиносии инсон таъкид мешавад. Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кории онро ба чунин нуктаи муҳим ҷалб мекунанд, ки ҳар як инсон дар баробари доштани ҳуқуқҳояш дар айни замон дар назди ҷомеа ва давлат ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бояд дошта бошад. Ба гуфтаи Сарвари давлат: «Ҳуқуқи зистан, озодона фаъолият кардан (аз ҷумла фаъолияти сиёсӣ ва эҷодӣ), баробар будани ҳамагон дар назди қонун ва масъулиятшиносии иҷтимоии ҳар фард - ин ҳама нуктаҳое ҳастанд, ки дар Конститутсияи аксари давлатҳои ҷаҳон сабт шудаанд».
Амалӣ гардидани ҳуқуқҳои инсон аз шароити мушаххаси таърихии ҳар як кишвар, анъанаҳои миллию фарҳангии он вобастагӣ дорад. Ин нукта дар даҳсолаҳои охир, махсусан бо таъсири ҷаҳонишавӣ, аз ҷумла ворид гардидани фарҳанги ба мо «бегонаи» ҳуқуқҳои инсон бештар зоҳир мешавад. Ҳамин раванди амалӣ гардидани ҳуқуқҳои инсонро дар иртибот бо омилҳои фарҳангӣ ҳанӯз дар давраи омода намудани лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон дарк ва пешбинӣ намуда, Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олӣ, аз ҷумла таъкид намуда буданд: «Гап фақат дар сари татбиқи амалии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандҳост, ки вобаста ба шароити мушаххаси ҷомеаҳои инсонӣ, суннатҳои таърихию маънавии кишвар, сатҳи рушди фарҳанги сиёсии мардум сурат мегирад».
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар арзишҳои умумибашарӣ, аз ҷумла гуногунии сиёсӣ сабт мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала чунин нуктаи басо муҳимро таъкид карданд: «Табиист, ки давлати тозабунёди тоҷикон, агар он аз қатори давлатҳои мутараққӣ ва мутамаддин ҷой гирифтанӣ бошад, бояд аз арзишҳои умумибашарӣ пуштибонӣ кунад. Гуногунандешии сиёсӣ аз ҷумлаи чунин арзишҳост, ки мо онро қабул дорем».
Зимни таҳияи Конститутсия дигар масъалаи муҳим, ки аз ҷониби Сарвари давлат ҳамеша пайгирӣ карда мешаванд, ин тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳои он, фаҳмондани мазмуну муҳтавои Сарқонун ба аҳолии кишвар мебошад. Дар ин самт бо ташаббуси Сарвари давлат корҳои зиёде ба сомон расида, муаллифи ин сатрҳо, бо ҷалби ҳуқуқшиносон, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ, мутахассисони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар зиёда аз панҷоҳ барномаи телевизионӣ иштирок ва ба мардум ҳар як меъёри моддаи Конститутсияро фаҳмонд.
Дар маҷмӯъ, аз ҷониби аҳолии кишвар ба лоиҳаи Конститутсия зиёда аз ҳаштуним ҳазор таклифу дархост пешниҳод гардида, онҳо мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуданд. Тавре дар суханронии Сарвари давлат дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 июли соли 1994, зикр мешавад: «Дар тӯли зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳа бештар аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон ба Шӯрои Олӣ ворид шуд». Вобаста ба ин Сарвари давлат лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистонро халқӣ номида, аз ҷумла иброз доштанд, ки: «онро кулли ҳамватанони мо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ва берун аз он мавриди муҳокима қарор дода, такмилу пурра карданд».
Дар ҳамин радиф, дар асоси изҳороти сиёсии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки он 28 декабри соли 1993 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта буд, 20 июли соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Аз ҷумла, дар моддаи 1-и қонун пешбинӣ гардида буд, лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Комиссияи таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия бо дарназардошти натиҷаи муҳокимаи мардумӣ омода гардидааст, маъқул дониста шуда, ба муҳокимаи умумихалқӣ (референдум) пешниҳод карда шавад. Ҳамин тавр, Комиссияи конститутсионӣ бо дарки масъулияти таърихии хеш, таҳлили аслии воқеият лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба раъйпурсии умумихалқӣ тавсия намуд.
Бояд зикр кард, ки дар ҳамон замон ҷонибдороне низ буданд, ки мехостанд Конститутсияи нав на бо роҳи раъйпурсӣ, балки аз ҷониби Шӯрои Олӣ қабул карда шавад. Вале Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори он буданд, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистон танҳо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирад ва мардуми кишвар мустақилона ояндаи давлату ҷомеаро интихоб намояд.
Ҳамин тавр, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ҳуҷҷати сарнавиштсоз - Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Бо қабули Конститутсияи давлати навини Тоҷикистон танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба раванди ҳуқуқэҷодкунӣ, тартиби таҳия, қабул ва мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии онҳо аз масъалаҳое буданд, ки бояд дар шароити нави эъмори давлати ҳуқуқбунёд мушаххас муайян карда мешуданд.
Бинобар ин, Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1995 Қарорро «Дар бораи Нақшаи ташкили кор ҷиҳати мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намуд, ки тибқи он бояд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми нави ҳуқуқӣ мутобиқ гардонда шавад. Мувофиқи нақшаи номбурда қабули 18 қонуни конститутсионӣ, 9 кодекс, 26 қонун ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 81 қонуни амалкунанда пешбинӣ шуда буд. Қонунҳои конститутсионӣ дар бораи Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, судҳо, шаҳрвандӣ, раъйпурсӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кодексҳои ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гражданӣ, замин, оила, манзил, меҳнат, андоз, гумрук, қонунҳо дар бораи забони давлатӣ, ветеранҳо, муроҷиати шаҳрвандон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар бораи сарҳади давлатӣ ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд, ки вобаста ба мазмун ва моҳияти худ барои ташаккули муносибатҳои нав ва танзими воқеии онҳо мусоидат намуданд.
Ҳамзамон амалӣ гардидани ҳадафҳо, нуктаҳои бунёдӣ ва меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гарави таъмини соҳибистиқлолӣ ва рушди ҷомеа маҳсуб мешавад, аз фаъолияти пурсамар ва саъю кӯшиши мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо вобастагӣ дорад. Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 апрели соли 1995, таъкид мешавад: «Акнун ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷаи худро дар он мебинам, ки кафолатҳои дар Конститутсия эълоншуда ба шиори хушку холӣ табдил наёбанд, балки моҳияти воқеӣ пайдо кунанд ва дар амал татбиқ шаванд».
Дар Конститутсия ғояҳои пешқадами миллӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва усулҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсиву идеологӣ таҷассуми худро пайдо намуданд. Конститутсияи Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихии гузариш аз ҷомеаи собиқ сотсиалистӣ ба давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта, барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои ҷараёни инкишофи ҷомеа, бунёди давлатдории навин мусоидат намуд. Бешубҳа қабули Конститутсия дастоварди бузурги халқ дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин маҳсуб ёфта, он дар як вақт барои пойдории сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ва ташаккули ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон нақши созгор дорад ва дар заминаи он сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ баланд гардид.
Хусусияти муҳими Конститутсия дар он аст, ки вай аз як тараф Қонуни асосии давлат ва аз тарафи дигар Қонуни асосии ҷомеа мебошад, ки ин ба мақоми халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва барандаи моҳияти иҷтимоии ҷомеа такя менамояд. Аҳамияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сатҳи олӣ давлати моро бо тамоми хусусиятҳои ҷаҳониаш таъсис дода, мустақилияти давлатро бо ҳама унсурҳояш, аз қабили ҳудуд, соҳибихтиёрӣ дар ҳалли масъалаҳои дохили давлатӣ, мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, шаҳрвандӣ, қонунгузории мустақил, асъори миллӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ ва ғайра мустаҳкам намуда, муносибати мутақобилаи давлат ва мақомоти давлатиро бо ҷомеа ва ниҳодҳои он ба вуҷуд овард.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии хеш ба муносибати Рӯзи Конститутсия, 5 ноябри соли 2002, изҳор намуданд: «Аҳамияти таърихии ин санади асосии меъёрии ҳуқуқӣ, ки сиёсати давлат ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт муқаррар намудааст, ниҳоят бузург аст. Аввалан, он дар шароите таҳия ва ба муҳокимаи умум гузошта шуда буд, ки гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ ҳанӯз барои амалӣ гардидани ҳадафҳои худ вобаста ба сохтори давлатдорӣ талош доштанд. Сониян, бо дарназардошти иродаи аксарияти мардуми кишвар мураттаб ва қабул гардидани Конститутсия ба нофаҳмиҳо ва саволҳои сершумори онҳое, ки ба ояндаи Тоҷикистон чандон эътимод надоштанд, ҷавоби амиқ дод.
Роҳи интихобкардаи мо, яъне эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мувофиқи иродаи кулли мардум мебошад. Ба шарофати сиёсати пешгирифтаамон дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати комил таъмин гардид, ки имрӯз таҳким ва ҳифзи онҳо қарзи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад».
Бо қабули Конститутсия тамоми рукнҳои давлат дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвият ёфта, он вазъи воқеии пешрафти давлат ва самти ташаккули иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва диниву маънавии ҷомеаро дар шароити муосир инъикос менамояд. Дар заминаи Конститутсия дар Тоҷикистон ислоҳоти ҳуқуқӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими талаботи объективии рушди ҷомеа идома ёфта, нахустин санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба ташаккулёбии рукнҳои давлатдорӣ, фаъол намудан ва таҳкими сохтори ҳокимияти давлатӣ ба тасвиб расида, мақоми нави ҳокимияти давлатӣ ҷавобгӯ ба талаботи замон ва ҷомеа таъсис дода шуд.
Дар сатҳи Конститутсия забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд ва ин меъёр имкон дод, ки арзишҳои миллию фарҳангии миллати тоҷик эмин нигоҳ дошта шуда, ба эҳёи дубораи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Дар ин замина забони тоҷикӣ дар кишвар рушд ёфта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул шуда, вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ ва истифодаи онро дар кишвар танзим намуд.
Қонуни асосии кишвар инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф карда, дахлнопазирии ҳуқуқҳои фитрӣ, аз ҷумла ҳаёт, қадр ва номуси инсонро эълон намуда, давлатро масъул месозад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд. Бо мақсади татбиқи ин меъёри конститутсионӣ ва амалигардонии принсипи байналмилалии инсондӯстӣ аз соли 2003-юм нисбат ба занон ва аз соли 2004-ум умуман татбиқи ҷазои қатл боздошта шуд, ки ин кафолати пурраи таъмини ҳуқуқ ба ҳаёт мебошад. Ҳамчунин дар муддати бисту сесоли истиқлолият бобати татбиқи меъёри инсондӯстона бо ташаббуси наҷиби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шонздаҳ маротиба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул карда шуд.
Дигар падидаи муҳиме, ки барои ташаккули арзишҳои соҳибихтиёрӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ замина гузошт, ин дар сатҳи Қонуни асосии кишвар эътироф ва эҳтироми меъёрҳои аз ҷониби умум пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба шумор меравад. Қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол зарурати таъсиси низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатиро ба миён овард. Сохторҳои давлатӣ, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз нав ташаккул ёфта, ислоҳоти идораи давлатӣ оғоз гардид, ки он то ҳол идома ёфта истодааст.
Дар асоси Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократисозӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ чораҳои муассир андешида шуда, як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Ҳанӯз моҳи апрели соли 1997 бо мақсади таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонуншиканӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуда буд. Худи ҳамон сол ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 августи соли 1997, таҳти № 383 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» қабул гардид. Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ соли 2009 аз ҷониби олимону мутахассисони варзидаи кишвар тафсири илмиву оммавии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда, дастраси хонандагон гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дорои нишона ва хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои эъмори давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд замина гузошта, дар илми муосири ҳуқуқ ҷузъи таркибии қонунҳои сатҳи олӣ эътироф гардидаанд, аз қабили:
- якум, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки аз ҳуқуқҳои табиии инсон маншаъ гирифтааст, бо кафолати давлатӣ таъмин карда мешавад. Давлати Тоҷикистон мустаҳкам ва шикастнопазир будани ин ҳуқуқу озодиҳо ва масъулияти давлатиро барои риоя ва ҳифзи онҳо эътироф менамояд;
- дуюм, мустақилияти судҳо ҳамчун механизми асосии кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд. Танҳо суди мустақил имкон дорад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро аз дахолати дигарон самаранок ҳифз намояд;
- сеюм, волоияти Конститутсия нисбат ба ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Ягон қонун ё дигар санад наметавонад Конститутсияро ислоҳ ё пурра намояд ва ё ин ки зиёда аз ҳама ба он мухолифат намояд. Конститутсия якҷо бо ҳуқуқи табиӣ асоси низоми ҳуқуқиро ташкил дода, барои ба миён овардани тартиботе, ки дар он қонун ва ҳуқуқ ба ҳам мувофиқ мебошанд, равона мегардад;
- чорум, афзалияти санадҳои байналмилалӣ. Ин хусусияти давлати ҳуқуқбунёд барои ба ҷаҳони муосир ворид шудани Тоҷикистон нигаронда шуда, дар заминаи меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ, қонунгузории миллӣ ба шакли муайян дароварда, ба ин васила рушди демокративу иҷтимоии давлат, ки аз санадҳои байналмилалӣ сарчашма мегирад, таъмин карда мешавад.
Имрӯзҳо аз қабули Конститутсия 20 соли таърихӣ сипарӣ мегардад. Дар ин муддати начандон тӯлонӣ меъёрҳои волои ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ, ки дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии эътирофшудаи ҷомеаи башариро таҷассум менамояд, барои эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявиву ягона равона гардида, ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои неку созанда дар роҳи давлату давлатдории навин мусоидат кард. Дар шароити муосир ҳар яки мо бояд фаъолияти худро бобати риоя ва иҷрои меъёрҳои он равона созем, зеро ин амал нишондиҳандаи сатҳи баланди шуур ва фарҳанги ҳуқуқӣ, ҳамчунин масъулияти баланди шаҳрвандӣ мебошад.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 6.11.2014    №: 216 - 217    Мутолиа карданд: 871

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед