logo

ҳуқуқ

ХУДШИНОСУ ХУДОГОҲ БОШЕМ

Дар давоми бист соли амали Сарқонун ҳар як сокини мамлакат аҳамияти сиёсиву ҳуқуқии ин санади таърихиро беш аз ҳарвақта дарк намуд. Мо - тоҷику тоҷикистониҳо бо чашми сар дидем, ки дар заминаи ин ҳуҷҷати муқаддас барои ташаккули озодонаи ҳар фард шароити мусоид фароҳам оварда шуд, кишвари соҳибистиқлоламон дар самти эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи адолатпарвар ба дастовардҳои назаррас ноил гашт.

Кормандони Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат аз ёд набурдаанд, ки Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар вазъияти ниҳоят мураккабу ноороми кишвар ва фишору зӯроварии гурӯҳҳои манфиатҷӯ таҳия ва қабул гардида буд. Ин нукта дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид шуд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки вазъияти ниҳоят ҳассосу печида ва зудтағйирёбандаи онвақтаи арсаи олам низ дар баробари вазъияти ноорому таҳдидангези сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии дохили кишвар ба мазмуну мундариҷаи таҳаввулоти ҳаёти иҷтимоиву сиёсии мардуми мо ва умуман ҳастии давлати навини тоҷикон таъсири амиқ ва торафт афзоянда дошт ва дар назди давлату ҷомеа вазифаи басо муҳим ва ҳамзамон бо ин, масъулияти ниҳоят ҷиддиро гузошта буд. «Бинобар ин, бе қабули Конститутсияи нав ва дар асоси он муайян намудани сиёсати ҳуқуқии кишвар ва барқарор намудани сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ пешравии ҷомеаро таъмин кардан, муайян намудани сиёсати мутавозини дохиливу хориҷӣ ва ҳимояи манфиатҳои сиёсиву иқтисодии кишвар ғайриимкон буда, давлат ва ҷомеаи мо дар ҳар қадам ба душвориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ рӯ ба рӯ мегардид».  Ин воқеият аст. Аз ин рӯ, ҳар як сокини кишвар бояд ба қадри Сарқонун, ки онро Сарвари давлат зимни суханронӣ дастоварди бузурги миллӣ маънидод карданд, бирасад ва ба он арҷ гузорад.
Мо, омӯзгорону табибони Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат, суханронии Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмонро, ки тавассути ҳамаи шабакаҳои Телевизиони Тоҷи-кистон намоиш дода шуд, бодиққат гӯш кардем. Сарвари давлат ба таърихи қабули ин санади олии ҳуқуқӣ назар андохта, зикр сохтанд: «Ёдовар шудан аз дастовардҳо ба мардуми кишвар ва хусусан ҷавонон имконият медиҳад, ки аҳамияти таърихӣ ва сиёсиву ҳуқуқии Конститутсияро амиқан дарк намоянд». Ин таъкиди Президент  ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту меҳанпарасти кишварро муваззаф месозад, ки ба қадру қимати сулҳу суботи комил ҳамчун арзишҳои муқаддастарин бирасанд ва нагузоранд, ки андешаву ғояҳои ифротиву бегона вориди мафкураи ҷомеаи мо гашта, ваҳдати миллиамонро халалдор созанд. Омӯзгорону табибони коллеҷи тиббӣ дар ин самт корҳои муайянро анҷом додаанд.  Мо пайваста кӯшиш менамоем, то ҷавонон  ба доми фиреби бадхоҳони миллат, ки дастовардҳои дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ бадастомада, нақши Конститутсия дар таъмини суботи сиёсиву иҷтимоии мамлакат ва фаъолияти созандаю бунёдкоронаи давлату миллатро нодида мегиранд, наафтанд. 
Ба гуфтаи Президенти мамлакат, мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза низ талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби  поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонд. Бинобар ин, мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, риояи меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тарбия намоем.
 
Маҳмад МУРОДОВ,
 директори Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.11.2014    №: 218    Мутолиа карданд: 568

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед