logo

сафарҳо

САФАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Гуфтугӯи шарикони Форуми ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири молия Абдусалом Қурбонов, раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» Рустам Раҳматзода, сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалиев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Субҳи 7 ноябр Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки содироту воридот «Эксимбонк» -и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Жуогу мулоқоти судбахш анҷом дод.
Тавре зикр гардид, бо қарзҳои имтиёзноки ин бонки бонуфузи Чин дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёту энергетика ва дигар бахшҳои иқтисоди кишвар амалӣ шудаанд ё дар ҳоли татбиқ қарор доранд.
Имрӯз ба имзо расидани як зумра созишномаҳои нави қарзӣ миёни сохторҳои гуногуни Тоҷикистон ва «Эксимбонк» -и Чин дар назар аст.
Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва роҳбарони як қатор сохторҳои дигари ин кишвар мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.
Гуфтугӯи шарикони Форуми ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором дар шаҳри Пекин 8 ноябр баргузор мегардад.

Дар шаҳри Пекин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон волии музофоти Хэнани Ҷумҳурии Мардумии Чин Сиэ Фучжанро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин музофоти Чин баррасӣ шуданд.
Ширкатҳои ин музофот бо Тоҷикистон ҳамкории босамар ба роҳ мондаанд, пеш аз ҳама дар соҳаи кишоварзӣ ва тасмим доранд, ки оянда барои коркарди саноати маҳсулоти кишоварзӣ корҳои назаррас анҷом диҳанд.
Пас аз мулоқот миёни Тоҷикистон ва музофоти Хэнани Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат ба имзо расид, ки тибқи он аз ҷониби ширкатҳои музофот дар Тоҷикистон бо харҷи беш аз 800 миллион доллари амрикоӣ корхонаҳои зиёди саноатӣ бунёд хоҳанд ёфт. Дар навбати аввал комбинати орд, корхонаи нуриҳои минералӣ ва заводҳои равғанкашӣ ва коркарди тухмии зироатҳои кишоварзӣ бунёд меёбанд. Минбаъд ҳамчунин сохтмони корхонаҳои истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, хӯроки омехтаи чорво ва бунёди хоҷагиҳои чорводорӣ дар назар аст.
Изҳори бовар карда шуд, ки чунин ҳамкорӣ ба таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар аст, мусоидати фаъол мекунад.

 7 ноябр зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Бонки аграрии Чин Лю Шиюй масъалаи ташкил ва густариши ҳамкорӣ баррасӣ гашт.
Дар навбати аввал барои дастгирии рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аз ҷониби ин бонк 100 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда мешавад. Ин маблағҳо ба се самти асосӣ - сохтмони корхонаҳои саноатӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва савдо ва омодасозии кадрҳо равона мегарданд.
Изҳори бовар карда шуд, ки ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону ин бонки бонуфузи Чин мутақобилан судбахш гардида, ба рушди робитаҳои иқтисодию сармоягузории ду кишвар мусоидат мекунад.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.11.2014    №: 218    Мутолиа карданд: 724

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед