logo

ҳуқуқ

ЧУ МЕБИНӢ, КИ НОБИНОВУ ЧОҲ АСТ…

Асрор Дадаҷонов, сардори шуъбаи дуюми Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, иброз дошт, ки ҳудуди минтақа аз ҷиҳати шумора ва зичии аҳолӣ баъди ноҳияи Шоҳмансур дар  шаҳр ҷои дуюмро мегирад.

Фақат теъдоди биноҳои баландошёна ба 685 мерасад. Дар ҳудуди ноҳия 23 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунад. Ҳар мактаб дар зери назорати кормандони Хадамоти бақайдгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва наврасон аст. Ҳудуди ноҳия барои таъмини бехатарӣ, суботу осудагии сокинон ва пешгирии ҷинояткорӣ ба чор минтақаи хидматрасонии маъмурӣ тақсим шудааст. Ҳамчунин як шуъбачаи шаҳрии милитсия дар маҳаллаи Ободкорон (собиқ Авул) фаъолият дорад. Бинои он дар арафаи ҷашни Наврӯз бо иштироки Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ, вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, Зафар Сафаров, раиси ноҳияи Сино ва дигар намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳия ифтитоҳ ёфт.
Асрор Дадаҷонов зикр кард, ки ин рӯйдоди муҳим аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 1291, аз 30 июни соли 2012, «Дар бораи баланд бардоштани нақши нозирони минтақа дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» бармеояд. Бо фармони вазири корҳои дохилӣ ба ҳар як минтақа сардор таъйин гардида, зинаи вазифавии онҳо баланд бардошта шудааст. Ин барои ҳавасмандӣ ва пешрафти кор таъсири мусбат мерасонад.
Ба гуфтаи Асрор Дадаҷонов, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия 431 ҷиноят содир шуда, аз он 394 адад ба суд ирсол гардид. Ифшои ҷиноятҳо ба 94,5 дарсад мерасад, ки назар ба соли гузашта 1,5 дарсад баланд аст.
Аз аввали сол то имрӯз дар ноҳия 150 ҷинояти вазнин рух дода, 144 ададаш кушода шудааст. Моҳи июни соли равон аз тарафи модар ба тарзи ваҳшиёна ба қатл расондани духтарчаи шашсола тамоми кормандон ва ҷомеаро мутаассир кард. Он ба таври фаврӣ кушода шуд, ки дар ин бора дар тамоми сомона ва рӯзномаҳо навишта буданд.
Дар ин муддат аз тарафи кормандони шуъба 3 гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ошкор гардид, ки аз тарафи онҳо 11 ҷинояти гуногун, аз қабили дуздӣ, ғоратгарӣ, фурӯши маводи мухаддир содир шудааст.
Бояд зикр кард, ки ҳанӯз 30 майи соли равон қабл аз занги охирин дар ҳудуди ноҳия задухӯрди гурӯҳии мактаббачаҳо рух дод. Дар натиҷа хонандаи синфи 11-и мактаби рақами 66 Бурҳониддин аз зарби корд ба ҳалокат расид.  Баҳси байни онҳо дар сомонаи «Одноклассники» пайдо шуда, ба задухӯрд дар байни биноҳои паси муҷассамаи Абуалӣ ибни Сино оварда расонд.
Мавсуф бо таассуф иброз дошт, ки аксари шаҳрвандон ба чунин воқеаҳо бетарафӣ ва бетафовутӣ зоҳир мекунанд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ,  нақлиётӣ, ҳатто дар мактаб наврасону ҷавонон ҳамдигарро дашном медиҳанд ва суханҳои қабеҳ ва бешармона мегӯянд. Дар чунин мавридҳо аксари калонсолон хомӯшанд ва худро бетараф мегиранд. Онҳоро насиҳат намекунанд. Бояд тамоми ҷомеа ба чунин гуфтору рафтори беодобонаи фарзандон бетараф набошад. Шоир бамаврид гуфтааст:
Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинӣ гуноҳ аст.

Ҳоло замона тақозо менамояд, ки ҳар як аъзои ҷомеа босаводу бофарҳанг, ватандӯст, худшиносу нексиришт ба камол расад. Дар ин масъала нақши падару модар ва омӯзгор асосӣ ва ҳалкунанда аст. Аз ин ҷост, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дорои аҳамияти муҳим мебошад.
Сарвари давлат ҳанӯз моҳи майи соли 2011 дар вохӯрӣ бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи қонуни мазкур гуфта буданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар нигаронда шудааст. Зеро масъулият барои сарнавишти Ватан ва ояндаи миллат дар навбати аввал маҳз ба уҳдаи насли ҷавон хоҳад гузашт. Биноан вазифаи муқаддаси мо ба камол расондани насли ҳаматарафа солим, соҳибмаълумот, неруманд ва миллатдӯсту меҳанпараст мебошад,- иброз дошт Асрор Дадаҷонов.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.11.2014    №: 219    Мутолиа карданд: 719

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед