logo

маориф

МАКТАБ Ё САРДХОНА?

Таълимгоҳе, ки танҳо мудираш бухорӣ дорад
Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 36-и шаҳри Кӯлоб  соли 1959 сохта шудааст. Тарҳи он барои мактаб мувофиқат намекунад, зеро барои идораи колхоз сохта шуда буд. Чун зарурат ба мактаб ба вуҷуд омад, онро ба дабистон  табдил доданд.
Тағай Нурмадов, директори муассиса, тазаккур дод, ки як қисми бино барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ муайян шудааст. Алҳол 164 нафар хонанда таҳсил дорад. Соли 2007 дар тобеи мактаби № 36 бо маблағгузории ташкилоти хориҷие дар деҳаи Чоқтемур ва маҳаллаи навбунёди Гулбоғ барои хонандагони синфҳои болоӣ ду иншооти таълимӣ бунёд гардид. Яке 290 ва дигаре 148  хонандаро ба таҳсил ҷалб кардаанд. Дар ин мактабҳо имкони кушодани синфҳои ибтидоӣ нест. Зеро биноҳо ҳаҷман хурданд ва наметавон ҳамаи мактаббачагонро бо синфхона таъмин намуд.
Роҳбарони шаҳр, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз  вазъ бохабаранд, вале вокунише нест.
Педагогҳо маншаи асосии мукаммалсозӣ ва заминагузории илмомӯзиро аз синфи ибтидоӣ маънидод мекунанд. Ҳамзамон дуруст ва хуб роҳандозӣ будани шароитро дар беҳтар гардидани сатҳу сифати донишандӯзии хонанда муассир арзёбӣ менамоянд. Аммо вазъи  ногуворе, ки дар муассисаи мазкур дида мешавад, ба мустаҳкамсозии пойдевори дониши муҳассилин ҳеҷ мувофиқ нест. Дар қиболи ин ҳама костагиҳо, боми мактаб таъмирро тақозо дорад. Вақти боридани борон ва ё барф аз сақф болои сари хонандаҳо об мечакад.  Ин дар ҳолест, ки соли ҷорӣ аз буҷети маҳаллӣ барои таъмир 10 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд. Мебоист бом аз таъмир мебаромад.
Пирмурод Сабуров, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ки солҳост вазъи дабистон чунин аст. Ӯ гуфт: «Аз шароити муассисаи таълимии  рақами 36 пурра воқифем. Барои бо бинои нав таъмин намудани синфҳои ибтидоӣ дар ҳамбастагӣ бо раиси шаҳри Кӯлоб ба Вазорати маориф ва илм нома навиштем. Имсол ва ё соли дигар ҳал шудани он дар гумон аст. Зеро мактабҳои зиёд ниёз ба синфхона доранд. Вазорат дар нақша дорад, ки дар соли 2016  ба рафъи костагиҳои мактаби фавқуззикр  бирасад».
Барои зимистонгузаронӣ дар синфҳо бухориҳои фарсуда насб шудаанд. Директори мактаб мегӯяд, ки имсол ангишт захира намудаанд. Вале аз рӯи мушоҳида дар анбор халтаҳои ангиште ҳастанд, ки сифати ниҳоят паст доранду ба захираи имсола монанд нестанд. Ҳезум ҳам кам аст. Бемасъулиятӣ ва бетаваҷҷуҳӣ дар бинои асосии муассиса, ки дар он хонандагони синфҳои болоӣ тадрис мегиранд, зиёд эҳсос мешаванд. Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар сатҳи паст қарор дорад. Бо назардошти набудани хати доимии барқ директор баҳри бо таҷҳизоти гармидиҳандаи ғайрибарқӣ таъмин кардани мактаб тадбире рӯи кор нагирифтааст. Гӯиё дар ин минтақа умуман сармо намешуда бошад. Танҳо як бухорӣ дар ҳуҷраи кории директор насб гардидаасту бас.
Як хонанда изҳор кард, ки аз соли 2007 то ҳол дар фасли зимистон мактаб гармиро надидааст.
- Аз хунукӣ баданамон дар ларза медарояд, бо чунин шароит касеро майли дарсхонӣ намеояд. Печҳои барқиро меоранд, мегузоранд, вале бидуни барқ аз онҳо манфиате нест,- гуфт ӯ.
Директор тазаккур дод: «Ҳар зимистон дар роҳрави мактаб бухорӣ насб мекунем. Синфхонаҳо гарм мешаванд». Аммо нишондоди муаллимон баракси ин гуфтаҳост. Мегӯянд: «Ҳеҷ гоҳ дар роҳрави муассиса бухорӣ насб нашудааст ва надидаем. Сақф ва деворҳои дохили бино лӯлаҳои  дудкаш надоранд».
Баробари роҳандозӣ шудани лимити барқ дар муассиса дарҳои машғулияти амалии компютерӣ баста шудаанд. Тибқи нақшаи зимистонгузаронӣ бояд ҳар муассисаи таълимӣ бо генераторҳои хурд таъмин бошанду барои корбарияшон маводи сӯзишвории дизелӣ захира намоянд. То вақти хомӯшшавии неруи барқ барои гузарондани дарсҳои компютерӣ аз онҳо истифода баранд. Мутаассифона, аз ин намуди дастгоҳ ҳатто як адад ҳам дар мактаб ёфт намешавад. Хонандагон аз технологияи муосир бархӯрдор нестанд. 
- Ҳамагӣ 16 адад компютер дорем, 4-тояш корношоям аст. Аз фанни компютер муаллима Гулрухсор Бозорова дарс мегӯяд. Имрӯз барқ нест.  Дари синфи компютерӣ қуфл асту калидаш дар дасти муаллима. Тӯли 8 соли роҳбариям дар ин боргоҳи таълимӣ ягон генератор нахаридаам. Аз шуъбаи маориф барои мо генератор надодаанд, то дар чунин маврид онро истифода барем, - гуфт Т. Нурмадов.- Маъмулан, айёми камии барқ муҳассилин бо низом, саҳарҳо соатҳои 5-6 омада аз ин фан дарс мегиранд.
Мақоли халқист, ки «офтобро бо доман пӯшонда намешавад», чуноне бемасъулиятиро бо дурӯғ. Чӣ гуна метавон собит кард, ки ҳар саҳар соатҳои 5-6 хонандагон барои омӯхтани дарси технология ҳозир мешаванд?
Падари хонандае гуфт: «Қудрати дар литсею гимназия хонондани писарамро надорам. Бо орзую ҳавас ба мактаб равонаш мекунам, то оянда шахсе шавад, ки нафъаш ба ҷомеа расад. Вале дар компютер кор карда наметавонад. Ҳарчи медонад, назариявист. Директор гуфтааст, ки соати 5:30 ба дарси компютер биоянд. Вале дар торикӣ чӣ хел меоянд?».
 П. Сабуров мегӯяд, ки шуъбаи маориф уҳдадор нест, ки муассисоти таълимиро бо генератор таъмин намояд. Мудирият ва муҳосиботи макотиб бо раёсати молия ҳамкории мутақобила доранд. Ҳар маблағи давлатие, ки барои таъмир ва ё харидани таҷҳизот аз буҷет равона мешавад, миёни мактабу раёсати молия сурат мегирад. Танҳо назорати корҳо ба дӯши шуъбаи маориф вогузор аст.    
Ҳайҳот, сад ҳайф, ки аз саҳлангорию беамалии як нафар – мудири муассиса, садҳо нафар хонандагон аз илми технологияи ҷадид бебаҳра мондаанд. Бо чунин хунукназарӣ оё метавон насли наврасу ҷавонро, ки пешбарандагони сиёсати фардои меҳан унвонашон мекунанд, солиму босавод ба камол расонд? Ё директор аз хонандагон муҳоҷири корӣ, ба истилоҳ «гастербайтер» омода карданист?

Ёқуби СОДИҚ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2014    №: 220    Мутолиа карданд: 1035

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед