logo

ҳуқуқ

ЭЪТИЛОФҲОИ ҶАМЪИЯТӢ БАР ЗИДДИ НАШЪАМАНДӢ

Нашъамандӣ ва майзадагӣ аз зумраи бемориҳое ба ҳисоб мераванд, ки имрӯз боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд. Зеро шахсоне, ки ба ин дард мубтало гаштаанд, метавонанд бо амалҳои ношоистаашон на танҳо ҳаёти худ, балки зиндагии орому осудаи дигаронро низ халалдор созанд. 
Мубориза бар зидди ин падидаҳои номатлуб кори як идора ё ташкилот нест. Он ҳамкории мунтазами мақомоти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар қишрҳои ҷомеаро тақозо дорад.  Дар ин росто, силсилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Протокол оид ба Конвенсияи ягона дар бораи маводи нашъаовар (соли 1961) ба тасвиб расидааст. Санади мазкур ҷомеаи ҷаҳониро муваззаф месозад, ки барои муқобала алайҳи нашъамандиву майзадагӣ, дар доираи салоҳияташон, тадбирҳои муассир андешанд. 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соҳибистиқлолӣ зиёда аз 350 қонуни мукаммал ва шумораи зиёди санадҳои зерқонунӣ қабул шудаанд, ки як қисми онҳо, назири қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муолиҷаи маҷбурии бемории майзадагӣ ва нашъамандӣ», «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Дар бораи ёрии наркологӣ», «Дар бораи танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот», фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, «Дар бораи тасдиқи Низомнома «Дар бораи намояндагони ваколатдори (афсарони алоқаи) мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо» маҳз ба мақсади пешгирии ин падидаҳои номатлуб  таҳия ва қабул шудаанд.                             
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин зуҳуроти ба ҷомеа хавфнок ҳамкориро бо ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ тақвият бахшидааст. Масалан, шурӯъ аз соли 2013 бо дастгирии намояндагии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ Эътилофи (Коалитсияи) ҷамъиятии мубориза бар зидди нашъамандиву майзадагӣ созмон дода шуд. Ин эътилофҳо фаъолияти худро дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фархор, Панҷ ва шаҳри Қайроққум ба роҳ монданд.
Мақсади асосии эътилофҳои ҷамъиятӣ коҳиш додани сатҳи нашъамандиву майзадагӣ, истифодаи маҳсулоти тамоку дар байни ҷавонону наврасон бо роҳи баргузории семинару машваратҳои таълимӣ, шиносоӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, доир намудани аксияҳо, омӯзиш ва таҳлили таҷрибаи давлатҳои тараққикарда иборат мебошад. Чунин чорабиниҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, аз ҷумла дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии назди Донишгоҳи славянии Русия - Тоҷикистон ва мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №34 дар шакли дарсҳои кушода баргузор гаштанд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки на ҳамаи хонандагон аз моҳият ва муҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин самт қабулшуда огоҳии комил доранд. Аз ин лиҳоз, кормандони эътилофи ҷамъиятӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон, мазмуну моҳияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар самти мубориза бар зидди нашъамандиву майзадагӣ ва истифодаи маҳсулоти тамоку қабулшударо фаҳмонда, тавсияҳои судманд доданд. Баргузории ин гуна  вохӯриву мулоқот дар дигар шаҳру навоҳии мамлакат низ дар назар аст.

Ҷамшед ФАРХУДИНОВ,
корманди Маркази миллии қонунгузории
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2014    №: 220    Мутолиа карданд: 680

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед