logo

ҳуқуқ

НИЗОМИ ЯГОНАИ ҲУҚУҚИРО ТАЪМИН ХОҲЕМ КАРД

Сироҷиддин НУРЗОДА,
прокурори вилояти Хатлон,
мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3     

9 сентябри соли 1991 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон воқеаи таърихӣ ва сарнавиштсоз ба амал омад. Тоҷикистон дар ин рӯз Истиқлолияти давлатӣ ба даст овард. Ба ибораи дигар, миллати тоҷик баъди қариб 1000 соли барҳамхӯрии давлатдории Сомониён соҳиби давлати соҳибихтиёр гардид. Вале, Тоҷикистони азизи мо баъди касби истиқлолият ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар ин давра бадхоҳони миллат ҳаёти осоиштаи кишварро ноором намуданд. Вилояти Хатлони имрӯза он вақт ба маркази даргириҳои ҷанги бемаънӣ ва бемантиқи шаҳрвандӣ кашида шуда, беқонунӣ ҳукмфармо гардид ва мамлакат дар ҳолати парокандашавӣ қарор гирифт. Бар асари ин ҷанги таҳмилӣ ҳазорон нафар ба ҳалокат расида, садҳо ҳазори дигар дар дохил ва хориҷи кишвар гуреза шуданд.

Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гашт, яъсу ноумедиро аз дилҳо берун кард. Баъди Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон тамоми талошҳо барои барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар ва баргардондани гурезаҳо ба манзили зисташон равона гардид. Сипас бо кӯшишҳои пайгиронаи Сарвари давлат соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ба имзо расида, ба ваҳдати сартосарии миллат заминаи воқеӣ гузошт. Дар ин давраи муҳими таърихи давлатдории тоҷикон қувваҳое пайдо шуданд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ сулҳу оромии кишварро намехостанд. Полковники исёнгар Маҳмуд Худойбердиев аз ҷумлаи он нафароне буд, ки кӯшиши ғасби ҳокимият ва дигарбора ноором сохтани вазъи вилояти Хатлон ва дигар минтақаҳои кишварро дар сар дошт. Ӯ ва ҷонибдоронаш ба мақсади ниҳоии худ нарасиданд ва саркӯб шуданд. Дар ин давра кормандони прокуратураи вилоят якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  корҳои муайянро анҷом дода, парвандаҳои зиёди ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш намуданд. Аксари гунаҳгорони ин исён бо ҳукми суд ҷазои сазовор гирифтанд.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дигаргуниҳои азим ба вуқӯъ пайвастанд ва табиист, ки Тоҷикистон чун давлати ҷавони соҳибихтиёр ба чунин тағйироти ҷиддӣ сахт ниёз дошт. Мақомоти прокуратура низ дар ин давра ба марҳалаи нави фаъолияти худ ҳамчун прокуратураи давлати соҳибистиқлол ворид гардиданд. Нахуст барои ба даст овардани истиқлолияти пурра корҳои зиёдеро дар ҳамаи самтҳо ба низом даровардан зарур буд. Чи тавре ки ишора намудем, аз рӯзҳои аввали пошхӯрии империяи шӯравӣ фазои сиёсии кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз ҷониби қувваҳои берунӣ ва дохилӣ тира шуда, боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гашт. Табиист, ки мақомоти прокуратура аз ин равандҳо ва бархӯрдҳои ҳаёти ҷомеа дар канор буда наметавонистанд. Мақомоти Прокуратураи Тоҷикистон ва прокуратураи вилояти Хатлон, чун ҷузъи таркибии он, баъди соҳибихтиёр гаштани кишвар таъмини волоияти қонунро дар меҳвари фаъолият қарор дода, баҳри оромию сарҷамъии ҷомеа, пешгирии ҷинояткорӣ, риояи бечунучарои санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда чораҳои муассир андешиданд.
Гузашта аз ин, мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон ва роҳбарияти он аз рӯзҳои аввали ба кор шурӯъ намудани мақомоти прокуратураи вилояти навтаъсис, таваҷҷуҳи асосиро ба ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ҷалб карданд. Маҳз фаъолияти шабонарӯзии кормандони прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо имкон дод, ки дар он соли вазнини 1993 вазъи сиёсӣ то андозае ба эътидол омада, пеши роҳи ҷинояткорӣ гирифта шавад ва волоияти қонун таъмин гардад. Дар натиҷаи васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ рӯҳияи мардум баланд гашта, онҳо аз ҳолати яъсу навмедӣ баромаданд. Аз ҳама муҳимаш, сокинони мамлакат ҳис намуданд, ки давлат ҳаст, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият доранд ва ҳаёту моликияти онҳо ҳифз мешавад.
Хотиррасон бояд намуд, ки барои ба боварии мардум даромадан ва то андозае пешгирӣ намудани ҷинояткориҳо, алалхусус ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили куштор, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, таҷовуз ба номус аксар вақт кормандони прокуратура ҷони худро ба каф гирифта, дар он давраи мушкил ҷиноятҳоро кушода, ҷинояткоронро ба ҷазо кашиданд.
Маҳз дар ҳамин муборизаҳо баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини волоияти қонун як қатор кормандони прокуратураи вилоят аз дасти ҷинояткорон ба ҳалокат расиданд. Имрӯз мо номи муфаттиши калони прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа И. Ғайбуллоев, прокурори ноҳияи Панҷ С. Маҳмадов, ёрдамчии прокурори ноҳияи Хуросон М. Сулаймонов, ронандаҳои прокуратураи шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Ҷилликӯл С. Раҳмонов, Р.Зайналовро, ки дар ин роҳ ҷони худро қурбон намудаанд, ба некӣ ёд мекунем.
Бо ором гаштану ба эътидол омадани вазъи сиёсии ҷомеа ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон сифати санҷишҳои прокурорӣ беҳтар гашт. Масалан, агар бо натиҷаи санҷишҳои назорати умумӣ дар солҳои 1995-1997 (2654) ба маблағи 978 313 423 рубл зарари расида барқарор шуда бошад, пас бо натиҷаи 1052 санҷиш дар соли 1998 ба маблағи 1 575 919 412 рубл ва бо натиҷаи 713 санҷиш дар нимсолаи аввали соли 1999-ум 1 932 626 000 рубл зарар барқарор шудааст, ки ин аз сол ба сол беҳтар гаштани сифати назорати прокурорӣ шаҳодат медиҳад.
Солҳои минбаъда дар прокуратураи вилояти Хатлон ҳуқуқшиносони шинохта А. Имомов, А. Холов ва дигарон ба ҳайси прокурори вилоят ифои вазифа намуда, тавонистанд, ки фаъолияти дастгоҳи марказии прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳоро хеле беҳтар гардонанд. Ҳамзамон зикр менамоем, ки собиқ кормандони прокуратураи вилоят, аз ҷумла Азизмат Имомов, Маҳмадамин Ҳисориев, Абдуманнон Холиқов, Музаффар Ашӯров, Юсуфҷон Юсуфзода имрӯз барои пешрафти ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар фаъолона хидмат карда истодаанд ва мо бо онҳо фахр менамоем.
Таҳлил ва ҷамъбасти фаъолияти прокуратураи вилоят дар нуҳ моҳи соли равон нишон медиҳад, ки дар тамоми самтҳои назоратӣ пешравиҳо ба чашм мерасанд. Сол ба сол сифати санҷишҳо ва санадҳои эътиноии прокурорӣ, ки баҳри бартараф намудани қонуншиканиҳо қабул гардидаанд, беҳтар гашта, самараи тафтишоти пешакӣ низ хубтар шудааст. Ҳамаи дастовардҳои мо дар самтҳои гуногуни назорати прокурорӣ натиҷаи хидмати софдилонаю содиқона ва саъю талоши муовинони прокурори вилоят, сардорони шуъбаҳо, ёрдамчиёни калон ва дигар кормандони фаврӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки дар давраи истиқлолият шароити кории кормандон хеле беҳтар шуд. Дар ин давра бинои прокуратураи вилоят ва ҳамаи прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо аз таъмири хушсифат бароварда шуд. Дар ноҳияҳои Ёвон, Фархор, Балҷувон, Данғара, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Қумсангир, Хуросон ва шаҳри Қӯрғонтеппа биноҳои нави хуштарҳи замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.  Имрӯз тамоми прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо ба шабакаи ҷаҳонии интернет пайваст гардида, бо компютер, факс, дастгоҳи нусхабардорӣ ва автомошинаи хидматӣ таъмин шудаанд. Ин раванд, ҳамчунин рушди босуботи кишвар шароит фароҳам овард, ки прокуратураи вилоят дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумат, фармону дастурамалҳо, супоришу нишондодҳои Прокурори генералӣ як қатор тадбирҳои мақсаднокро роҳандозӣ намуда, дар таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва давлат саҳми арзанда гузорад.
Прокуратураи вилоят фаъолияти худро дар асоси Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва фармонҳои Прокурори генералӣ ба роҳ монда, баҳри пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҳама гуна зӯроварӣ, терроризму экстремизми сиёсӣ, ҷиноятҳои муташаккил, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва яроқ, коррупсия, қонуншиканиҳо дар соҳаи истифодаи замин, кам кардани бақияпулиҳои андоз, ҳифзи фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани савияи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои мушаххас андешидааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нақши мақомоти прокуратураи вилояти Хатлон дар зарфи зиёда аз 23 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пиёда сохтани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар роҳи таҳкими қонуният ва бунёди давлати миллӣ назаррас мебошад. Мо баҳри таҳкими волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зиддӣ ҷинояткорӣ пайваста кӯшиш намуда, низоми ягонаи ҳуқуқиро дар мамлакат таъмин хоҳем кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2014    №: 220    Мутолиа карданд: 771

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед