logo

ҳуқуқ

ҶАВОНОН ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Идигули ҚОСИМЗОДА,
 доктори илмҳои педагогӣ

Ҳар як давлат баъди касби соҳибистиқлолӣ аввал Конститутсияи худро қабул менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул шуд, ки он ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар роҳи бунёди давлатдории навини тоҷикон, пайвастани кишвари мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши калидӣ бозид.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳу-рии Тоҷикистон, ки таҷассумгари орзуву ормон ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдорӣ ва ҳимояи ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.   
Бояд гуфт, ки пас аз баргузор гаштани иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ва қабули Конститутсия мардуми шарифи Тоҷикистон рӯ ба ҳамдигарфаҳмӣ оварда, барои барқарор намудани харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ камари ҳиммат бастанд. Банда дар он вазъияти хеле ҳассосу ноороми кишвар, баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ба ҳайси котиби масъули бахши кор бо ноболиғон ба кор сар кардам. Дар ҳамон давра раиси ноҳия муҳтарам Файзулло Қувватов буданд. Ман ҳамчун мутахассиси ҷавон бо дили гарм ба кор машғул будам, аммо баъзеҳо фазои дохили идораамонро ноором менамуданд. Қувваҳои зиддиҳукуматӣ мардумро ба гумроҳӣ бурда, авзои ҷамъиятиро ноором мекарданд. Бехабар аз он ки нооромӣ оқибати хуб надораду тоҷик қурбони ноадолатиҳо мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: «Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза низ талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳр-вандиро бо чашми худ дид ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонд».
Бадхоҳони миллати тоҷик тавассути ба роҳ андохтани низои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ тавонистанд миллати тоҷикро ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона кашида, ҳазорон нафарро қурбони манфиатҳои ғаразноки худ гардонанд, зиёда аз як миллион сокини кишварро ба муҳоҷири дохилӣ ва хориҷӣ табдил диҳанд. Мо, имрӯз шукрона мекунем, ки фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро аз вартаи ҳалокату нобудӣ наҷот дод. Воқеияти бебаҳс аст, ки сарнавишти муосири халқи тоҷик, ибтидои давлатсозиву давлатдории навин, пешрафту рушди кишвар ва болоравии мақоми он дар арсаи ҷаҳонӣ аз истиқлолияту соҳибихтиёрии Ватани азизамон - Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Банда, ки ҳоло қисми тарбияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро ба уҳда дорам, кӯшиш намуда истодаам, ки насли ҷавони кишварро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолият тарбия намоям.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2014    №: 222    Мутолиа карданд: 624

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед