logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо фаъолон ва аҳолии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, 12 ноябри соли 2014

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирони гиромӣ!
Тавре дар хотир доред, соли гузашта зимни сафари кории худ бо вазъи рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Ёвон шинос гардида, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда ва бо мақсади дастгирии ташаббусу иқдомҳои соҳибкорону сармоягузорони маҳаллӣ ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои марбута ҷиҳати амалисозии тадбирҳои созанда дастуру супоришҳои мушаххас дода будам.
Чунонки шоҳидед, мо чанд лаҳза пеш мактаби нави замонавиро, ки бо ташаббус ва маблағгузории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ғаюр – Хуаксин-семент”, роҳбараш соҳибкори ватанӣ - Ғуломов Акбар сохта шудааст, ҳамчун туҳфаи арзанда ба фарзандони мардум ва аҳли маорифи ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор додем.
Ва ҳоло, ки мову шумо ба ифтихори ин рӯйдоди фараҳбахш, яъне сохта, ба истифода супурдани боз як макони таълиму тарбияи насли наврас гирди ҳам омадаем, ҳамаи шумо - омӯзгорону толибилмони ин боргоҳи илму маърифатро самимона табрик мегӯям.
Ҳамзамон бо ин, ба сармоягузорону ташаббускорон ва муҳандисону сохтмончиёни иншоот барои дар муҳлати кӯтоҳ ва босифат анҷом додани корҳои сохтмон миннатдорӣ баён менамоям. Маҳз бо заҳмати пурмаҳсули сокинону соҳибкорони бонангу номуси ноҳия дар самти таъмин намудани аҳолии ноҳия бо шуғли доимӣ ва беҳдошти вазъи муассисаҳои иҷтимоӣ хеле корҳои самарабахш анҷом дода шудаанд. Масалан, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи қариб 360 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 баробар зиёд мебошад.
Қобили зикр аст, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ асосан аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсоли равғани растанӣ ва орду семент ба амал омадааст. Аз ҷумла дар корхонаи сементбарорӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 660 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шудааст, ки ин омил дар таъмини талаботи соҳаҳои иқтисоди миллӣ нақши муҳим дорад.
Бунёди корхонаи сементбарорӣ имконият дод, ки истеҳсоли семент тадриҷан зиёд гардида, дар як муддати кӯтоҳ ҳаҷми воридоти он аз хориҷи кишвар беш аз ду баробар кам карда шавад. Ҳаҷми истеҳсоли сементи ватанӣ дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ ба 865 ҳазор тонна расонида шуд, ҳол он ки нишондиҳандаи мазкур дар ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ 120 ҳазор тоннаро ташкил медод.
Ҳамзамон бо ин, иқтидорҳои мавҷуда имкон медиҳанд, ки ҳаҷми истеҳсоли семент бамаротиб зиёд гардида, содироти он васеъ ба роҳ монда шавад. Дар ин маврид масъулони соҳаро зарур аст, ки ба сифат ва рақобатпазирии сементи ватанӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, инчунин ба масъалаи тозагии муҳити зист таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд.
Таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳарчи бештар бо шуғл таъмин кардани шаҳрвандони бекор, хусусан дар шароити имрӯза самти муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Инчунин тамоми мақомоти дахлдори давлатӣ, бахши хусусӣ ва бонкҳову ташкилотҳои қарзӣ вазифадоранд, ки талаботи мазкурро дар меҳвари фаъолияти худ қарор диҳанд. Бо ин мақсад дар ноҳияи Ёвон тайи ду соли охир беш аз 4,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шудааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз ҳам кофӣ нест.
Дар баробари ин, таҳлили фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳия нишон медиҳад, ки соли ҷорӣ аз 38 корхонаи хурду калони мавҷуда 22 корхона суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулотро таъмин накарда, 8 корхона аз фаъолият бозмондааст. Таъкид месозам, ки таъмини фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимми рушди минбаъдаи ноҳия, инчунин тараққиёти соҳаи саноат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки якҷо бо соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати бартарафсозии камбудиву норасоиҳои мавҷуда ва истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадоранд, ки якҷо бо сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ ва соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, иҷрои босифати буҷет, инчунин пардохти саривақтии уҳдадориҳои буҷетӣ ва музди меҳнати кормандон чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Дӯстони азиз!
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои дастгирии соҳибкорони ноҳияи Ёвон аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ 78 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки ин рақам назар ба ҳамин давраи соли гузашта 13 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Илова бар ин, Ҳукумати кишвар тавассути амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Чунончи, тӯли солҳои 2013 - 2016 дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 10 миллион сомонӣ шабакаҳои обтаъминкунии ноҳия таъмиру таҷдид карда мешаванд.
Ҳамзамон бо ин, Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳарчи зудтар амалисозии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа, қитъаи “Ваҳдат-Ёвон” дар баробари истифода аз сарчашмаҳои дохилӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба маблағи беш аз 360 миллион сомонӣ чораҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст. То имрӯз танҳо аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ 245 миллион сомонӣ азхуд карда шуда, 375 нафар коргарон дар ду баст фаъолият доранд.
Бунёду мавриди истифода қарор додани ин қитъаи роҳи оҳан дар рушди босуботи мамлакат, аз ҷумла вилояти Хатлон ва махсусан ноҳияи Ёвон аҳамияти калони иқтисодиву иҷтимоӣ дорад. Зеро тавассути бунёди роҳи оҳани мазкур пойтахти мамлакат бо калонтарин вилоят пайваст карда мешавад, ки боз як қадами устувор барои амалисозии ҳадафи стратегии баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи асосномаи техникиву иқтисодӣ арзиши сохтмони роҳи оҳани мазкур қариб 900 миллион сомонӣ (173 миллион доллари амрикоӣ) пешбинӣ карда шуда, дарозии он қариб 41 километр мебошад ва 3 нақбро бо дарозии умумии 3755 метр ва 5 пули калонро ба масофаи 712 метр дар бар мегирад.
Ҳозирони арҷманд!
Раванди вусъат гирифтани татбиқи нақшаву ҳадафҳои созанда ва болоравии нишондиҳандаҳои солҳои охир имконият фароҳам овард, ки шароити зисту зиндагии сокинони кишвар боз ҳам беҳтар гардад. Ин тамоюли нек дар ноҳияи Ёвон низ дар ҳоли густариш қарор дорад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки мо бояд ҷиҳати тадриҷан аз мамлакати аграрӣ - саноатӣ ба кишвари индустриалӣ - аграрӣ табдил додани кишварамон чораҷӯӣ карда, бо ин мақсад барномаҳои дахлдорро татбиқ намоем.
Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвонро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо сохтору мақомоти дахлдор бо дарназардошти истифодаи васеи имконияту захираҳои мавҷуда, ҷиҳати дар зарфи 3-4 соли наздик ба яке аз ноҳияҳои бузурги саноатӣ табдил додани он чораҳои мушаххасро амалӣ намоянд.
Имрӯз мо санги асоси якчанд корхонаи масолеҳи сохтмонро гузоштем. Аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва бо риояи талаботи ҷаҳонии экологӣ корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори солонаи 1,2 миллион тонна барои 800 ҷойҳои нави корӣ ва маблағгузории 620 миллион сомонӣ бунёд карда мешавад. Ҳамзамон бо ин, коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва варақаҳои гаҷӣ бо сармоягузории беш аз 130 миллион сомонӣ ва ташкили 230 ҷойҳои корӣ дар якуним – ду соли оянда ба фаъолият оғоз менамояд. Инчунин бинои беморхонаи марказии ноҳия аз таъмири пурра бароварда шуда, имконияти хизматрасонии он хеле васеъ гардонда шуд.
Имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳия фабрикаи парандапарварӣ барои нигоҳубини 245 ҳазор сар паранда, инчунин коргоҳи истеҳсоли либосҳои бачагона ва ҷӯроббофӣ ба маблағи 15 миллион сомонӣ бо иқтидори 30 ҳазор дона либоси бачагона ва 750 ҳазор ҷуфт ҷӯроб дар як моҳ сохта, ба истифода дода шуд, ки 200 нафар сокинони ноҳия, пеш аз ҳама, занону духтарони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекунад. Ҳамчунин имрӯз корхонаи нави коркарди пахта бо иқтидори 15 ҳазор тонна пахта, ки бо технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ба истифода супурда мешавад.
Бояд гуфт, ки кишоварзони ноҳияи Ёвон дар бобати истеҳсоли навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ таҷрибаи зиёд дошта, бо мақсади таъмини аҳолии ноҳия ва минтақаҳои кишвар бо маҳсулоти барвақтӣ сол то сол бештар кӯшиш карда истодаанд. Тибқи маълумот дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 515 миллион сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта хеле зиёд мебошад.
Кишоварзони соҳибтаҷрибаи ноҳия дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ дар масоҳати 49 гектар бунёди 196 гармхона, инчунин сохтмони сардхонаро барои нигоҳдории 1000 тонна маҳсулот ба нақша гирифтаанд. Алҳол сохтмони 119 гармхона ба анҷом расида, дар 40 гармхона ба истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ шурӯъ кардаанд. Ба ҳисоби миёна аз ҳар як гектари он қариб 40 тонна маҳсулот истеҳсол карда мешавад.
Ҳамзамон бо ин, дар доираи ҳамкорӣ бо кишоварзони вилояти Хатлон аз ҷониби ширкати чинии “Синян – Инхай” соли равон ба миқдори зиёда аз 230 тонна чигити тухмӣ, беш аз 20 тонна тухмии ҷуворимакка ва 42 адад тухмипошак дастрас карда шудааст.
Соли ҷорӣ ширкати номбурда дар масоҳати 100 гектар кишти гандум, 72 гектар пахта ва 43 гектар ҷуворимакка гузаронда, ба ҳисоби миёна 72 - сентнерӣ гандум, 42 - сентнерӣ пахта ва 75 - сентнерӣ дони ҷуворимакка истеҳсол кардааст.
Вале бояд гуфт, ки то ҳанӯз захираву имкониятҳои ноҳия ҷиҳати зиёд намудани майдони гармхонаҳо, кишти тирамоҳию барвақтӣ ва такрории зироатҳо, бунёди боғу токзори нав ҳамаҷониба истифода нашудаанд. Вобаста ба ин, ба роҳбарони ноҳия, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва масъулони соҳа таъкид менамоям, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати зиёд намудани майдони гармхонаҳо ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба анҷом расондани кишти тирамоҳиву барвақтии зироатҳо, инчунин иҷрои нақшаи бунёди боғу токзори нав чораҳои муассир андешанд.
Дӯстони азиз!
Ҳукумати кишвар ба масъалаи таъмин намудани фаъолияти мунтазами муассисаҳои таҳсилоти миёнаву умумии мамлакат аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Аз ин лиҳоз, раванди бунёди мактабҳои замонавӣ, таъмини онҳо бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ва лавозимоти хониш бомаром идома дошта, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва таҷрибаи омӯзгорон ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Натиҷаи ҳамин аст, ки то охири соли ҷорӣ дар ноҳияи Ёвон 16 иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои қариб 2000 нафар хонанда сохта, ба истифода дода мешавад.
Бо вуҷуди ин хотирнишон месозам, ки агарчи сол ба сол шумораи хонандагони ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохилшуда афзоиш меёбад, вале ин дастовард ҳоло қонеъкунанда нест.
Хусусан дар самти боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия, пешгирӣ кардани ҳолатҳои аз таҳсил берун мондани наврасон ва хусусан духтарон андешидани тадбирҳои иловагӣ ва доимӣ зарур аст.
Ҳамдиёрони азиз!
Чанд рӯз пеш аз қабули аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон 20 сол сипарӣ гардид, ки ин санаи таърихӣ аз ҷониби мардуми шарифи кишвар бо самимияту эҳтироми хоса таҷлил карда шуд.
Воқеияти имрӯза далели равшани он аст, ки ба шарофати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва риояи муқаррароти ин ҳуҷҷати тақдирсози халқамон ҳоло ҳамаи рукнҳои давлатдорӣ аз зинаи ташаккул ба марҳалаи рушду такомул расида, кишвари мо ҳамчун амаликунандаи принсипҳои давлати иҷтимоӣ ба хеле дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар ин росто, яке аз воситаҳои муассиру асосии таъмин намудани пешрафти давлати соҳибистиқлоламон таълиму тарбияи насли худогоҳу худшинос, донишманду соҳибмаърифат ва соҳибкасбу баландихтисос мебошад.
Ман ба ин масъалаи ҷиддӣ дар ҳамаи мулоқоту вохӯриҳои худ ба таври доимӣ эътибори махсус медиҳам ва рисолати волидон, мактаб ва ҷомеаро дар мавриди тарбияву ба камол расондани фарзандони хушахлоқу соҳибмаърифат таъкид менамоям.
Баъзе раванду тамоюлҳое, ки вақтҳои охир мушоҳида мешаванд, аз ҷумла ҳодисаҳои гаравидани баъзе ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои бегонаи ифротӣ ва ҳатто террористӣ ва хусусан иштироки онҳо дар амалиёти ҷангии кишварҳои дигар (масалан, Сурия ва Ироқ), аз падару модарон, кормандони маориф ва умуман аҳли ҷомеа ба таври ҷиддӣ тақозо мекунанд, ки дар самти беҳтар гардондани вазъи таълиму тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ ва риояи бечунучарои қонунияту тартибот чораҳои доимӣ андешанд.
Риояи ҳатмии муқаррароти қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҷузъи таркибии фаъолияти муассисаҳои таҳсилотӣ мебошад ва аз ин лиҳоз, Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки дар асоси нақшаи муштарак бо мақомоти дахлдори давлатӣ ва аҳли ҷомеа доир ба таҳкими донишҳои ҳуқуқии хонандагон ва пешгирии қонуншиканиҳо аз ҷониби онҳо ва тақвият бахшидан ба раванди худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.
Ба хотири пешрафти рӯзафзуни иқтисоди миллӣ ва муаррифии шоистаи кишвари азизамон дар арсаи ҷаҳон ҳар як фард, аз ҷумла роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, алалхусус фаъолони шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки дар самти ободиву оромии кишвар ва ҷомеа, таълиму тарбияи дурусти насли наврас, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пояҳои давлати соҳибистиқлоламон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд.
Бовар дорам, ки мардуми заҳматпешаву ватандӯсти ноҳияи Ёвон минбаъд низ барои ободу пешрафта гардидани Ватани муқаддасамон талоши бештар намуда, дар самти амалӣ шудани нақшаҳои созандаамон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Бо ҳамин ниятҳои нек, ба ҳамаи шумо, ҳозирони арҷманд ва кулли сокинони ҳимматбаланди ноҳияи Ёвон ба хотири заҳмати софдилонаатон барои рушду ободии сарзамини аҷдодӣ бори дигар изҳори сипос намуда, ба ҳар яки шумо хонаи обод, зиндагии осудаву пурфайз, барори кор ва ба шогирдони мактаби зебои имрӯз ифтитоҳгардида хониши хубу аъло орзу менамоям.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2014    №: 222    Мутолиа карданд: 878

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед