logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, дар маросими қабули эътимодномаҳои сафирон, шаҳри Душанбе, 18 ноябр

Олиҷанобон, муҳтарам сафирон,
Сараввал ҳамаи Шумоёнро бо оғози иҷрои вазифаи Сафири кишварҳои худ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯям.
Дарёфти мавқеи шоистаи давлат ба ҳайси субъекти мустақили низоми робитаҳои байналмилалӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва калидии ҳар як ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбад.
Бад-ин манзур, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя ба муқаррароти Конститутсияи давлати худ, ки ҷомеаи мо чанд рӯз қабл таҷлили 20-солагии қабули онро доир кард, сиёсати ба роҳ мондану тавсеа бахшидани муносибатҳои мукаммали байналмилалиро бо хайрхоҳону дӯстони худ дар тамоми китъаҳои олам пайгирона татбиқ менамояд.
Боиси қаноатмандист, ки имрӯз дар қатори чунин дӯстони Тоҷикистон кишварҳои Шумо, ҷанобони олиқадр, қарор доранд. Зимнан, мо аз фаъолияти сермасъули дипломатии Шумо, сафирони муҳтарам, самараву натиҷаҳои нав ба навро интизорем ва бароятон комёбиҳо орзумандем. Рушди мураттаби муносибатҳои неки ҳамсоядории дӯстона ва ҳамкориҳои серҷабҳа бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар стратегияи сиёсати берунии давлати тоҷикон мавқеи афзалиятнок дорад. Ин гуна таваҷҷуҳи махсус нисбат ба тамоми паҳлуҳои ҳамкориҳои мутақобила бо давлатҳои минтақа, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҳавасмандии амиқи мо дар кори таҳкими рӯҳияи  неки ҷойгиршавии якҷояи мо, ки мардумони мо онро асрҳо бо робитаҳои хеш дастгирӣ менамуданд, бармеояд. Вазифаи асосӣ дар ин самт дар ҳалли оҷилӣ ва барои ҳар ду ҷониб қобили қабули тамоми маҷмӯи масоили муносибатҳои тоҷикону қирғизҳо бо истифода аз  анъанаҳои пуршарафи муоширати неки ҳамсоядории мардумони мо дида мешавад.
Шумо, муҳтарам Мирослав Ниёзович, таҷрибаи мусбати фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистонро доред. Мо Шуморо ҳамчун дипломати фаъол ва ташаббускоре, ки барои рушди мусбати муносибатҳои серҷониба миёни ду кишвар кори зиёдеро анҷом додаед, мешиносем. Бо қаноатмандии зиёд Шуморо    барои таъйин шудан ба мансаби баланди Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мекунам. Ба Шумо аз самими дил комёбӣ ва муваффақиятҳоро таманно дорам.
Дар самти Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон равобити густурдаи дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба дорад. Асоси чунин муносибатҳоро умумиятҳои зиёди фарҳангӣ ва муштаракоти фаровони таърихӣ ташкил медиҳад. Мо таҳкими минбаъдаи анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумонамонро дар баробари густариши бемайлони ҳамкориҳои судманду бунёдии кишварҳоямон ҷавобгӯи манфиатҳои олии ҳар ду ҷониб медонем. Итминон дорам, ки татбиқи пайгиронаи натиҷаҳои сафари нахустини расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷаноби Олӣ Ҳасани Рӯҳонӣ ба кишвари мо ба раванди рушди устувори муносибатҳои воқеан бародаронаву сермазмуни ду кишвар такони тоза бахшида, онҳоро ба зинаҳои боз ҳам болотар хоҳад расонид. Ба Шумо, ҷаноби Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин ҷода комёбиҳо таманно дорам.
Дар низоми муосири сиёсати хориҷии давлати мо масъалаи таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманд бо кишварҳои қитъаи Аврупо, аз ҷумла аъзои Иттиҳоди Аврупо мавқеи хосаро дорост.
Зимнан, Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои онро шарикони муҳими байналмилалии худ дар раванди рушди устувораш дониста, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо ин созмони бонуфуз ва кишварҳои аъзои он ҳамкориҳои пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд дошта бошад. Мо аз он қаноатмандем, ки тайи солҳои ахир ҳамёрии гуногунарсаи Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо сатҳи сифатан навро касб карда, фарогири соҳаҳои мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва сиёсию амниятӣ мебошад.
Бад - ин манзур мехоҳам ба аҳамияти татбиқи мукаммали Созишномаи ҳамкорӣ ва ҳамшарикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ҳамчунин Стратегияи нави Иттиҳод барои Осиёи Марказиро, ки дар доираи он Барномаи индикативӣ барои солҳои 2014 - 2020 қабул гардидааст, ишора намоям. Умедворам, ки фаъолияти самараноки дипломатии Шумо, ҷаноби Ҳидайет Бишчевич, ба ин раванд такони тоза хоҳад бахшид. Ҷониби Тоҷикистон барои дастгирии ҳамаҷонибаатон дар ин кори хайр омода аст.
Ҳамзамон, мо ҷонибдори таҳкими равобити ҳасанаи худ бо Мексика, ки дар арсаи ҷаҳонӣ мақому нуфузи худро дорад, ҳастем.
Тамосҳои мо бо ин кишвар аз лаҳзаи истиқрори муносибатҳои дипломатӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид пайваста сурат гирифта, тадриҷан густариш ёфта истодаанд. Мавқеи кишварҳои мо нисбати дарёфти роҳҳои ҳалли проблемаҳои глобалӣ дар бисёр маврид яксон ё ба ҳам наздик аст. Мутаассифона, то имрӯз равобити дуҷонибаи мо сатҳи матлубро касб накардаанд ва тақозои замон аст, ки ба онҳо такони тоза бахшида шавад.
Мо омодаем, ки дар ин самт иқдомоти заруриро роҳандозӣ намоем ва аз Шумо, ҷаноби Улиси Канчули, ба ҳайси намояндаи олимақоми кишваратон ташаббусу пешниҳодоти мушаххасу ҳадафмандро интизорем. Ҷониби Тоҷикистон дар навбати худ ба Шумо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Робитаҳои дуҷонибаи иқтисодиву тиҷоратии байни Тоҷикистону Австралия имрӯз дар ҳолати оғози ташаккулёбии худ қарор доранд, гарчанде дар сатҳи бисёрҷониба кишварҳои мо ҳамёрии зич ва раванди машваратҳои сиёсию мубодилаи афкорро аз рӯи масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ба роҳ монда, пеш мебаранд. Ҷониби Тоҷикистон манфиатдор аст, ки муносибатҳои бисёрҷонибаи худро бо Австралия тақвият бахшида, раванди эҷоди ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судовари дуҷонибаро фаъол гардонад. Вобаста ба имкониятҳои дар ин самт мавҷуда, аз нигоҳи ман, ба роҳ мондану густариш додани ҳамкориҳои кишварҳои мо дар чунин соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ба монанди кишоварзӣ, саноат, маориф, тандурустӣ ва туризм аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Нахуст зарур аст, ки ба ташаккули заминаи қарордодиву ҳуқуқии робитаҳои мо дар ин соҳаҳо аҳамияти хоса дода шавад. Ба ин мазмун изҳори умедворӣ менамоям, ки Шумо, ҷаноби Пол Эндрю Майлер, барои дарёфти самтҳои судманди ҳамкориҳои кишварҳои мо саъю талош хоҳед кард. Дар ин амр ба Шумо комёбиҳо хоҳонем.
Кишвари дӯсти Зеландияи Нав низ имрӯз дар қатори шарикони Тоҷикистон қарор дорад. Кишварҳои моро муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба, ки дар пояи ҳусни тафоҳум ва эҳтироми мутақобила ба роҳ монда шудаанд, ба ҳам мепайванданд.
Дар ин замина мо хоҳони ҳамкориҳои пойдору дарозмуддат бо ин давлати дӯст ҳастем. Изҳори умедворӣ менамоям, ки Шумо, ҷаноби Хэмиш Нэвилл Фрэнсис Купер, бо фаъолияти сермаҳсули дипломатиатон дар Тоҷикистон ба идомаи самарабахши ҳамкориҳои кишварҳои мо мусоидати ҷиддӣ хоҳед кард. Дар ин кор аз ҷониби мо Шумо фақат мусоидату ҳамкорӣ хоҳед дид.
Мо ба рушди муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои Аврупо ҳавасмандем. Шоҳигарии Дания, ки давраи раисиашро дар ин созмони бонуфуз бомуваффақият гузаронид, аз зумраи ин кишварҳост.
Фикр мекунам, ки иштироки фаъоли Дания дар пайгирии татбиқи Созишнома дар бораи ҳамшарикӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани равобити ҳасанаи Тоҷикистон бо ин кишвари дӯст мусоидати амиқ хоҳад кард. Мехостам зикр намоям, ки мо дурнамои робитаҳои нек ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Тоҷикистон ва Данияро дар маҷмӯъ хуб арзёбӣ менамоем. Изҳори умедворӣ менамоям, ки Шумо, ҷаноби Томас Винклер, дар давраи фаъолияти дипломатиатон дар пиёда гардондани имкониятҳои зиёди ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳои мо саҳми арзанда хоҳед гузошт. Ба Шумо муваффақият орзумандем.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд ва дар ин замина мо ҳавасманди ба роҳ мондани муносибатҳои гуногунҷанба бо кишвари барои мо хайрхоҳ - Ҷумҳурии Словения мебошем. Аз ин ҷост, ки омӯзиши имконоти барпо намудани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд, ташаккули пояҳои ҳуқуқии онҳо, танзиму ташкили рафтуомадҳо ва тамосҳо дар сатҳҳои гуногун аз ҷумлаи вазифаҳоеанд, ки имрӯз дар мадди аввал истодаанд. Дар Тоҷикистон оғоз ёфтани фаъолияти расмии Шуморо, ҷаноби Примож Шелиго, хайра мақдам гуфта, таъкид карданиам, ки ҷониби Тоҷикистон дар кори хайри тавсеаи ҳамёрии дуҷонибаву бисёрҷонибаи кишварҳоямон Шуморо ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад кард.
Ҷумҳурии Португалия дар қатори аввалинҳо соҳибихтёрии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва муносибатҳои дипломатии мо бо ин давлати аъзои Иттиҳоди Аврупо таърихи зиёда аз 20-соларо дорад. Тайи ин давра доираи робитаҳои мо бо Португалия тадриҷан васеъ гашта, ҷараёни рушдро касб кардаанд. Иштироки фаъоли ин кишвар дар татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, фикр мекунам, ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои байни Тоҷикистону давлатҳои аъзои Иттиҳод ҷиддан мусоидат хоҳад кард. Умедворам, ки дар ин ҷода Шумо, ҷаноби Марио Годино де - Матуша, ба ҳайси Сафири кишвари худ дар Тоҷикистон муваффақ хоҳед буд.
Густариши равобити дӯстона ва ҳамкориҳои амалӣ бо кишварҳои қитъаи Африка самти нисбатан наву рушдёбандаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Алҳол, мо бо маҷмӯи кишварҳои ин қитъаи хуршедии олам ҳамшарикии хубро дар доираи ташкилотҳои мухталифи байналмилалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ ба роҳ монда, пеш бурда истодаем.
Ҳадаф аз ин ҳамдастии мо саҳмгузорӣ дар ҳаллу фасли проблемаҳои умдаи ҷаҳонӣ мебошад. Ба ин манзур, мо ҳавасманди роҳандозии ин имкониятҳо ва хоҳони сатҳи нави равобити дуҷониба бо кишвари Гана ҳастем. Шуморо, ҷаноби Алҳоҷӣ Баваҳ Гилберт, ба муносибати таъйин шуданатон ба ҳайси Сафири кишвари худ дар Тоҷикистон муборакбод менамоям. Умедворам, ки Шумо барои расидан ба ҳадафҳои рушди муносибатҳои байни кишварҳоямон мусоидати ҳамаҷониба хоҳед кард. Дар раванди татбиқи ин ниятҳои нек ба Шумо комёбӣ орзумандем.
Дӯстони азиз,
Бори дигар Шумоёнро ба оғози кору фаъолиятатон ба ҳайси сафирони давлатҳои худ дар Тоҷикистон сидқан табрик менамоям. Ба Шумо дар корҳои минбаъдаатон дастовардҳои нав хоҳонам. Ба сарварони кишварҳои худ салому паёмҳои гарми манро бирасонед.
Саломат бошед!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2014    №: 225    Мутолиа карданд: 668

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед