logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими қабули эътимодномаҳо аз сафирони нави 9 кишвари ҷаҳон, шаҳри Душанбе, 18 ноябри соли 2014

Олиҷанобон, муҳтарам сафирон,
Нахуст ҳамаи шуморо ба муносибати таъйин гардидан ба мақоми баланд ва масъули Сафири Фавқулода ва Мухтори мамлакатҳои ба мо дӯст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози фаъолиятатон самимона табрик ва таҳният мегӯям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати барпо кардани муносибатҳои фарогири созанда ва мутақобилан судманд бо кишварҳои мухталифро пеш мебарад.
Мехоҳам аз ҷониби хеш изҳор дорам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густариш ва рушди ҳамаҷонибаи равобити дӯстона ва ҳамкории васеъ ва мутақобилан судманд бо кишварҳои шумо мебошад. Мо бар онем, ки сатҳи сифатан нави равобит ба нафъи кишварҳо ва мардумони мо мебошад.
Орзуманди онам, ки фаъолияти ҳамаи шумо дар ин мақоми олӣ оғози марҳалаи ҷадиде дар равобити дерин ва дӯстонаи халқҳо ва кишварҳоямон гардад ва дар ин вазифаи масъулиятнок бароятон комёбиҳо орзумандам.
Мо сатҳи робитаҳои имрӯзаи худро бо Шоҳигарии Нидерланд, ки яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо ба шумор меравад, хуб арзёбӣ менамоем. Ҳамзамон, Тоҷикистон кумаку дастгирии ин кишвари дӯстро дар масъалаҳои рӯзмарраи мубориза алайҳи хатарҳои глобалӣ ва ҳалли мушкилоти мухталифи иҷтимоиву иқтисодӣ пайваста эҳсос карда, қадрдонӣ менамояд.
Ҳамкориҳои давлатҳои мо дурнамои хуб доранд ва ҷониби Тоҷикистон хоҳони истифодаи фарогири имкониятҳое, ки дар ин самт мавҷуданд, мебошад. Ман умедворам, ки Шумо, ҷаноби Дриссер Генри Юберро дар давраи фаъолияти дипломатиатон дар Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир хоҳед кард. Дар ин амри хайр ба Шумо комёбӣ хоҳонам.
Ҳамаи он нуктаҳое, ки ман алҳол зикр кардам, ба муносибатҳои неки мо бо Ҷумҳурии Ирландия низ дахл доранд. Изҳори умедворӣ менамоям, ки доираи ҳамкориҳои мо бо ин давлат тадриҷан рушд ёфта, соҳаҳои навро, бахусус дар бахши иқтисод, минҷумла энергетика ва туризм дар бар хоҳанд гирифт. Дар ин бахшҳо имкониятҳои ҳамкории мутақобилан судманд хеле зиёданд ва истифодаи самараноки онҳо мувофиқи мақсад аст. Ба Шумо, ҷаноби Оун О Лири, дар иҷрои вазифаи пурмасъули Сафири Ҷумҳурии Ирландия дар Тоҷикистон ва тақвияту таҳкими муносибатҳои мо муваффақиятҳо орзу менамоям.
Бо кишвари аврупоии минтақаи назди Балтика - Эстония моро таҷрибаи хуби робитаҳои ҳасана дар гузаштаи начандон дур бо ҳам мепайвандад. Мо анъанаҳои неки муносибатҳои дӯстона ва ҳусни тафоҳумро, ки дар давраи нави истиқлолияти миллӣ миёни Тоҷикистон ва Эстония ташаккул ёфтаанд, азиз дониста, баланд арзёбӣ менамоем. Натиҷаҳои сафари расмии Сарвазири Эстонияи дӯст ба Тоҷикистон, ки соли гузашта сурат гирифта буд, ҳавасмандии ҷонибҳоро ба тақвияти муносиботи созандаи худ дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид намуд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки татбиқи пайгиронаи мувофиқатҳои солҳои ахир миёни ду кишвар бадастомада ҷавобгӯи манфиатҳои олии ҷонибҳо буда, анъанаҳои ҳусни таваҷҷуҳи мутақобилаи мардумонамонро тақвият мебахшанд. Бовар дорам, ки дар ин раванд нақши Шумо, ҷаноби Яан Рейнхолд, муассир хоҳад буд. Ба Шумо муваффақият орзумандам.
Тоҷикистону Босния ва Ҳертсоговинаро низ муколамаи сиёсӣ ва ҳамёрии фаъол дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бо ҳам мепайвандад. Мо ҷонибдори рушду такомули муносибатҳои худ бо ин кишвари дӯст дар арсаҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ, тиҷорату иқтисод ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳастем ва омодаем, ки ҷиҳати барпо намудани пояи ҳуқуқии чунин робитаҳо иқдомҳои мушаххас андешем. Умедворам, ки дар давраи фаъолиятатон ба ҳайси сафири кишвари худ дар Тоҷикистон Шумо, ҷаноби Эдиб Буквич, ба ин раванд мусоидати ҳамаҷониба хоҳед кард. Орзуманди комёбиҳои Шумо ҳастем.
Барои давлати мо масоили таҳкими минбаъдаи робитаҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла бо кишвари Молдоваи дӯст афзалиятнок боқӣ мемонанд. Дар маҷмӯъ барои муносибатҳои Тоҷикистону Молдова рушди мусбат, чӣ дар асоси дуҷониба ва чӣ серҷониба хос аст. Ҳамзамон барои вусъати ҳамкориҳои муфид кишварҳои мо бағоят имкониятҳои фарох доранд. Мо таъйини Шумо, ҷаноби Андрей Галбурро ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Молдоваи дӯст дар Тоҷикистон шодбош мегӯем. Ба Шумо дар иҷрои вазифаҳои пурмасъул ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои асоснок миёни давлатҳоямон барор мехоҳам.
Рушду таҳкими муносибатҳои ҳасана ва мутақобилан судманд бо кишварҳои шомили минтақаҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ яке аз самтҳои дигари муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон муайян гардидааст.
Боиси қаноатмандии мост, ки тайи солҳои охир ҳамёрии Тоҷикистон бо Малайзияи дӯст дар арсаҳои мухталифи ҳаёт ҷараёни густариши бемайлон ва мазмуну мундариҷаи навро касб карда истодааст. Ба ин манзур, ман натиҷаҳои сафари начандон деринаамро ба ин кишвари зудтараққиёбандаи қитъаи Осиё ва музокироти дӯстонаи инҷонибро бо роҳбарияти олии он аз ҳар лиҳоз самаранок ва ҳадафрас арзёбӣ менамоям.
Итминон дорам, ки Шумо, хонуми олиқадр Дато Норайни, ҷиҳати татбиқи фарогири тавофуқоти дар рафти ин сафар бадастомада ва ҳамзамон дарёфти ҷанбаҳои нави ҳамкориҳои кишварҳоямон саъю талошҳои пайгиронаи худро дареғ нахоҳед дошт. Ҷониби Тоҷикистон ба иҷрои ин амри хайр ба Шумо мусоидат хоҳад кард.
Мо хоҳони роҳандозӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои судманд бо Давлати Исроил ҳастем. Хислати доимӣ ва босамар касб кардани муносиботи ду кишварро ҷониби Тоҷикистон қабл аз ҳама дар амалияи ташаккули пояҳои ҳуқуқии онҳо мебинад. Бо назардошти иқтидорҳои мавҷудаи тарафҳо, мо дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, аз ҷумла кишоварзӣ, тандурустӣ ва илму фарҳанг имкониятҳои васеи рушди ҳамкорӣ дорем. Изҳори умедворӣ менамоям, ки Шумо, хонуми олиқадр Кармела Шамил, саъю талошҳои худро барои расидан ба ҳадафҳои рушди муносибатҳои байни кишварҳоямон дареғ нахоҳед дошт. Ба Шумо дар ин самти фаъолият комёбӣ хоҳонам.
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавии муносибатҳои байналмилалӣ масофа мисли пештара садди роҳи ҳамкориҳо шуда наметавонад. Мо аминем, ки тавассути кӯшишҳои муштарак метавонем бо кишварҳои воқеъ дар нимкураи Ғарб - Амрико дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо ҳамкориҳои васеъ ва судмандро барпо намоем.
Ҳолати кунуниву дурнамои муносиботи Тоҷикистон бо Канада, ки таърихи 22 - сола доранд, мисоли возеҳи гуфтаҳои боло мебошад. Имрӯз Тоҷикистон бо ин кишвари аз лиҳози технологӣ ва саноатӣ мутараққӣ, ки дар арсаи байналмилалӣ сиёсати мутавозин ва прагматикиро пеш мебарад, муносибатҳои неки ҳамёрӣ дорад.
Мо дастгириву кумакҳои қаблӣ дар соҳаи амниятӣ, ҳамчунин саҳмгузории Агентии рушди байналмилалии Канадаро дар амалисозии як қатор лоиҳаҳои иҷтимоӣ тавассути созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, минҷумла Хазинаи Оғохон дар ёд дорем ва қадрдонӣ менамоем.
Дар баробари ин, салоҳ медонам аҳамияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодиро, ки тақозои замон аст, таъкид намоям. Барои ин амалия имрӯз имконоту шароит ва заминаи зарурӣ мавҷуданд. Захираҳои бузурги табиии Тоҷикистон, метавонанд мавриди таваҷҷуҳи сармоягузорон ва ширкатҳои канадагӣ қарор гиранд. Гумон мекунам, ки Шумо, ҷаноби Шон Стайл кӯшишҳои худро дар ин самт дареғ нахоҳед дошт ва ман хоҳони комёбиҳоятон дар ин кор ҳастам.
Мо ба рушди муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ ҳавасмандем. Дар ин росто мо ҷонибдори роҳандозӣ ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла мебошем. Мавқеи кишварҳои мо нисбати дарёфти роҳҳои ҳалли проблемаҳои глобалӣ дар бисёр маврид яксон ё ба ҳам наздик аст.
Имрӯз муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни Тоҷикистону Венесуэла дар ҳолати оғоз қарор гирифтаанд ва сатҳи матлубро ҳанӯз касб накардаанд. Аз ин рӯ, салоҳ медонем, ки сатҳи равобити дуҷониба тағйир дода шуда, байни Тоҷикистону Венесуэла асосҳои қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои ҳамкорӣ ба вуҷуд оварда шаванд.
Дар ин самт мақомоти дахлдори дипломатиамон, ба андешаи мо, бояд саъю кӯшиши бештар ва ҳадафманд ба харҷ диҳанд. Умедворем, ки Шумо низ, ҷаноби Сафир, дар ин самт саъю талош намуда, дар ин амри матлуб саҳми назаррас хоҳед гузошт. Ман ба Шумо, ҷаноби сафир Аменутип Замрану дар ин ҷода комёбиҳо хоҳонам. Дар навбати худ Ҳукумати Тоҷикистон ба Шумо дар иҷрои ин нақшаҳо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Дӯстони азиз,
Ҳамаи шумо, муҳтарам сафиронро ба ин муносибати ёдмон бори дигар табрик намуда, хоҳони онам, ки шумо тамоми истеъдод, таҷрибаи бои хидматӣ ва талошу кӯшиши хешро барои татбиқи шоистаи ҳадафҳои воло сафарбар намоед.
Умедворам, ки фаъолияти шумо дар ин мақоми олӣ ба рушди пайгир ва матлуби равобити дӯстонаи халқҳо ва кишварҳоямон ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Дар пиёда кардани ин амри бузург роҳбарияти Тоҷикистон ҳеҷ гуна кумак ва мусоидати дӯстонаро дареғ нахоҳад дошт.
Ба шумо дар иҷрои ин вазифаҳои масъулиятнок комёбиву дастовардҳо орзумандам.
Саломат бошед.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.11.14    №: 226    Мутолиа карданд: 576

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед