logo

ҳуқуқ

КОНСТИТУТСИЯ - ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ

Аз Қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бист сол гузашт. Дар ин муддат ин санади олии ҳуқуқӣ дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муассир бозид. 
Сарқонуни кишвар инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф намуд. Акнун касе, мақомоте ва ё санади меъёрии ҳуқуқие ба хотири ягон манфиат наметавонад ҳуқуқу озодиҳои инсонро маҳдуд ё поймол намояд, зеро Қонуни асосии кишвар инсонро дар маркази арзишҳо қарор додааст. Мутаассифона, баъзе  ҳамватанони мо, бинобар паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқиашон, ин меъёри Конститутсияро  дарк накарда ва ё дарк кардан нахоста,  ба амалҳои номатлуб даст мезананд, ҳаёти худу атрофиёнро зери хатар мегузоранд, ба гурӯҳу ҳаракатҳои ғайриқонунии тундгаро мепайванданд. Мо имрӯз шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар баъзе кишварҳои ҷаҳон бо сабаби  сарфи назар шудани меъёрҳои Қонуни асосӣ давлату ҷомеа ба хатарҳои вазнин ва мушкилоти сангин рӯ ба рӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ гардида, ҳатто хатари парокандагӣ ва тақсимшавии давлатҳоро ба миён овардааст. Чунин вазъият дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвари мо низ ҷой дошт. Шукрона мекунем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон ба ҳам омаданд, дар кишвар сулҳу салоҳ пойдор гашт, ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эътироф кард. 
Президенти мамлакат зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили 20 - умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин нукта ишора намуда, гуфтанд: «Мо бояд ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза низ талқин намоем, ки аз оғози солҳои 90 - ум халқи Тоҷикистон бо сабаби поймол гардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, хусусан меъёрҳои конститутсионӣ оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонд». Ин суханони сарвари дурандеш ва сулҳофарамон ҳар як фарди солимфикру ватандӯстро водор месозанд, ки танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия  ва қонун зиндагӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста талош ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, эҳтирому риояи қонун тарбия намояд. 
Бояд гуфт, ки эҳтиром, риояи меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳам аз шахсони мансабдор ва ҳам аз шаҳрвандон дониши баланди касбӣ ва маърифати ҳуқуқиро талаб мекунад. Бо ин мақсад ҳанӯз соли 1997 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, сипас Барномаи давлатӣ дар бораи тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ба тасвиб расида буданд. Соли 2009 бошад, ҷиҳати такмили низоми таълиму тарбияи ҳуқуқӣ барномаи нави Ҳукумат қабул гардид, ки он дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат намуд. 
Дар ин самт ниҳодҳои дахлдор бояд барномаи вижаи амал дошта бошанд ва мо бо заҳмати содиқонаву софдилона ояндаи дурахшони Ватани азизамон - Тоҷикистонро таъмин созем. Гузашта аз ин, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузошта, дар асоси ин шиносномаи миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаамон саъю талош намоем.
 
Замира БЕРДИҚОЛОВА,
 ассистенти кафедраи фалсафа 
ва сиёсатшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи 
Шириншо Шоҳтемур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.11.2014    №: 227    Мутолиа карданд: 781

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед