logo

сиёсат

Шириншоҳ Шоҳтемур: "Таъсиси рӯзнома бисёр зарур буд"

Бори аввал идеяи таъсиси варақа ё рӯзномаи тоҷикиро  дар Бадахшон Шириншоҳ Шоҳтемур ба миён гузошта буд. Ӯ соли 1921 бо супориши Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Туркистон ба  ҳайси узви Сегонаи ҳарбӣ – сиёсӣ барои таъсис ва бунёди кумитаҳои инқилобӣ (аввалин нишонаҳои Ҳокимияти нави Шӯроӣ) ба Помир омада буд. Муддати ду соли фаъолият дар гӯшаву канори ин сарзамини кӯҳистон, дар баробари ифшои ҳазорон мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии сокинони маҳаллӣ ба хулосае омад, ки ба зиндагии мардум қабл аз ҳама вуҷуд надоштани  ягон навъи воситаи хабарпаҳнкунӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, соли 1922 ба Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Туркистон, ки қаламрави Помир расман шомили он буд, гузоришномае (Бойгонии давлатии Ӯзбекистон, Ф.Р-17, рӯихати 1, парвандаи 19, в.197) пешниҳод кард. Дар ин гузоришнома қабл аз ҳама зарурати ба Бадахшон фиристодани як дастгоҳи ротаторӣ барои нусхабардорӣ кардани хабарҳои муҳимтарини сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодии беруна ва маҳаллиро дар шакли як варақа ба марказ фаҳмонд. Аммо ин хоҳиши ӯ иҷро нагардид ва сарфи назар аз рӯзномаҳо ва гоҳномаҳо, ки муваққатан мебаромаданду боз баста мешуданд, рӯзномаи мунтазам чопшаванда дар Кӯҳистони Бадахшон танҳо баъди нӯҳ сол (1931) пайдо шуд.
Сипас «Ш.Шоҳтемур дар ташкил кардани якумин газетаи тоҷикӣ дар Туркистон – «Овози тоҷик», ки аз моҳи сентябри соли 1924 дар шаҳри Самарқанд мебаромад, инчунин дар нашр кардани аввалин китобҳои дарсӣ, барои ба забони тоҷикӣ таълим додани бачагони тоҷик дар мактабҳои советӣ хеле хизмат кард», навиштаанд муҳаққиқон А.В.Макашов ва В.А.Руднитский дар очерки сиёсиашон «Шириншо Шотемур» (Д., «Ирфон»,1964).
Дар ин замон – дар нимаи якуми солҳои 20-ум Шириншоҳ Шоҳтемур аввал дар котиботи Шӯрои Комиссарони Халқӣ, сипас ба ҳайси инструктори шӯъбаи таҳтонии ақаллиятҳои миллии шӯъбаи ташвиқотиву тарғиботии КМ ҲК(б) ҶМШС Туркистон кор карда, ҳамчунин узви Президиуми Кумитаи инқилобии тоҷик буд.
Дар ҳамин ҷо ӯ ҳамчун идеолог тавонист масъалаи ташкили рӯзномаи алоҳида барои тоҷикони Осиёи Миёнаро ба миён гузорад ва ба таври мусбат ҳал кунад. ӯ Ҳасан Ирфонро  масъули рӯзнома таъин кард. Устод Садриддин Айнӣ, Нисор Муҳаммад, А.Муҳиддинов, С.Ализода, Т.Зеҳнӣ, А.Сатторӣ, М.Хуҷандӣ, А.Исмоилзода ва дигар равшанфикрони тоҷик аз минтақаҳои мухталифи точикнишин ҳамкорони фаъоли «Овози тоҷик» буданд. Оғози нашри ин рӯзнома, дар  замоне, ки идеологияи пантуркистӣ ҳукмронӣ мекард, осон набуд. Шумораи нахустини он ба роҳбарони давр ҳам, ки аксаран тарафдори ғояҳои пантуркистӣ буданд, маъқул наафтод. Рӯзнома ба дифои забони тоҷикӣ мақолаҳое чоп мекард.
Роҳбарони вақти Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзномаро ҳамон замон бастанӣ мешаванд. Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад ин хатарро фаҳмида зуд аз Тошканд ба Самарқанд меоянд. Онҳо нахуст устод Айниро пайдо карда маслиҳатҳои судбахши ӯро мегиранд. Бо маслиҳат рӯзнома ба мақоми (органи) Оргбюро (Бюрои ташкилии Кумитаи инқилобии тоҷик) табдил дода мешавад ва аз хатар эмин мемонад.
Шириншоҳ Шоҳтемур якчанд фаъолони сиёсии точикро ҷамъ оварда мегӯяд: «Дар шароите, ки пантуркизм ҳукмфармо аст, масъалаи миллиро ҳал кардан ниҳоят душвор, илова бар ин, мутаассифона, қисми равшанфикрони тоҷик таҳти ин вабои мудҳиш сару ҳисобашонро гум кардаанд. Тақдири одамонро набояд як гурӯҳи одамони оҷиз ҳал кунад. Онҳо ҳуқуқ доранд ҷумҳурии мухтори худро дошта бошанд, вазъияти ҳозира инро талаб мекунад. Мо ба ин ноил мегардем». («Ҷавонони Тоҷикистон», 6 апрели соли 1990).
Баъди 12 сол дар Пленуми чоруми КМ ВК (б) Тоҷикистон (14 феврали соли 1936) Шириншоҳ Шоҳтемур таърихи таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро ёдовар шуда мегӯяд: «Дар назди КМ Ҳизби Коммунистии Туркистон сексияи коммунистӣ буд, ки ман онро роҳбарӣ мекардам. Барои мо таъсиси рӯзномаи аввалин бисёр зурур буд, вале мо пул надоштем. Ман бо Ҳоҷибоев шинос шудам ва ӯ, ки дар вазифаи раиси Комитети консесии (предоблконцесском) вилояти Фарғона буд, барои таъсиси газета 2000 рубл дод» (К.Искандаров.Славный сын таджикского народа., Д.,1999, с.16).
Шириншоҳ Шоҳтемур бо таъсиси ин рӯзнома иктифо намекунад. Саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки шумораву теъдоди рӯзнома зиёд ва сатҳи он баланд бардошта шавад, то ба оммаи васеи тоҷикон дар манотиқи гуногун дастрас гардаду асари нек гузорад. Азбаски ӯ медонист, ки эҳтимолияти ҳалли масоили марбут ба мақоми тоҷикони Осиёи Миёна дар ҶМШС Туркистон камтар ҳалли худро пайдо мекунанд, ин арзро  ба КМ РКП(б) СССР ирсол дошт.
Гузоришнома, ки матнашро дар зер меорем, дар бойгонии ҳизбии собиқ Пажӯҳишгоҳи таърихи Ҳизби Коммунисти Ӯзбекистон (шаҳри Тошканд) дар фонди 60, номгӯи 1, делои 4838 маҳфуз аст.       

ГУЗОРИШ
Ба шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи КМ РКП(б)
Қатори дигар халқҳо тоҷикон қисмати бузурги аҳолии Осиёи Миёнаро ташкил кунанд ҳам, то ҳанӯз аз хизматрасонии матбуот бархурдор нестанд. Қисми ақалли тоҷикони ҳамворзамини Туркистон, ки дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд, ӯзбекӣ ва русиро медонанд, боқимондаҳо-деҳотиҳо ва кӯҳистониҳо ҷуз забони тоҷикӣ (форсӣ) дигар забонҳоро намедонанд. Аз нигоҳи марз (сарҳад) ва дар асоси барӯихатгирии соли 1921, тоҷикон чунин ҷойгир шудаанд: дар Ҷумҳурии Бухоро 802000, дар Помири Ғарбӣ 21500 дар Ҷумҳурии Туркистон 403000 нафар. Ғайр аз ин, ба забони тоҷикӣ дар мамолики ҳамсарҳад низ ҳарф мезананд. Чунончи, дар Афғонистон зиёда аз милён нафар тоҷик зиндагӣ карда, забони давлатиашон тоҷикист. Ғайр аз ин, қабилаҳои шимолии Ҳиндустон (Сарҳад) низ ба ҳамин забон такаллум мекунанд. Дар қисми сарҳадии Хитой (Сариқул) ҳам тоҷикон маскан гирифта, тамоми Эрони Шарқӣ-гаҳвораи тоҷикон ҳамчунин бо ҳамин забон гуфтугӯ мекунад. Бад-ин минвол интишори васеъ ва аҳамияти бузурги ин забонро ба асос гирифта, шӯъбаи таҳтонии ақаллиятҳои миллии КМ ҲК Туркистон зарур шуморад, ки ба ин забон барои сухани чопӣ рӯзномае, ки ҳаёти рӯзмарраро равшан инъикос кунад, нашр шавад. Он, аллакай, аз 25 моҳи августи ҳамин сол баромада истодааст. Вале, бо вуҷуди набудани васоит рӯзнома ҳафтае фақат як бор мебарояд, ки ҳаргиз қонеъкунандаи ниёзи мардум нест. Шӯъбаи таҳтонии ақаллиятҳои миллӣ зарур мешуморад, ки рӯзнома агар ҳамарӯза не, лоақал ҳафтае се маротиба интишор гардад. Барои ин шӯъбаи таҳтонии ақаллиятҳои миллӣ, ба шумо панҷ шумораи аввалини ин рӯзномаро ирсол фармуда, ақаллан дар давраи аввал, то пойдору мустаҳкамшавии он, дар соли буҷетии 24-25-и КМ РКП(б) ба сметаи рӯзномаҳои ақаллиятҳои миллӣ дохил кунондани онро зарур мешуморад.
Ғайр аз ин шӯъбаи таҳтонии ақаллиятҳои миллӣ дар асоси фикрҳои боло кори сусти Нашриёти давлатии Осиёи Миёнаро, ки аз ӯҳдаи таъмини тамоми халқиятҳои Осиёи Миёна намебарояд, ба назар гирифта, кӯмак металабад, ки масъалаи нашри теъдоди муайяни китобҳои сиёсӣ ва дарсӣ ба забони тоҷикӣ тавассути нашриёти «Маркази халқҳои СССР» ҳал шавад.
Мудири шӯъбаи таҳтонии ақаллиятҳои миллии КМ ҲК Туркистон Богод, инструктори шӯъбаи таҳтонии ақаллиятҳои миллӣ Шоҳтемур.
Масъалаи таъсиси рӯзномаҳои нерӯманд барои аҳолии тоҷик ҳамчунин дар маърӯзаи хаттии ӯ ба унвони И.В. Сталин «Дар бораи мавқеи маданӣ-иҷтимоӣ ва иқтисодии тоҷикон дар қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 25 июни соли 1925 (Бойгонии марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, маҳфузаи 1, номгӯи 1, парвандаи 214, варақаи 116) низ ба маърази диққат гузошта шудааст. ӯ дар баробари талаби таъсиси рӯзномаи доимӣ ба забони тоҷикӣ ҳамчунин бо таассуф фаъолияти  ду рӯзномаи ӯзбекӣ – «Зарафшон» ва «Туркистон»-ро ёдовар мешавад, ки онҳо мунтазам дар мақолаҳояшон мавҷудияти тоҷикон дар Осиёи Миёнаро умуман инкор мекарданд. Баъди таъсиси муваффақонаи  ҶМШС Тоҷикистон (1924) ва ҶШС Тоҷикистон (1929) ҳам таъсиси тамоми навъҳои васоити ахбори омма, нашриётҳо дар маърази диққати Шириншоҳ Шоҳтемур буд ва ӯ дар ҳалли ин масоили муҳим ҳеҷ гоҳ донишу қувва ва имконоташро дареғ намедошт.
Шириншоҳ Шоҳтемур замони дар вазифаи котиби масъули Кумитаи ҳизбии вилоятии ҶМШС Тоҷикистон, котиби дуюми КМ ҲК (б) Тоҷикистон ва Раиси КИМ-и РСС Тоҷикистон кор карданаш, дар баробари кӯмак расондан ба таъсиси расонаҳои гурӯҳии нав ба нав,  мунтазам дар расонаҳои иттилоотии даврӣ баромад мекард. Аз ҷумла, мақолаҳои ӯ дар бораи муваффақиятҳои  давлати ҷавони Тоҷикистон дар рӯзномаҳои умумииттифоқии «Правда» ва «Известия» низ ба табъ расида буданд.

Қурбон АЛАМШОЕВ, журналист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1026
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед