logo

ҳуқуқ

ПРОКУРАТУРА МАҚОМОТИ ДАХЛДОРРО ВАЗИФАДОР КАРД

Прокуратураи вилояти Хатлон мақолаи Зокир Ҳасан «Тамокукаш гунаҳгор, дигарон чӣ?» - ро, ки дар шумораи № 183, аз 19 сентябри соли 2014, чоп шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод. Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки кормандони прокуратураи вилояти Хатлон баҳри риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истеъмоли тамоку» чораҳои муассир андешидааст.
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро пешбинӣ намуда, риояи он имкон медиҳад, ки  саломатии аҳолӣ ҳифз шуда, имкониятҳои беморшавиро дар байни шаҳрвандон коҳиш диҳад. Бинобар ин, прокуратураи вилоят ҷиҳати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ»,  ки иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба истеҳсол, воридот ва содироти маҳсулоти тамокуро ба танзим медарорад, пайваста санҷиш мегузаронад.
Гузашта аз ин, прокуратураи вилоят якҷо бо мақомоти соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, дин, маориф дар байни аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо низ вохӯрию суҳбатҳо баргузор намуда, мақсаду моҳияти қонуни мазкурро мефаҳмонад.
Бояд гуфт, ки барои истеъмоли маҳсулоти тамоку дар ҷойҳои мамнӯъ шахсони зиёде ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда бошанд ҳам, сафи чунин ашхос дар давоми соли равон нисбат ба тамоми давраи соли 2013 на кам, балки зиёдтар гаштааст. Аз ин рӯ, ба мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ вусъат бахшида, дар ин асос ҳамкориҳои судмандро бо расонаҳои хабарӣ ба роҳ монанд ва ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Дар прокуратураи вилояти Хатлон айни замон вобаста ба риояи иҷроиши банди 2, моддаи 7 – и қонуни мазкур барои кашидани тамоку ҷойи махсусе ҷудо шуда, дигар мақомоти дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо вазифадор шуданд, ки ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳанд.
Прокуратураи вилояти Хатлон дар оянда низ барои риояи иҷроиши пурраи қонуни зикршуда тадбирҳои амалӣ меандешад.
 
С. НУРЗОДА,
прокурори вилояти 
Хатлон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2014    №: 228    Мутолиа карданд: 595

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед