logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ИВЕТА ГРИГУЛЕ

21 ноябр Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ивета Григуле - роҳбари ҳайати Порлумони Иттиҳоди Аврупо доир ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказиро ба ҳузур пазируфт. 
Бар пояи иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шудааст. Зимни суҳбат Сарвари давлат бо изҳори хушнудӣ аз сатҳи кунунии робитаҳо таъкид намудааст, ки «Иттиҳоди Аврупо дар симои Тоҷикистон метавонад шарики боэътимоди худро дар минтақаи аз нигоҳи геополитикӣ басо муҳими Осиёи Марказӣ, ки дар хатти пеши мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир қарор дорад, дошта бошад».
Бино ба гузориши манбаъ, дар вохӯрӣ, ҳамчунин аз ҳамкориҳои судбахши ҷонибҳо, ки дар доираи Кумитаи ҳамкории байнипарлумонӣ ва «Гурӯҳи дӯстӣ»-и Тоҷикистон ва Порлумони Иттиҳоди Аврупо сурат мегиранд, изҳори хушҳолӣ шудааст.
Хонум Ивета Григуле, роҳбари ҳайати Порлумони Иттиҳоди Аврупо доир ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, баъд аз дидору гуфтугӯ  бо Президенти мамлакат ба хабарнигорон изҳор дошт, ки ин мулоқот барои таҳкими муносиботи минбаъда заминаи устувор хоҳад гузошт. Ба иттилои ӯ, дар суҳбат оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, зербино ва амнияти минтақаӣ, ки се самти афзалиятноки  робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупост, гуфтугӯи судманд сурат гирифтааст.
Тибқи оммори дастрас ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо аз 362 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2012 ба 534 миллион дар соли 2013 расидааст.
 
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.11.2014    №: 228    Мутолиа карданд: 734

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед