logo

туризм

БАЛҶУВОН - ТАМОШОГОҲИ САЙЁҲОН

Балҷувон бо таъриху нигораҳои қадима, манзараҳои табиии пурарзиш, назири  шаршараи Пушти Боғи Камолӣ, Сафедов,  обҳои  шифобахши  Гӯгирди Султон  Увайс, Қалъчак, Булғурӣ, Оби гӯр,  Шулук, чашмаҳои Касхову Хибил, дарахти азимҷуссаи Шинг ва олами ҳайвоноту набототи  беназир  кайҳо дили  мардумро тасхир намудааст.

Бо назардошти  иқтидори туристӣ ва дар ин замина   беҳтар кардани шароити иқтисодию  иҷтимоии  сокинони ноҳия  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қарор аз 3 ноябри соли 2001,  таҳти рақами 498 ҳудуди ноҳияи Балҷувонро минтақаи туризми байналмилалӣ эълон намуд. Инчунин  Барномаи маҷмӯи рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати туризми байналмилалӣ дар давраи солҳои 2002 – 2012 мавриди амал қарор гирифт. Ин тадбирҳо на танҳо барои ғанӣ гардидани буҷети давлат,  балки  баҳри фароҳам овардани заминаи мусоид  барои беҳзистии аҳолии кӯҳистон равона шуданд.  Бо анҷоми корҳои сохтмониву барқарорсозӣ  ва бунёди инфрасохтори туристӣ имрӯз симои ноҳияи Балҷувон куллан тағйир ёфта, пешравиҳо дар ҳама соҳаҳо ба назар мерасанд.  Ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба ин макони биҳиштосо сол то сол афзуда истодааст. Туристон бештар ба табиати беназиру обҳои шифобахши он мароқ зоҳир мекунанд.   Онҳо аз ёдгориҳои таърихиву  табиати афсонавии ин гӯшаи диёрамон  дидан намуда, аз сайр ва  истироҳати бофароғат  як ҷаҳон таассурот  мебардоранд. Бо  кору зиндагии мардум шинос мешаванд. Ҳангоми  сайру гашт дар кӯҳистон аз маркабу аспҳои сокинон истифода  мебаранд.  Бештари сайёҳон ба осиёбҳои қадима, ҷуфти барзаговҳо, касбҳои  гилему бурёбофӣ ва ҷувоз дар дохили чинори азимҷусса таваҷҷуҳ менамоянд. Бинобар ин, ба андешаи банда, ривоҷи  касбҳои қадимӣ дар ин минтақа аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Мавҷудияти  ёдгориҳои зиёди таърихӣ дар ин мавзеъ бозгӯи  онанд, ки ин сарзамин замоне ободу шукуфо будааст. Дар ин мавзеъ бузургони давру замон, ба монанди шоҳи Аккоша, Искандар, Соҳиб, Шоҳбақои Тӯморӣ, Саид Минҳоҷи марди Валӣ, шоҳ Неъматуллои Заробӣ ва Хоҷа Қутбиддин сукунат доштанд. 
Ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ дар ҳамбастагӣ бо табиати зебо  заминаи мусоид барои ба роҳ мондани туризми байналмилалӣ  арзёбӣ мешавад.
Тибқи маълумот Балҷувон таърихи зиёда аз дуҳазорсола дорад. 
Балҷувон дар баландии 1380  метр аз  сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Масоҳати умумии он 132662 гектарро ташкил медиҳад. Роҳ аз Балҷувон то маркази ҷумҳурӣ – шаҳри  Душанбе 175 километр аст. Ноҳия дар мавқеи хуби ҷуғрофӣ ҷойгир буда, дар ҳама фаслҳои сол  иқлими салқину муътадил дорад. Таллу теппаҳои он ҳамеша алафзор буда, дарахтон  сарсабзанд. Заминҳои Балҷувон асосан барои зироаткорӣ, аз қабили гандум, ҷав, наск, нахуд, зағир, кунҷит ва боғу токпарварӣ мувофиқ аст. Соҳаи чорводорӣ низ яке аз соҳаҳои сердаромади ноҳия ба ҳисоб меравад.
Тавре  мудири  шуъбаи фарҳанг ва туризми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Шамсулло Аҳадов ба мо гуфт, диққати сайёҳони хориҷиро бештар табиати зебою  афсонавии  мавзеи  Сари  Хосор  ба худ ҷалб мекунад. 
Боғи табиии Сари Хосор дар ҳайати Парки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003, таҳти рақами 475, бо мақсади ҳифзи олами ҳайвоноту набототи ин мавзеъ  таъсис дода шуд. Масоҳати боғи табиӣ  3805  гектар мебошад. Сохтмони бинои маъмурии Боғи  табиӣ аз соли 2006 оғоз  гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин самт идома доранд. Аз маркази ноҳия то Сари Хосор 36 километр аст. Сари Хосор аз деҳаҳои Дошмандӣ ва Боғи зоғон шурӯъ шуда, то мавзеи Санги сабз мерасад. Ҳама ҷо дарахтони сояафкани қарағай, шинг, фарк, заранг, чинор ва мевадиҳандаи туғ, дулона, тут, чормағз, олуча, гелос ин мавзеъро ба як боғи табиии ботаникӣ табдил додаанд. Аз ҳар дараи Сари Хосор то Санги сабз обҳои мусаффои  чашмаҳо ба сӯи дарёҳо ҷорианд. Чормағзҳо ва тутмавизҳои Сари Хосор, ки дар фаслҳои тобистону тирамоҳ омода мешаванд, хеле ширину болаззатанд. Маркази маъмурии Ҷамоати деҳоти Сари Хосор  деҳаи Шоҳидон буда, он  моҳи июни соли 1991 таъсис ёфтааст. Масоҳати он  40,4  ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Шумораи аҳолии ин ҷамоати дурдасти кӯҳӣ 5 ҳазору 898 нафар аст. Дар ҳудуди ҷамоат чордаҳ  мактаби миёна, чор бунгоҳи тиббӣ, ду  китобхона ва яктоӣ мактаб - интернат, осорхонаи таърихии кишваршиносии «Сари Хосор»,  дармонгоҳ, беморхонаи маркази байналмилалии тавонбахшӣ барои бемориҳои фалаҷ, хоҷагии ҷангал, боғи табиии «Сари Хосор» ба  мардуми ҷамоати дурдаст хизмат мерасонанд. Ҳоло дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосор 70 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 3 хоҷагии деҳқонии фермерӣ ва 350 хоҷагии деҳқонии занбӯриасалпарварӣ фаъолият доранд.
Аз нисф зиёди гиёҳҳои шифобахше, ки табибони мардумии кишвар барои табобат истифода мебаранд, маҳз дар кӯҳсорҳо мерӯянд. Ҳатто дар баландкӯҳҳои Санги сабз решаи тиллоӣ мерӯяд, ки дар тибби мардумӣ  он ҳамчун давои пурқимат маҳсуб меёбад. Дар кӯҳҳои сарбафалак кашидаи Сари Хосор на танҳо оҳувони  зоти бухороӣ, балки гавазнҳо, хукҳои ёбоӣ,  хирсҳо ва ҳатто палангҳо сайру гашт мекунанд.
Ягона мушкилие, ки сокинони Сари Хосорро  азият медиҳад, ин  набудани роҳи автомобилгард  аст.  Мардум барои расидан то маркази  ноҳия  аз маркабу аспҳо истифода  мебаранд. Дар фасли сармо роҳҳо пурра баста мешаванд. Дар ин самт бо супориши махсуси  Сарвари  давлат, аз соли 2010 сохтмони роҳи автомобилгарди Балҷувон - Сари Хосор аз тарафи Вазорати нақлиёт  оғоз ёфта,  то ҳол идома дорад. Хуб мешуд, агар масъалаи мазкур сари вақт ҳалли худро меёфт.

Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2014    №: 229    Мутолиа карданд: 12330

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед