logo

ҳуқуқ

МУБОРИЗА БО МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ

Сайидалӣ БОБОЗОДА,

сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории
андоз ва гумруки прокуратураи вилояти Хатлон

Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардид, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо молу маводи босифат ва дар ин замина рушди дастгирии соҳибкорӣ, бояд сифат ва бехатарии маҳсулот дар мадди  назари аввал  гузошта  шавад. Бо назардошти ин нуктаи муҳим дар вилояти Хатлон  ҳолати иҷрои қонунгузории гумрук ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда вобаста ба ҳимояи бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти пастсифат мавриди санҷишу таҳлил қарор гирифт.
Мувофиқи маълумоти оморӣ дар соли 2013 тавассути дидбонгоҳҳои гумрукии вилоят бо арзиши 67,4 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти хӯрокворӣ ворид гаштааст, ки 55,5 дарсади молҳои воридшударо ташкил медиҳад. Дар нимсолаи аввали соли равон бошад, ба маблағи 37,1 миллион доллар ё 80,1 дарсади миқдори умумии молҳои воридшуда дар асоси сертификати мутобиқати маркази вилоятии «Тоҷикстандарт», хулосаи мақомоти назорати давлатии байторӣ, санитарӣ - карантинӣ ва фитосанитарию карантини растанӣ ба расмияти гумрукӣ дароварда шудаанд. Дар ин давра, бинобар ба меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ мутобиқ набудани 12000 килограмм мандарин (1500 қуттӣ) ба ҶДММ «Билоли Шерзод» - и шаҳри Душанбе иҷозат дода нашудааст, ки онро ба ҷумҳурӣ ворид намояд. Тибқи хулосаи мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ин маҳсулотро ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргардонданд.  Дар як ҳолат, барои пешгирии воридоти маводи дорувории пастсифат, аз 10 майи соли равон, дар асоси хулосаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ доруҳои тариқи гузаргоҳи сарҳадии Панҷи поён вориднамудаи Ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи фармасевтони Тоҷикистон, намуди парасетамол, асетамол, амоксасилин, сефтриоксон ва ғайра, бинобар ба талаботи меъёр ҷавобгӯ набудан, бо низоми гумрукии «Реэкспорт» ба давлати интиқолдиҳандаи мол (Покистон) бозпас гардонда шуд.
Дар ҳашт моҳи сипаришуда аз тарафи мутахассисони нуқтаи назоратии Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят дар гузаргоҳи «Панҷи поён» намунаи маҳсулоти воридгардида гирифта шуда, аз натиҷаи ташхис барои ба талаботи меъёрҳои стандарти давлатӣ ҷавобгӯ будан, 649 сертификати мутобиқат ба маводи хӯрокворӣ дода шудааст. Ҳолатҳои беэътибор донистани ин намуди сертификати мутобиқат ҷой надоранд. Вале, дар мавридҳои алоҳида дар нуқтаи назоратии маркази вилоятии «Тоҷикстандарт» ҳолатҳои дастрас накардани сертификати байторӣ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифати давлати истеҳсолкунанда вобаста ба маҳсулоти гӯштии воридшуда (ба миқдори 28 тонна гӯшти гови истеҳсоли Ҳиндустон) ба назар расид. Дар мавриди дигар, бе мавҷудияти хулосаи мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба ҶДММ «Жасмин-2013», аз 9 августи соли равон, барои 20200 килограмм обҳои нӯшиданӣ  сертификати мутобиқат додаанд. Дар ин муддат, ба ҳамин тартиб, аз ҷониби Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои минтақаи Кӯлоб ба маводи истеъмолӣ -  2 тонна нӯшобаи «Манго», 75000 дона тухми мурғ ва 20002 килограмм қимаи гӯшти мурғ се адад сертификати мутобиқат дода шудааст.
Санҷиш нишон дод, ки ба ин намуди маҳсулот сертификатҳои сифати давлати истеҳсолкунанда ва дигар ҳуҷҷатҳои тавлидӣ мавҷуд набуда, ҳангоми ворид гардидани маҳсулот бе мавҷудияти иҷозатномаи назорати давлатии байторӣ ва хулосаи мақомоти санитарию эпидемиологӣ аз тарафи шуъбаи баҳодии мутобиқати раёсати «Тоҷикстандарт» дар минтақаи Кӯлоб сертификати мутобиқат  дода  шудааст. Дар баробари ин, санҷиш муайян кард, ки сардори шуъбаи баҳодиҳии мутобиқати раёсати мазкур Ҳ. Боқиев бо роҳи суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси шуъбаи сертификатсияи маҳсулоти ҳамин раёсат З. Мирзоев, 18 июни соли равон, санади қалбакиеро дар бораи аз соҳибкор Х. Раҳматуллоев барои  ташхис гирифтани 6 дона тухми мурғ тартиб дода, дар он имзоҳои Н. Ғуломов ва Х. Раҳматуллоевро сохтакорона гузошта, ба охирон сертификати мутобиқати сифати 75000 дона тухмро, ки ҳанӯз ворид нашуда буд, додаанд. Дар асл Х. Раҳматуллоев рӯзи 20 июн тавассути гузаргоҳи сарҳадии «Кокул» - и ноҳияи Фархор 700 қуттӣ (126000 дона) тухми мурғ ворид карда, онро ба сокини шаҳри Кӯлоб Қ. Зоиров тариқи ғайринақдӣ фурӯхтааст. Аз сабаби гузаштани муҳлати истеъмол тухмҳо ба фурӯш нарафта, Х. Раҳматуллоев зарари калон дидааст. Аз ин лиҳоз, бо натиҷаи санҷиш, 23 сентябри соли 2014, нисбат ба Ҳ. Боқиев ва дигарон бо моддаҳои 314 қ.1, 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши  пешакӣ  идома дорад.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №1111, аз 20 ноябри соли 1998, «Дар бораи баъзе тадбирҳо ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридот ва содироти маҳсулоти озуқаворӣ, ки маълумоти тавлидӣ ва сифатӣ надоранд аз 1 январи соли 1999 манъ шудааст. Бо Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 97, аз 16 марти соли 1999 вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳо вазифадор шуданд, ки иҷрои ҳатмии фармони Президентро таъмин  намоянд.
Мувофиқи қарори зикршуда шахсони воқеию ҳуқуқӣ низ, сарфи назар аз шакли моликият, вазифадор гардиданд, ки ҳангоми воридот, содирот, муомилоти молҳои ғизоӣ ва дигар маҳсулот мавҷудияти сертификати мутобиқат, сертификати пайдоиш, маълумот бо нишон додани номи мамлакат ва ширкати тавлидкунанда, рамзи мол, аломати мутобиқат, тамға, вазн, ҳаҷми маҳсулот, таркиб, арзиши ғизоӣ, муҳлати истеъмол, шартҳои нигоҳдориро таъмин созанд. Мутаассифона, талаботи қарори мазкур аз мадди назар дур монда, иҷрои он  аз  ҷониби  субъектҳои  воридкунандаи мол  талаб  карда  намешавад. 
Тавре ки санҷиши прокурорӣ нишон дод, дар нуқтаи назоратии бахши Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ   (гузаргоҳи сарҳадии «Панҷи поён») дар ягон маҳсулоти вориднамудаи соҳибкорон сертификати давлати истеҳсолкунанда ва дигар ҳуҷҷати сифатӣ ё тавлидӣ дида намешавад. Ҳатто сертификати фитосанитарии давлати содиркунанда гирифта нашуда, дар нуқтаи мазкур бархилофи талаботи қонун ягон намуди таҷҳизот барои гузарондани ташхиси лабораторӣ вуҷуд надорад. Дар ин ҷо ташхиси маҳсулоти таҳти назорати карантин асосан бо роҳи визуалӣ анҷом дода  мешавад.
Дар рафти санҷишҳои прокурорӣ ҳолатҳои ба маҳсулоти иҷозати воридоти карантинӣ надошта, аз ҷониби нуқтаи назоратии бахши Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ дар гузаргоҳи «Панҷи поён» додани  сертификати карантинӣ  ошкор  гардид. Чунончи, ба соҳибкор А. Ҳалимов барои ворид намудани шакар, биринҷ, чой, донаи бодом ва мавиз иҷозати воридоти карантинии №0007219, аз 18 сентябр дода шуда бошад ҳам, охирон 20 сентябр баробари шакару биринҷ 4000 килограмм анор ва 1950 килограмм сирпиёз низ ворид кардааст. Аммо сардори нуқтаи назорати фитосанитарӣ ва карантини растании гузаргоҳи сарҳадии «Панҷи поён» Б. Алимов ба ин маҳсулот, ки иҷозати воридоти карантини хадамотро надоштанд, сертификати  карантинӣ  додааст. 
Дар асоси банди 2 - и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 97, аз 16 марти соли 1999, тартиби сертификатсияи маҳсулоти озуқа ва дигар молҳое, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз он содир мегарданд, тасдиқ шудааст. Мувофиқи он сертификатҳое, ки бо вайрон намудани шартҳои банди 2 қарори мазкур дода шудаанд, ҳуҷҷати мутобиқати молҳои талаботи муқаррарнамудаи бехатариро тасдиқкунанда ҳисоб намешаванд. Дар чунин ҳолат мақомоти гумрук иҷозати воридот ё  ба муомилоти озод баровардани молу маҳсулотро намедиҳад. Аммо нозирони барасмиятдарории гумрукии дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи поён» талаботи қарори Ҳукуматро ба эътибор нагирифта, дар чандин маврид бе пешниҳоди сертификати мутобиқат маҳсулоти истеъмолиро ба расмият дароварда ё дар баъзе ҳолатҳо аз молинтиқолдиҳандаҳо барои пешниҳоди  сертификати мутобиқат уҳдадорӣ гирифта, барои муомилоти озод  иҷозат  додаанд.
Чунончи, дар бастаи эъломияи гумрукии № 0001394, аз 6 сентябри соли 2014, дар бораи  барасмиятдарории гӯшти мурғ ба миқдори 30000 килограмм, ки аз ҷониби ҶДММ «Барзу - 07» ворид шудааст, сертификати сифат ва ҳуҷҷати тавлидии давлати истеҳсолкунанда (Бразилия) мавҷуд набуда,  сертификати мутобиқати маркази вилоятии «Тоҷикстандарт» бошад, аз 7 сентябр, яъне  пас аз барасмиятдарории гумрукӣ, пешниҳод шудааст. Инчунин, аз бастаи эъломияи гумрукии № 0001479, аз 23 сентябри  соли ҷорӣ, маълум гардид, ки маҳсулоти воридкардаи ҶДММ «Ойл-ТҶ» -синаи мурғобӣ ба миқдори 6000 қуттӣ бе сертификати мутобиқат ба расмияти гумрукӣ дароварда шуда, соҳиби мол уҳдадор шудааст, ки то 25 сентябр онро пешниҳод мекунад. Аммо то рӯзи санҷиш (27 сентябр) сертификати мутобиқати сифати ин маҳсулот ба мақомоти гумрук пешниҳод нашуда, нозири барасмиятдарории гумрукӣ   бо вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ, молро ба расмияти гумрукӣ даровардааст.
Санҷиши бастаи эъломияи гумрукии № 0001402, аз 6 сентябри соли равон, нишон дод, ки маҳсулоти ширию қаймоқии воридкардаи ҶДММ «Алика» - и шаҳри Душанбе ба миқдори 89000 килограмм бидуни сертификати мутобиқат ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ба расмияти гумрукӣ дароварда шудааст. Шаҳодатномаи байторӣ ба ин маҳсулот аз 7 сентябр дода шуда, мутахассиси нуқтаи назоратии маркази стандартизатсияи вилоят 6 сентябр намунаи қаймоқро барои ташхис гирифта, онро то рӯзи барасмиятдарории гумрукӣ пешниҳод накардааст. Нозири гумруки «Панҷи поён» бошад, пешакӣ маҳсулоти мазкурро ба расмият дароварда, барои  муомилоти озод  иҷозат додааст. Ҳол он ки дар асоси талаботи моддаи 66 - и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарорӣ танҳо баъди анҷом додани назорати давлатии санитарию карантинӣ, карантини фитосанитарӣ, байторӣ ва намудҳои дигари назорати давлатии воридоти мол ба қаламрави гумрукии  ҷумҳурӣ  ё  содироти  онҳо  аз  ин  қаламрав  сурат  мегирад.
Нозирони барасмиятдарории гумрукии дидбонгоҳҳои гумрукии раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилоят низ баъзан талаботи қонунгузории ҷорӣ ва дигар санадҳои меъёрии соҳавиро сарфи назар намуда, ҳуҷҷатҳои тавлидӣ ва ба сифати маҳсулот дахлдорро талаб намекунанд. Зимни санҷиши бастаи эъломияи гумрукии № 0000227, аз 15 августи соли 2014, маълум гашт, ки соҳибкор А. Рустамов бе иҷозатномаи хадамоти байторӣ аз Фаронса ба миқдори 20455 килограмм қимаи мурғи марҷон бо арзиши гумрукии 14524 доллар ворид намуда, онро нозири дидбонгоҳи гумрукии Кӯлоб А. Саидов бе гирифтани хулосаи мақомоти байторӣ ба расмияти гумрукӣ даровардааст.
Дар ҷараёни санҷиши дидбонгоҳи гумрукии «Кокул» ҳолатҳои ба расмияти гумрукӣ надаровардани маҳсулоти воридотӣ низ ошкор шуданд. Масалан, Н. Абдураззоқов, нозири калони дидбонгоҳи гумрукии «Кокул», то моҳи майи соли 2014 ваколати барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиётро ба зимма дошта, бо роҳи суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва бархилофи манфиатҳои хидматӣ дар давоми моҳи апрели соли равон ба миқдори 240 қуттӣ шарбати «Манго» ва 62 тонна (1260 халта) сементи вориднамудаи соҳибкори инфиродӣ Муҳаббатовро бо арзиши гумрукии 8400 доллари амрикоӣ ба расмияти гумрукӣ надароварда, дидаю дониста ба буҷети давлат зарари ҷиддии иқтисодӣ расондааст. Нисбат ба Н. Абдураззоқов ва дигарон бо моддаи 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда,  тафтишоти  пешакӣ  идома  дорад.
Бо фармони прокурори вилоят, аз 25 августи соли 2014, гурӯҳи вижа оид ба санҷиши риояи қонунгузории гумрук ва дигар санадҳои меъёрии амалкунада ҷиҳати ҳимояи бозори дохилӣ аз воридоти молҳои пастсифат таъсис ёфта, аз тарафи аъзои гурӯҳ  дар  шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва  Кӯлоб  санҷишҳои прокурорӣ гузаронда  шуданд. Муайян гардид, ки дар анборҳои яклухтфурӯшии хӯроквории соҳибкор Э. Саидмуродов, воқеъ дар кӯчаи Парамонов 20 - и шаҳри Қӯрғонтеппа, 70 қуттӣ ҳасиби истеҳсоли Канада, 35 қуттӣ ҳасиби истеҳсоли Бразилия бе мавҷудияти сертификати мутобиқати сифат ва дар анбори соҳибкор А. Бобоҷонов, кӯчаи Убайдуллоев 15, дар ҳаҷми 850 литр равғани тамғаи «Олейна», истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон, ки муҳлати сертификати мутобиқаташон гузаштааст, ба фурӯш  бароварда  шудаанд. Ин гуна қонуншиканиҳо кам набуда, бо натиҷаи санҷиш нисбат ба Э. Саидмуродов, У. Сулаймонов, Ф. Комилов, Д. Худойбердиев, У. Тоҷибоев, У. Султонов ва А. Бобоҷонов дар асоси моддаҳои 626, 627, 628 - и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба маркази вилоятии  «Тоҷикстандарт»  ирсол гардиданд.
Дар маҷмӯъ, аз ҷониби гурӯҳ аз рӯи натиҷаи санҷишҳо 14 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. Мо барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта як амр дода, ба номи сардорони раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилоят, раёсати минтақавии «Тоҷикстандарт» дар минтақаи Кӯлоб ва бахши Хадамоти  назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ дар вилоят пешниҳодҳо ирсол намудем.
Таҳлилу санҷишҳои прокурорӣ собит сохтанд, ки риояи талаботи қонунгузории ҷорӣ дар бораи стандартонӣ ва сертификатсия, меъёру қоидаҳои санитарӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки талаботи ҳатмиро ба сифати молу маҳсулот муқаррар менамоянд, нисбат ба солҳои пеш беҳтар гардида бошад ҳам, дар ин самт то имрӯз  камбудиҳои ҷиддӣ ҷой доранд. Мақомоти назорат ва санҷиши давлатӣ, инчунин дигар ниҳодҳои дахлдорро зарур аст, ки баҳри таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии ворид гардидани маҳсулоти хӯроквории хатарнок ба бозори истеъмолӣ тадбирҳои муассир андешанд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.11.2014    №: 230    Мутолиа карданд: 1055

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед