logo

ҳуқуқ

АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Қ А Р О Р И СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Оид ба дархости директори матбааи шаҳри Исфара Абдуллоев И.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз 25 июни соли 1993 №797 ба моддаҳои 12 ва 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2014

Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда - Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М.А., судя -котиб Каримов К.М., судяҳо Абдуллоев А.А., Абдуллоев Л.И. ва Гулзорова М.М., бо иштироки котиби маҷлиси судӣ Ғаниев Ҷ.,

тарафҳо:
а) Абдуллоев Ибодулло Назруллоевич, директори матбааи шаҳри Исфара - тарафе, ки дар асоси дархости ӯ мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда шудааст;
б) Гиёев Сайфулло Неъматович - намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ, Фарҳод Раҳимӣ - намояндаи ваколатдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ; Шоҳназаров Содиқ Ашурович - мушовири ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионӣ - тарафҳое, ки қонуни қабулкарда, ҷонибдорӣ намуда ва ба имзо расонидаи онҳо мавриди баҳс қарор дода шудааст;

даъватшудагон:
Мирсайзод Ҳаким Саид - муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Қодирзода Абдуҷаббор - муовини аввали раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сайидзода Ҷамолхон Шариф - муовини аввали раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;  
Қодиров Тоҳир Қамарович - раиси коллегия оид ба корҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Мирзозода Искандаршо - сардори раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Одинаева Назокат Хайруллоевна - муовини аввали директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Бобохонов Сайдалӣ Сангимуродович - муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
дар асоси моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 34 ва 40 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҷлиси ошкорои Суди конститутсионӣ парвандаро аз рӯи дархости директори матбааи шаҳри Исфара Абдуллоев И.Н. «Дар бораи муайян намудани мутобиқати қисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шарвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 12 ва 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда, гузориши судяи Суди конститутсионӣ Каримов К.М., баёноту хулосаи тарафҳо ва баромади иштирокчиёни мурофиаро шунида, маводи пешниҳодшуда ва дигар ҳуҷҷатҳоро таҳқиқ намуда, м у а й я н    к а р д:

Директори матбааи шаҳри Исфара, Абдуллоев И.Н. бо дархост ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, дар он қайд менамояд, ки соли 2008 корманди матбаа Пулотов Ш. тибқи муқаррароти моддаҳои 12 ва 117 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо зиёда  аз 36 сол собиқаи умумии корӣ дар шароити зараровар ба нафақа баромад.
Дар асоси маълумотномаҳои пешниҳодкардаи матбаа ба ӯ нафақа таъйин гардида, аз ҳисоби фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (25%) пардохт карда мешуд. Номбурда муддати зиёда аз як сол аз фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (25%) - и  нафақаи  ба ӯ  пешбинишударо мегирифт.
8 июли соли 2009 ба унвони матбаа мактуби Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ворид гардид, ки дар он бо дастрасӣ ба мактуби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 21 сентябри соли 2000 таъкид шудааст, ки тибқи моддаи 117 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақаи нафақахӯроне, ки муто¬биқи моддаи 12 қонуни зикршуда барои шароити махсуси меҳнат ба нафақаи имтиёзнок баромадаанд, бояд аз тарафи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби маблағҳои барои музди меҳнат пешбинишуда пардохт карда шавад.
Бо ин мактуб раёсат матбааро вазифадор намуд, ки он маблағи 1301 сомонию 64 дирам нафақаи Пулотов Ш.-ро, ки фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар муддати як солу се моҳ пардохт кардааст, ҳамчун қарз ба фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргардонад ва минбаъд нафақаи Пулотов Ш. ҳар моҳ то ба синни нафақаи пиронсолӣ – 63 расидан, аз ҳисоби фонди музди меҳнати коргарони корхона пардохт карда шавад.
Муроҷиаткунанда қайд мекунад, ки ӯ норозигии худашро дар мактуби ҷавобиаш ба унвони сардори раёсати ҳифзи иҷтимоӣ аз 4 августи соли 2009 нишон дода, зикр кардааст, ки талаботи моддаи 117 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи раёсат нодуруст маънидод карда шудааст.
Талаби раёсат ба муқаррароти моддаи 117 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ нест ва мактуби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 21 сентябри соли 2000 № 5-1/2259 қонунро иваз карда наметавонад.
Ӯ 1 сентябри соли 2009 барои шарҳи талаботи моддаи 117 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудааст, ки Маҷлиси намояндагон мактуби ӯро ба собиқ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона кардааст.
Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо супориши вазорати номбурда дар мактуби ҷавобии худ аз 29 сентябри соли 2009 банди а) моддаи 117 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро шарҳ додааст, ки ба андешаи Абдуллоев И.Н. он нодуруст мебошад.
Шарҳи дуюми Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2009 низ ӯро қаноатманд накардааст.
31 марти соли 2011 фаъолияти чорсолаи матбаа аз тарафи мутахассиси Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Исфара (АДСИН) мавриди санҷиш қарор дода шуда, дар ин хусус санад тартиб дода шудааст.
Тибқи санади тартибдодаи мутахассиси Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ш. Исфара (АДСИН) матбааро барои солҳои 2007 - 2011 ба маблағи умумии 2743 сомониву 91 дирам қарздор карда, вазифадор намудааст, ки ин маблағ ба Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ш. Исфара барқарор карда шавад. Яъне матбааро бо он айбдор кардаанд, ки он маблағи нафақаро нодуруст аз ҳисоби фонди ҳифзи иҷтимоӣ (25 фоиза) пардохт кардааст. Ба андешаи онҳо нафақаи Пулотов Ш. бояд аз ҳисоби фонди музди меҳнати корхона пардохт карда мешуд.
Абдуллоев И.Н. ва сармуҳосиби матбаа бинобар норизо будан ба санади Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ш. Исфара, аз 31 марти соли 2011 ба он имзо нагузоштанд ва ӯ моҳи апрели соли 2011 дар хусуси ғайриқонунӣ будани санади дар боло зикршуда ба прокуратураи шаҳри Исфара шикоят кардаанд.
Прокуратура дар мактубаш ҷавоб додааст, ки аризаи ӯ баҳси судӣ буда, нисбати он ба суд муроҷиат кардан зарур аст.
11 майи соли 2012 ба Суди иқтисодии вилояти Суғд дар бораи бекор кардани санади Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ш. Исфара ариза пешниҳод намудааст. Суди мазкур бо ҳалномаи худ аз 25 июли соли 2012 аризаи даъвогии онҳоро оид ба бекор кардани санади зикршуда рад кардааст.
Баъдан, шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратии ӯ бо санадҳои судии  марҳилаҳои дахлдори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2012, 23 апрели соли 2013, 30 майи соли 2013, 22 июли соли 2013, 7 ноябри соли 2013 ва 19 марти соли 2014 бе тағйир, бе қаноат ва бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи моддаи 272 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе баррасӣ мононда шуда, ирсол кардани онҳо ба баррасии раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда шудааст.
Муроҷиаткунанда зикр менамояд, ки қисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки онҳо дастрас карда, нисбат ба матбаа татбиқ кардаанд, манфиатҳои конститутсионии корхонаҳои шароиташон зараровар ва вазнин, аз ҷумла корхонаи онҳоро ба фаъолияти озоди иқтисодӣ пешбининамудаи моддаи 12 Конститутсия поймол карда, дар натиҷа боиси поймол гаштани ҳуқуқҳои конститутсионии кормандон ба кафолати таъмини иҷтимоӣ гардидааст.
Муроҷиаткунанда, инчунин зикр менамояд, ки қисми дуюми моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он:
«то расидани шахсони дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда ба синни нафақаи дар моддаи 11 қонуни мазкур муқарраргардида пардохти нафақаи онҳо аз ҳисоби маблағҳои ташкилоте, ки дар он корҳои ба нафақаи имтиёзнок ҳуқуқдиҳанда иҷро гардидаанд, амалӣ карда мешавад», ба моддаи 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ нест.
Қисми зикршуда, яъне қисми дуюм ба моддаи 12 қонуни мазкур бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2012 № 823 оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид карда шудааст, ки он боиси поймол ва маҳдуд гаштани ҳуқуқҳои конститутсионии кормандони матбаа ба кафолати таъмини иҷтимоӣ гардидааст.
Бо ин назардошт, муроҷиаткунанда аз Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки дар асоси дархости ӯ мурофиаи судии конститутсионӣ оғоз карда, мутобиқати қисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 12 ва 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархости мазкурро ҳамаҷониба мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор дода, зикр менамояд, ки дар низоми ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ мавқеи хосаро ишғол менамояд. Чунин муносибат аз хусусият ва нақши иҷтимоии давлати Тоҷикистон, ки дар қисми дуюми моддаи 1 Конститутсия ҳамчун заминаи муҳими асосҳои сохтори конститутсионӣ эълон гардидааст, бармеояд, ки тибқи он:
«Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Дар навбати худ, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ - ин як навъ дастгирии моддӣ ва маънавии инсон ва шаҳрванд барои меҳнати фоиданоки дар давраи фаъолияти меҳнатиаш ба манфиати ҷомеа, давлат ва талаботи худ иҷрокардаи шахс мебошад. Инчунин воситаи асосии пешбурди ҳаёти шаҳрванде мебошад, ки пурра ё қисман қобилият ва имконияти меҳнатии худро гум кардааст ва бо ин ё дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ имконияти меҳнат кардан ва аз самараи меҳнаташ фоида диданро аз даст додааст ё аз дастгирии саробони худ маҳрум гардидааст. Аз ин рӯ, бинобар хусусияти инсондӯстию инсонпарварӣ ва барои инсон ва шаҳрванд аҳамияти муҳим доштани ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқи мазкур мавриди танзими амиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қарор дода шудааст. Чунончи, моддаи 22 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10 декабри соли 1948 эълон медорад, ки: «Ҳар як инсон ҳамчун узви ҷамъият ба таъминоти иҷтимоӣ ва татбиқи ҳуқуқ барои нигаҳдории шараф ва инкишофи озодонаи шахсияти ӯ дар соҳаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба воситаи саъю кӯшиши миллию ҳамкории байналмилалӣ мутобиқи сохтор ва имкониятҳои ҳар як давлат ҳақ дорад».
Моддаи 9 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аз 16 декабри соли 1966  ба ҳифз ва эътирофи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ба таъминоти иҷтимоӣ хусусияти умуми-ҳатмӣ дода, пешбинӣ менамояд, ки «давлатҳои ширкаткунандаи ҳамин Паймон ҳуқуқи ҳар як инсонро ба таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла суғуртаи иҷтимоӣ эътироф мекунанд».
Ҳамчунин, як қатор конвенсияҳои Ташкилоти байналмилалии  меҳнат мавриди амал қарор доранд, ки онҳо ба масъалаҳои таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ба таъминоти иҷтимоӣ бахшида шуда, масъалаи мазкурро мавриди танзим қарор додаанд. Аз ҷумла Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат №102  «Дар хусуси меъёрҳои камтарини (минималии) таъминоти иҷтимоӣ» давлатҳоро уҳдадор менамояд, ки онҳо нуҳ намуди кумакпулиҳо, аз ҷумла кумаки тиббии хусусияти пешгирикунанда ва табобатӣ дошта, оид ба  беморӣ бо мақсади барқарор намудани қобилияти меҳнатии муваққатан гумкардашуда, оид ба бекорӣ, оид ба синну сол, оид ба ҳомиладорӣ, оид  ба маюбӣ ё гум кардани саробон пардохт намоянд.
Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат №118 «Оид ба баробарӣ дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ» «принсипи баробар будани шахсони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандро бо шаҳрвандон дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоӣ пешбинӣ менамояд».
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ эҳтиром ва самимияти худро ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳор намуда, муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалии зикршударо эътироф ва дар Конститутсия ва қонунҳои худ пешбинӣ кардааст. Чунончи, тибқи моддаи 39 Конститутсия «Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз  сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардаст, кафолати таъминоти иҷтимоӣ дорад».
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба танзим ва татбиқи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба ҳифзи иҷтимоӣ равона гардида, ба шаҳрвандон тавассути додани нафақаҳои меҳнатию иҷтимоӣ ҳуқуқи таъминоти моддиро кафолат дода, ягонагии шарту меъёрҳои таъмини нафақаи коргарон, хизматчиён, аъзои колхоз ва дигар категорияҳои меҳнаткашонро муқаррар менамояд.
Бо назардошти муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло зикршуда, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меъёрҳои қисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 қонуни мазкур, ки мутобиқати онҳо ба моддаҳои 12 ва 39 Конститутсия боиси шубҳа ва баҳси муроҷиаткунанда қарор дода шудааст, поймол ва маҳдуд гаштани манфиатҳои матбааи шаҳри Исфараро ба фаъолияти озоди иқтисодӣ ва маҳдудияти кафолати ҳуқуқи шахсони ба нафақаи меҳнатии имтиёзнок ҳуқуқдоштаи ин матбааро муайян накард.
Меъёрҳои моддаҳои зикршуда на меъёрҳои манъкунанда ё маҳдудкунандаи таъминоти иҷтимоӣ, балки талаботе мебошанд, ки давлат тартиби ба амал баровардани пардохти нафақаро барои шахсони ба нафақаи имтиёзнок ҳуқуқдошта давра ба давра бо назардошти шартҳои таъйини нафақа пешбининамудаи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ намудааст. 
Тибқи ин тартиб, нафақаи шахсони ба нафақаи имтиёзнок ҳуқуқдошта то ба синни нафақа пешбининамудаи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» расидан (63 - солагӣ), аз ҳисоби маблағҳои ташкилоте пардохт карда мешавад, ки шахси ба нафақаи имтиёзнок ҳуқуқдошта дар он  кор кардааст.
Мавриди зикр аст, ки баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо¬раи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 11 декабри соли 1999 № 911 синни нафақавӣ барои таъйини нафақаи меҳнатӣ, аз ҷумла нафақа аз рӯи синну сол бо шартҳои имтиёзнок давра ба давра тағйир дода шуда, аз 1 июли соли 2003 барои мардҳо аз синни 63 ва барои занҳо аз синни 58 муқаррар шудааст.
Синни нафақаи имтиёзнок (рӯйхати 2) низ, мувофиқан барои мардҳо аз синни 58 ва барои занҳо аз синни 53 пешбинӣ гардид, ки қаблан барои мардҳо 55 - солагӣ ва барои занҳо 50 - солагиро ташкил медод.
Ваҷҳи муроҷиаткунанда дар хусуси он ки тағйири воридгардида ба қисми дуюми моддаи 12 бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 16 апрели соли 2012 №823 вазъияти корхонаро вазнин ва минбаъд боиси поймол гаштани ҳуқуқҳои конститутсионии кормандони матбаа ба кафолати таъмини иҷтимоӣ гардидааст, асоси ҳуқуқӣ надорад. Зеро қонуни зикршуда қисми дуюми моддаи 12 Қонуни мазкурро мавриди таҳрир қарор дода, мазмуни онро бе тағйир боқӣ гузоштааст, чунончи:
«Дар айни замон то расидани онҳо ба синни нафақа, ки дар моддаи 11 ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст, нафақа аз ҳисоби маблағи корхонаҳо пардохта мешавад».
Ҳамин тариқ, муқаррароти қисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба стандартҳои пешбининамудаи санадҳои дар боло зикршудаи байналмилалӣ ва Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, вобаста ба ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории соҳаи нафақа бояд мавриди амали субъектҳои ҳуқуқи иҷтимоӣ қарор дода шаванд. Ҳамзамон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад мешуморад, ки таҷрибаи мавҷудаи таъмини нафақаи шаҳрвандони ба нафақаҳои имтиёзнок ҳуқуқдошта пешбининамудаи қисми дуюми моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дода шуда, дар ҳолати зарурӣ нисбати баланд бардоштани самаранокии он чораҳои дахлдор андешида шавад. Дар асоси гуфтаҳои боло ва мувофиқи моддаи 89 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 6, 34, 40, 49, 55-56, 58 ва 60 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р   к а р д:
1. Қисми дуюми моддаи 12 ва моддаи 117 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба моддаҳои 12 ва 39 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
2. Қарор қатъӣ буда, аз рӯи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рӯзи қабулаш эътибор пайдо мекунад.
3. Қарори мазкур дар «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета» ва «Ахбори Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр карда шавад.


Раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
МАҲМУДЗОДА М. А.          

         
Судя - котиби
Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
КАРИМОВ К. М. 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.11.2014    №: 231    Мутолиа карданд: 831

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед