logo

ҳуқуқ

ТОҶИКИСТОН АЗ РӮЙХАТИ КИШВАРҲОИ КОРРУПСИОНӢ ЛАҒВ ГАРДИД

Ба фаъолияти яке аз ниҳодҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ – Гурӯҳи АвруОсиё (Eurasian Group) 10 сол пур шуд. Гурӯҳи АвруОсиё бо ташаббуси Федератсияи Русия ва давлатҳои пасошӯравӣ созмон дода шуда, аз давраи ташкилёбӣ бар зидди пулшӯӣ аз даромадҳои ҷиноятӣ ва маблағгузорӣ ба терроризм кори назаррасро анҷом додааст. Аз соли 2004 дар ҳама чорабиниҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, дар ҳалли мушкилот саҳм гузоштааст. Дар давоми 10 сол ба он Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҳиндустон шомил шуда, ҳар кадом алайҳи пулшӯӣ аз  даромадҳои ҷиноятӣ ва маблағгузорӣ ба терроризм ҷиддан мубориза мебаранд. Баъдан ба ГАО кишварҳои Муғулистон, Арманистон, Маҷористон, Афғонистон, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Хорватия, Туркия ва Лаҳистон чун мушоҳид пайвастанд.

Кори пурнафъи Гурӯҳи АвруОсиё дар он ифода мегардад, ки дар кишварҳои узви он сохторҳое фаъоланд, ки бар зидди пулшӯӣ аз даромадҳои ҷиноятӣ ва маблағгузорӣ ба терроризм мубориза бурда, ба асосҳои ҳуқуқӣ таҳия кардаанд. Барои коҳиш додани коррупсия дар мақомоти давлатӣ мубориза мебаранд.
Ҳоло дар ГАО ҳамкории соҳавӣ рушд ёфта истодааст. Гурӯҳ давраи аввали фаъолиятро гузашта, ба давраи дувуми баҳодиҳӣ шурӯъ намудааст. Бо давлатҳои узв ва мушоҳид робитаи густурда дорад. Ҳамчунин бо созмонҳои байналмилалӣ ба амсоли ФАТФ (АТГ, МАНИВЭЛ, МЕНАФАТФ, ГИАБА) ҳамкорӣ дошта, якҷоя дар муддати ду сол қариб 2 дар сади пулҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва барои терроризм пешбинӣ шударо лағв намуданд, ки дар миқёси ҷаҳон маблағи ҳангуфт мебошад.
Гурӯҳи АвруОсиё  дар минтақаи худ дар самти мубориза бар зидди пулшӯӣ аз даромадҳои ҷиноятӣ ва маблағгузорӣ ба терроризм хеле фаъол аст. Шиори он ба иродаи сиёсӣ мутобиқ ва ба принсипҳои олии худ содиқ монда амал намудан мебошад. Дар ин замина ГАО ҳадафу принсипҳои Созмони Милали Муттаҳидро ба роҳбарӣ гирифта, барои нигоҳдории сулҳ ва бехатарӣ талош меварзад.
Ба ин муносибат, давлатҳои узви он изҳор медоранд, ки дар асоси Аҳдномаи Гурӯҳи АвруОсиё аз 16 июни соли 2011 оид ба мубориза алайҳи пулшӯии бо роҳи  ҷиноятӣ ба дастоварда ва маблағгузорӣ ба терроризм кор мебаранд.
Дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» - и пойтахт ҷаласаи 21 пленарии Гурӯҳи АвруОсиё барпо гардид, ки ба 10 – солагии ташкилшавии он бахшида шуда буд. Дар кори он кишварҳои  узв ва мушоҳид ширкат доштанд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов ҳозиронро барои иштирок дар ҷаласа хайра мақдам гуфта, афзуд, ки ширкати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин созмони бонуфуз боиси ифтихор ва сарбаландист. Баъди пайвастан ба Гурӯҳи АвруОсиё дар ҷумҳурии мо ба 33 санади меъёрию ҳуқуқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Тоҷикистон дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки узви фаъоли ин ташкилоти бонуфуз бошад.
Намояндаи Ҷумҳурии Белорус изҳор дошт, ки  Гурӯҳи АвруОсиё дар тӯли даҳ сол кори ба назар намоёнеро анҷом додааст. Дар кишварҳои узв пулшӯӣ аз даромадҳои ҷиноятӣ ва маблағгузорӣ ба терроризм ба дараҷаи ниҳоӣ ва нестӣ расидааст.
Намояндаи Ҳиндустон ҳозирони ҷаласа ва бахусус Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи Вазорати молияи кишвараш ба 10 – солагии фаъолияти ГАО табрик намуда, иброз дошт, ки дар доираи созмон корҳои муҳими таҳқиқотӣ низ анҷом дода мешаванд. Аз овони ба ин созмон пайвастан дар Ҳиндустон низ мубориза барои пиёда кардани ҳадафҳои  ГАО пурзӯр шудааст.
Баромадкунанда аз Федератсияи Русия зикр намуд, ки дар ин солҳо бисёр пешравиҳо дида мешавад. Хусусан, бо пешниҳоди созмонҳои байналмилалӣ аз рӯйхати кишварҳои сатҳи коррупсияашон баланд хориҷ кардани ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз дуруст ба роҳ монда шудани фаъолияти ин гурӯҳ дарак медиҳад.
Фиристодагони Ҷумҳурии Мардумии Чин ва  Кореяи Ҷанубӣ саҳми калони давлатҳои аъзои гурӯҳро дар мубориза бо пулшӯӣ аз даромадҳои бо роҳи ҷиноятӣ ба дастоварда ва маблағгузории терроризм шоиста арзёбӣ намуданд. Ба кишварҳои иқтисодиёташон нисбатан заиф низ ёриҳои техникӣ расонда мешавад. Дар ҷаласа намояндагони ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Муғулистон, Афғонистон, Арманистон ва чанд кишвари мушоҳид сухан ронда, аз корҳои анҷом дода ва нақшаҳояшон ҳисобот доданд.
Дар рӯзи сеюм ширкатдорони ҷаласа бо медалҳои “10 – солагии Гурӯҳи АвруОсиё” сарфароз гардиданд.
Дар доираи ҷаласаи 21 пленарӣ чанд созишномаи ҳамкорӣ байни аъзои гурӯҳ ва мушоҳидон ба имзо расид.

Мирзои ФИРӮЗ,
«Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.11.2014    №: 232    Мутолиа карданд: 595

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед