logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ҶИНОЯТКОРИИ МУТАШАККИЛОНА»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2013 «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 12, мод. 882) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Сархати шашуми моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- контрабандаи (қочоқи) воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои оташзананда ва тарканда, воситаҳои таркиш, маводи ядроӣ, радиоактивӣ, химиявӣ, биологӣ ё дигар намудҳои силоҳи қатли ом, мавод ва таҷҳизоти барои сохтани силоҳи қатли ом истифодашаванда, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ашёи хоми стратегӣ, осори бадеӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ ё арзишҳои дигари фарҳангӣ, ки нисбат ба онҳо қоидаҳои махсуси гузаронидан аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд;».
2. Дар моддаи 6:
- сархатҳои сеюм ва чорум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- аз байн бурдан ва пешгирӣ кардани маблағгузории гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ), инчунин ташкилоти ба гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) мусоидаткунанда;
- банақшагирӣ, ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, аз ҷумла бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва мақомоти дахлдори давлатҳои хориҷӣ;»;
- ба сархати шашум пас аз калимаи «низоми» калимаи «ташкилӣ,» илова карда шавад.
3. Дар моддаи 12:
- ба ном ва қисми 1 пас аз калимаи «бо» калимаҳои «ташкилотҳои байналмилалӣ ва» илова карда шаванд;
- ба қисми 2 пас аз калимаҳои «муташаккилона бо» калимаҳои «ташкилотҳои байналмилалӣ,» илова карда шаванд.
4. Дар моддаи 15:
- ба қисмҳои 1 ва 2 пас аз калимаҳои «мусоидат менамояд», «мусоидат мекунад» калимаҳои «ё онҳоро маблағгузорӣ менамояд» илова карда шаванд;
- ба қисми 3 пас аз калимаи «мусоидаткунанда» калимаҳои «ё онҳоро маблағгузоринамуда» илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 27 ноябри соли 2014, № 1141

 

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон          Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 15 октябри соли 2014, № 1617

 

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона»-ро баррасӣ  намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                    М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 20 ноябри соли 2014, № 732


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.12.2014    №: 235    Мутолиа карданд: 866

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед