logo

ҳуқуқ

ЯГОН МУРОҶИАТ БЕҶАВОБ НАМЕМОНАД

Кормандони прокуратураи ноҳияи Файзобод мубориза бо ҷинояткорӣ, махсусан ҷиноятҳои хавфнокро дар меҳвари фаъолият қарор дода, дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни мардум васеъ ба роҳ мондаанд. Ба гуфтаи Анваршо Сафаров, прокурори ноҳия, бо вуҷуди андешидани тадбирҳои амалӣ мардумро ноадолатиҳо дар тақсими замини наздиҳавлӣ, бемасъулиятӣ ва қонуншикании шахсони масъул, дар баъзе ҳолатҳо риоя нагардидани талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ташвиш овардааст.
- Ҳар як арзу шикояти воридшуда дар дафтари муроҷиатҳои шаҳрвандон сабт шуда, мавриди баррасии ҷиддӣ қарор мегирад. Ягон муроҷиат беҷавоб намемонад,- мегӯяд прокурори ноҳия. - Бинобар ин, дар таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бояд ҳеҷ кас, новобаста аз мақоми ишғолкардааш, бетараф набошад. Зеро бе таъмини волоияти қонун ва интизоми қатъӣ дар ҳамаи самтҳо бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ғайриимкон аст. Гузашта аз ин, бе риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда ҷомеа пеш намеравад ва мо ба ҳадафҳои созандаамон расида наметавонем.
Тавре Анваршо Сафаров иброз дошт, афзудани сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби наврасону ноболиғон имрӯз ба мушкили умдаи ҷомеа табдил ёфтааст. Фарзандон, ки аз назорати падару модар берун мемонанд, ба роҳҳои бад рафта, даст ба амалҳои номатлуб мезананд. Масалан, Толиб ном ҷавон, вақте ки шаҳрванд Расул Ҷабборов дар бозори хоҷагии деҳқонии Аҳмад Шариф саргарми харидани маҳсулот буд, борхалтаи ӯро бо корд бурида, телефони мобилиашро гирифта гурехтааст. Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ кормандони ШКД-и минтақаи Мискинобод ӯро дастгир карданд. Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мақомоти прокуратураи ноҳия барои риояи бечунучарои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» корҳои зиёди таблиғотию ташвиқотиро дар коллективҳои меҳнатӣ, ташкилоту муассисаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ба роҳ мондаанд. Бо вуҷуди ин, тайи солҳои охир серхарҷ ва пурдабдаба гузарондани ҷашну маросимҳо, ки хилофи қонун аст, ба назар мерасад. Ин зоҳирпарастӣ ва худнишондиҳӣ боиси нигаронии мардум, махсусан оилаҳои камбизоату бесаробон гардидааст.
Мутаассифона, нафарони шуҳратхоҳ барои боз ҳам гармтар кардани маъракаҳояшон бо маблағи калон ҳофизони шинохтаро даъват намуда, то бевақтиҳои шаб базм меороянд. Дар натиҷа, дар давоми ёздаҳ моҳ нуҳ нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст. Қонуншиканиҳо асосан дар ҷамоатҳои деҳоти Қалъаидашт, Меҳробод ва Ҷавонон содир шудаанд.
Дар мавриди ба мардум фаҳмондани мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ кормандони прокуратураи ноҳия нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, аз рӯи он кор карда истодаанд. Онҳо аз аввали сол то имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ даҳҳо санҷишу рейд гузаронда, бо омӯзгорон ва падару модарон суҳбатҳои судманд доир карданд. Маълум гардид, ки бо айби падару модарон хонандагон аз дарсҳо гурехта, ба корҳои ношоям даст мезананд.
- Барои он ки волидон фарзандонашонро ба роҳи рост ҳидоят намоянд, бояд, пеш аз ҳама, сатҳи маърифати ҳуқуқиашон баланд бошад, - мегӯяд прокурори ноҳия. - Онҳо уҳдадоранд, ки фарзандонашонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ростқавлӣ, ахлоқи поки инсонӣ, накукорӣ, донишомӯзӣ, эҳтироми калонсолон, худшиносию худогоҳӣ тарбия намоянд. Вале на ҳамаи падару модарон ин уҳдадории худро, ки қонун муқаррар кардааст, ба ҷо меоранд.
Прокурори ноҳия бо мақсади коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон тамоми чораҳоро андешидааст. Таҳти роҳбарии ӯ гурӯҳи таблиғотие таъсис шудааст, ки ба он имомхатибон, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, нозирони минтақаӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, намояндагони бахши кумитаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия шомиланд. Гурӯҳи корӣ дар давоми сол дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот перомуни риояи талаботи қонунҳои зикршуда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 47 вохӯрию суҳбат доир намуд, ки дар баланд шудани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муҳим бозиданд.
Ҳокими САФАР,
ноҳияи Файзобод
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.12.2014    №: 235    Мутолиа карданд: 771

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед