logo

ҳуқуқ

ХУДШИНОСӢ ВА МАЪРИФАТИ ВАТАНДОРӢ

Аслан ҳеҷ як инсон наметавонад худро лаҳзае бе ёди Ватан тасаввур кунад. Ватандорӣ ҳам шоҳроҳи номусу нанг аст ва инсон, ки исми хос аст, ҳар зуҳуроте, ки пайваста дар муҳиташ рух медиҳад, асари ҳастии ӯст. Бешак, таъсири инсон ба муҳиташ бояд бо ҳисси баланди худшиносӣ ҳукмфармо гардад. Ин омилест, ки инсонро барои ояндабин будан вазифадор мекунад.
Бо пешрафти илму техника ва ҷаҳонишавӣ аксаран дар фаҳмиши ҷавонон низ ҳисси ватандӯстӣ мароми дигарро мегирад, аммо ин табодулоти фикрию зеҳнӣ ҳеҷ гоҳ наметавонад барои ҳифзи шарафу муқаддасоти миллӣ дар ҷомеаи солим халал ворид созад. Чун ҷомеаи мо низ дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ қарор дорад, пайравии ҷавонон ба ҳар гуна мафкураҳои носолим дар амну суботи мамлакат нигаронкунанда ба назар мерасад.
Кадом омилҳое метавонад барангезандаи ин гуна зуҳурот дар ҷомеа гарданд? Таҷрибаи ками рӯзгор ва надоштани дониши сиёсӣ аввалин заминаҳои ба вуҷуд омадани ҳар гуна ҳизбу ҳаракат ва падидаҳои номатлуб дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аммо, аз ҷониби дигар, шӯру ғурури ҷавонӣ ҳам дар сар задани ин гуна зуҳурот сабаб шуда метавонад, чунки ҷавонӣ худ мисоли оташест, ки агар дар он ҳикмату маърифат ба ҳадди лозима бошад, ин оташ гармибахшу нурафкан мегардад, дар акси ҳол оташ метавонад дар як нафас ҳамаро хокистар кунад ва равшаниро ба зулмот бадал кунад. Ба ин маънӣ Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ фармудаанд:
Оташ арчи сурхрӯй аст аз шарар,
Ту зи феъли ӯ сияҳкорӣ нигар.

Иддаои Ғаззолӣ аз қавли «Ҷавонӣ ҳамшираи девонагист ва пирӣ ҷуфти фарзонагӣ» шаҳодати ин гуфтор аст. Танҳо илму маърифат, ки дар натиҷаи мутолиаи пайваста ба инсон муяссар мешавад, сурати аслии ишқу садоқатро ба Ватану атрофиён бедор мекунад. Шахси соҳибилм метавонад, назокати ҳар арзишеро, ки дар зиндагӣ қоил аст, сазовор бошад ва ҳаёти осудаю хушеро ба сар дошта бошад. Аз ҷониби дигар, шахси соҳибилм худогоҳу ояндабин аст ва оламу атрофро аз рӯйи тасаввуроти худ, яъне дар фазои донишҳои пайдокардааш баҳо медиҳад, на аз рӯйи мушоҳидаву гуфтаҳои дигарон. Ҳатто паёмбари ислом Муҳаммад(с) чунин гуфта, ки «аз наҳв биомӯзед, бад-он қадр, ки сухан рост гӯед ва ҳар чӣ бархонед, рост бархонед», ки хулосаи мантиқии андешаи солими ҳар қавму миллат дар мавриди донишандӯзӣ аст.
Илму маърифат калиди ҳама корҳост ва шахс танҳо дар натиҷаи омӯхтан метавонад ба камолоти ақл бирасад ва дари худшиносиро барои хеш боз намояд. Нуктае ҳаст аз Ғаззолӣ, ки гуфта: «Ва ҳар чиз, ки бисёр гардад, хор гардад, магар хирад, ки ҳарчанд бештар бошад, худованди ӯ азизтар бувад. Хирадманд ҳаргиз ғамгин набошад, зеро ҳаргиз коре накунад, ки аз он ғамгин шавад ва ғаме нахӯрад, ки он набояд хӯрдан» ва ин бори дигар собит менамояд, ки танҳо тавассути донишу маърифат инсон метавонад ба қуллаҳои баланди кору зиндагӣ бирасад, яъне:
Хотами мулки Сулаймон аст илм,
Ҷумла олам сурату ҷон аст илм.

Пас, ба андешаи Мавлонои Рум, агар Ватан моро ба ҷои ҷон бошад, аз ин бармеояд, ки бо ҳарорати ҷонсӯзи орзуву ормонҳо мо бояд ҷойгоҳи ӯро бо маърифат мунаввар созем, то зиндагии мо аз он нуру зиё гирад, яъне бо маърифат рӯшан сохтани хонаи Ватан як ҳушдории дигарест дар худшиносии мо, ки ваҳдати ду мақомро дар як ниҳод устувор месозад. Аз ин нигоҳ, зиндагӣ худ бархоста аз ваҳдат аст, ба маъние, ки дар он Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ишора намудааст:
Зиндагонӣ оштии зиддҳост,
Марг он, к-андар миёнаш ҷанг хост.

Инсон дар ҳамгироӣ бо кӯчактарин ҷузъиёти ҳаётӣ, ки бо бархӯрди ақл тафаҳҳус мешавад, метавонад аз худшиносӣ дарак диҳад. Воқеан, агар фаъолияти инсон дар зиндагӣ аз як зистан иборат бошад, пас ӯ гиёҳеро аз табиат мемонад ва агар зиндагии инсон дар мантиқи одии ифода эҳсоси ӯ фаҳмида шавад, пас ҷонвареро аз табиат мемонад. Зиндагии инсон ба унвони фаъолияти он ҷузъи рӯҳи одамиро мемонад, ки баҳравар аз ақл аст. Нақши ин ҷузъ ҳам итоат аз ақл аст ва молик будани ақлу тафаккур ва анҷом додани амалҳои худ мувофиқи ақл мебошад:
Гӯштпора(й) одамӣ, бо ақлу ҷон,
Мешикофад кӯҳро бо баҳру кон.
Пушти санаҳои сабтшудаи таърих, агар мо ба суроғи ин маъние, ки Ҷалолуддини Балхӣ зиёда аз ҳафтсад сол қабл гуфта буд, биравем, имрӯз бо назари тааҷҷуб ҳақиқати онро метавонем пайдо кунем. Охир, Худованд танҳо ба инсон қудрату тавони андешаи волоро додаву сарриштаи гиреҳкушои ҳама мушкилотро ба ӯ ато фармудааст.
Акнун дар раванди навовариҳои илмӣ ва фаннию техникӣ мо метавонем, ҳама аносири идеяҳои бузургро дар фаъолияти инсон ба мушоҳида гирем. Бунёди сохтмонҳои азими аср, аз қабили нақбҳо, роҳу пулҳои бузурги байналмилалӣ, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мераҳонанд, метавонад рушду инкишофи минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии мамлакатамонро таъмин намояд. Бинед як қатор неругоҳҳои барқи обӣ дар кишвари азизамон низ аз ҳамин ибтикороти бузург ба шумор меравад.
Дастовардҳои бузурге, ки дар ҷодаи илму техника, пеш аз ҳама, рушди маънавии ҷавонон ба чашм мерасад, башорати самараҳои даврони истиқлол буда, ҳар як ҷавони соҳибватанро водор менамояд, беш аз пеш дар устувории таҳкими пояҳои давлатдорӣ нақши худро гузорад, гузашта аз ин, барои пойдории сулҳу суботи мамлакат пайваста кӯшиш намояд.
Албатта, бо ҳар як зуҳуроти нангине, ки дар ҳаёти мо ба вуқӯъ мепайвандад, набояд бо диди таҳқир нигарист, аммо низ набояд ба он чашм пӯшид, чунки муҳофизону соҳибони ин Ватан мову шумоем. Бавижа, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ки нисбати ҷавонон зоҳир мегардад, ҳаминро метавон гуфт, ки дар роҳи сарнавишти давлати тоҷикон нақши бориз доштани ҷавонон аз сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад ва ҳисси ифтихору худшиносиро нисбат ба ин Ватану миллат дар ниҳоди мо боз ҳам дучанд менамояд. Дар баробари ин ҳама арзишҳои волои фарҳангӣ, Ватани маҳбуби моро дар тамоми мамолики ҷаҳон мешиносанду эътироф мекунанд ва далели он иштироки Президенти кишвари мо дар конгрессу симпозиумҳои байналмилалӣ мебошад, ки ҳар як пешниҳоде, ки аз ҷониби Сарвари давлати тоҷикон мегардад, ба хубӣ ва ҷонибдории зиёд пазируфта мешавад ва ин роҳест, ки мамлакати моро миёни мамолики ҷаҳон бештару пештар номвар мекунад. Албатта, ҳар касе, ки васфи Тоҷикистони зебоманзару дилраборо мешунавад, ҳатман орзуи диданашро дар дил мапарварад. Солҳои охир шумораи сайёҳон ба кишвари мо афзудааст. Онҳо аз Русия, Олмону Фаронса, Инглистону Амрико, Эрон, Афғонистону Ҳиндустон ва дигар мамолики ҷаҳон танҳо барои ошно шудан бо фарҳангу тамаддун ва дидани зебоиҳои кишвари азизи мо меоянд. Ин ҳама неъмати бебаҳои истиқлол аст ва мо бояд тавонем миллати тоҷикро бештару беҳтар ҳамчун миллати сулҳофарину нусратшиор ва бунёдкору ватандӯст ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Аз ин рӯ, дар ҳифзи арзишҳои миллии кишвар набояд беэътиноӣ зоҳир намоем, чунки бузургии ин давлату сарзамин аз бузургии фарзандони фарзонаи ӯст.
Нависандаи фаронсавӣ Виктор Гюго аз даричаи нигоҳи худ ба ин масоил мепардозад: «Дар ҷаҳон халқи кам вуҷуд надорад…Бузургии халқро бо шумораи аҳолиаш намесанҷанд, ба мисле ки шахси бузургро бо қадаш чен намекунанд». Пас бигзор Ватани азизи мо-Тоҷикистонро ҳамон гунае бишносанд, ки шарари меҳри мардумаш мисли гармои офтобаш рӯҳбахш ва дар он худшиносии ҳар як фарди бономусу нанги он ҳувайдо бошад.
Агар мо бо чашми хирад бингарем, сулҳу ваҳдат барои миллати тоҷик бо роҳи осон муяссар нашудааст. Барои ба ин ганҷҳои бебаҳо сазовор шудан мардуми шарафманди Тоҷикистон бо сарварию роҳнамоии Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор кардани сохти конститутсионии кишвар ва аз байн бурдани низоъҳои шаҳрвандӣ хизматҳои шоиставу арзанда кардаанд. Ин дар ҳолест, ки дар баъзе мамолики ҷаҳон (аз қабили давлати ҳамсоя - Афғонистон) солҳои тӯлонист, ки байни гурӯҳҳои ҷудоихоҳ ва неруҳои ҳукуматӣ мухолифат вуҷуд дошта, то ҳол роҳи ҳалли онро наёфта истодаанд.
Мутаасифона, имрӯз дар ҷомеаи мо низ баъзе ашхоси сабукандеш дар барангехтани низоъҳои дохилӣ худро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо зада, барои ноором сохтани вазъи кунунии ҷомеа талош меварзанд ва гӯё он лаҳзаҳои пурдаҳшати ба сари миллати мо омадаро аз ёд бурда бошанд, ки дубора дар ин вартаи ҳалокат худро меафкананд, ки ин мояи ношукриву носипосӣ ба халқу Ватани хеш аст.
Худованд дар Қуръон шукр карданро беҳтар аз ҳама некиҳо фармудааст: «Лаин шакартум лаазиданнакум ва лаин кафартум инна азоби лашадид», яъне «агар бад- ин, ки шуморо бидодам, шукр кунед, неъмату некӣ биафзоям ва агар носипосӣ кунед, неъмататон бигардонам ва азоби ман сахт аст».
Имрӯз аз имконоте, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дониш андӯхтану соҳибилм шудани мо фароҳам овардааст, агар истифода накунем, носипосӣ зоҳир намудан нисбат ба ин неъмати бузург мебошад.

Г. НОЗИМОВА,
номзади илмҳои филология,
ассистенти кафедраи
таърихи адабиёти тоҷики ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.12.2014    №: 235    Мутолиа карданд: 910

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед