logo

ҳуқуқ

ВОЛОИЯТИ ҚОНУН ВА РИСОЛАТИ ПРОКУРАТУРА

Шариф ҚУРБОНЗОДА,
прокурори вилояти Суғд,
генерал - майори адлия

Дар маҷлиси васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 10 июли соли 2014, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазои мақомоти прокуратураро дар назорати риояи қонунҳо, ҳифзи сулҳу субот ва амният, таҳкими пояҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд таъкид намуда, зикр карданд, ки «мақомоти прокуратура дорои неруи бузурги кадрӣ ва сифатҳои баланди ахлоқиву касбӣ буда, қодиранд вазифаҳои худро сарбаландона иҷро намоянд».

Прокуратураи вилояти Суғд чун ҷузъи таркибии мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат баҳри таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ корҳои назаррасро иҷро намуда, дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва рушди минбаъдаи кишвар саҳми фаъол гузоштааст. Дар солҳои 1991-1996 прокуратураи вилоят бинобар густариш ёфтани муносибатҳои бозорӣ ба вазъи иҷрои қонунҳои иқтисодӣ, ҳамчунин ҳолати иҷрои қонунҳо дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, таъмини ҳифзи бозори дохилӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намудааст. Дар ин самтҳо қонуншиканиҳои ҷиддӣ ошкор ва гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.   
Аз соли 1997 то 1999  прокуратураи вилоят якҷо бо кормандони масъули Прокуратураи генералӣ тафтиши ҳаматарафаи як зумра ҷиноятҳои махсусан вазнинро ба анҷом расонданд. Соли 1997 ҳодисаи бетартибиҳои оммавӣ ва вайрон кардани низоми муайянгардида дар муассисаи ислоҳии №19 - и шаҳри Хуҷанд боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардид. Бар асари он кормандони ин муассисаро гаравгон гирифтанд, якчанд биноро сӯзонданд.  Кормандони прокуратураи вилоят ҳодисаи мазкурро дар сатҳи баланди ташкилӣ тафтиш карда, 16 нафар ташкилотчиён ва иштирокчиёни фаъоли онро ба ҷавобгарии  ҷиноятӣ кашиданд.
Дар солҳои 1998-1999 дар баробари корҳои ҷорӣ тафтиши ҳодисаҳои вобаста ба ҳамлаи мусаллаҳонаи дастаи Маҳмуд Худойбердиев ба вилояти Суғд  анҷом дода шуд. Дар натиҷаи ин ҳамла 121 нафар ҳалок гардид, зиёда аз 600 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт, ба давлат, ҷамъият ва шаҳрвандон ба маблағи беш аз 7 миллиард рубли он солҳо хисороти моддӣ расидааст. Барои тафтиши ин ҷиноят 12 гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таҳти роҳбарии намояндагони Прокуратураи генералӣ ва муовинони прокурори вилоят корҳои фаврию тафтишотиро босамар ба роҳ монда, тафтиши ҳамаҷонибаи онро таъмин намуданд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти прокуратураи вилоят дар солҳои 2000 - 2005 мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва коррупсионӣ ба ҳисоб рафта, дар ин ҷода корҳои назаррас иҷро гардидаанд. Аз ҷумла, дар соли 2000 азхудкунии маблағҳои пулии Комбинати маъдани Адрасмон ба миқдори 10,9  миллион рубл, инчунин пинҳонсозии маблағи андоз ба миқдори 18 миллион рубл дар КМ «Эко-Помир» ошкор шуданд.
Дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм бошад, 58 парванда нисбат ба 109 нафар аъзои фаъоли «Ҳизб-ут-Таҳрир» оғоз гардида, аз ҷумла сарони гурӯҳҳои ин ҳизб А. Юсуфов ва И. Рауфов  дастгир гардиданд.   Солҳои 2007-2008 бештар ба вазъи иҷрои қонунгузорӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ таваҷҷуҳ зоҳир шуд. Дар ин давра қонунгузории замин ҳамаҷониба мавриди санҷиш қарор гирифта, дар ин самт 10 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 11 нафар шахси мансабдори кумитаҳои заминсозӣ, ҷамоатҳо, сармеъморон ва дигар кормандони мақомоти иҷроия оғоз гардидааст.
Дар давоми солҳои 2010-2013 мақомоти прокуратураи вилоят мувофиқи дастуру супоришҳои Прокурори генералӣ таваҷҷуҳи махсусро ҳамчун самтҳои афзалиятнок ба вазъи иҷрои қонунгузории замин, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, ҳифзи муҳити зист ва санитарӣ-эпидемиологӣ, техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, ошкорсозии ҷиноятҳои коррупсионӣ, қонунгузории андоз ва гумрук, терроризм ва экстремизм, сабти ҷиноятҳо ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд равона намудааст.  Дар ин солҳо вобаста ба вайрон намудани талаботи қонунгузории замин дар маҷмӯъ 447 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба кормандони кумитаҳои заминсозӣ, ҷамоатҳо, корхонаҳои кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  шаҳру ноҳияҳо оғоз гардид. 
Бо татбиқи чораҳои эътиноии прокурорӣ, аз ҷумла пешниҳод намудани 510 аризаи даъвоӣ ба суд 674,49 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда бо вайрон намудани иншооти сохташуда ба ҳолати аввала баргардонда шудааст. Зиёда аз 1100 гектар замини кишоварзии бекорхобида бо дахолати прокурорӣ мавриди истифода қарор гирифт. 
27 ноябри соли 2012 маҷлиси машваратии назди раиси вилоят ва Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ҳолати қонунгузориро дар мавриди хушунат дар оила баррасӣ намуда, қарори якҷоя қабул карданд, ки мувофиқи он дар ҷамоатҳо ва назди маҷлисони вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо комиссияҳо ва муассисаҳои маорифу тандурустӣ гурӯҳҳои кории доимоамалкунанда оид ба пешгирии ҳодисаҳои худкушӣ таъсис дода шуд. 
Баҳри ошкорсозӣ ва тафтиши ҷиноятҳои хариду фурӯши одамон пайваста чораандешӣ карда, дар давоми солҳои 2006-2013 нисбат ба 127 нафар шахси ба чунин ҷиноят дастзада 81 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш шудаанд. Таҳлил нишон дод, ки аз соли 2009 то 6 моҳи соли равон, яъне дар 5 солу шаш моҳи охир вобаста ба ҷиноятҳои экстремизми динӣ ва терроризм дар маҷмӯъ 80 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 366 нафар оғоз ва мавриди тафтиш қарор гирифт. Аз ин пешбурди 63 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 271 нафар ба итмом расида, ба суд ирсол гардид ва гунаҳгорон маҳкум шуданд.
Аз ҷумла, 3 сентябри соли 2010 ашхоси номаълум бо мақсади содир намудани куштор, халалдор сохтани амнияти ҷомеа бо автомашинаи тамғаи «ГАЗ-2401»-и муҷаҳҳаз бо маводи тарканда вориди ҳавлии ШММЗҶМ ВКД дар вилояти Суғд гардида, таркиш ба амал оварданд. Бар асари он се нафар корманди ин шуъба ҳалок гашта, 30 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт.  Худи ҳамон рӯз прокурори вилоят бо аломатҳои моддаҳои 179 қисми 3 бандҳои “а”, “б” ва 104 қисми 2 ва бандҳои “ж”, ”з” Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ 53 нафар дастгир шуд. Пас аз ба итмом расидани тафтишот парвандаи ҷиноятӣ барои баррасӣ ба суди вилояти Суғд ирсол гардид. Бо ҳукми коллегияи судии оид ба корҳои ҷиноятии суди вилояти Суғд, аз 23 декабри соли 2011, судшавандагон гунаҳгор дониста шуда, аз ҷумла Ф. Каримов, З. Каримов, И. Додоев, С. Собитов ва А. Ҳошимов ба ҷазои якумра бо мусодираи амвол ва дигарон ба муҳлатҳои гуногун бо ҷазои аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шуданд. Ҷамъбаст нишон дод, ки ҳоло 87 нафар айбдоршавандаи кирдорҳои экстремистӣ ва террористӣ содирнамуда дар кофтуков қарор доранд. Вазъи иҷрои қонунгузорӣ дар бораи мубориза бо экстремизм ва терроризм дар ҷаласаи  Шӯрои  ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 23 июли соли 2013 баррасӣ шуда, баҳри пурзӯр намудани мубориза бо ин падидаҳои хавфнок ва такмил додани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Имрӯз дар мақомоти прокуратураи вилоят ҳуқуқшиносони  варзида кору фаъолият доранд, ки дар байнашон шаш нафар дорандаи мукофотҳои давлатӣ буда, бо ордени «Спитамен», унвони фахрии «Ҳуқушиноси шоистаи Тоҷикистон», медалҳои «Хизмати шоиста» ва «Ҷасорат» сарфароз гардонда шудаанд. Прокуратураи вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки фаъолияти худро дар ҳамаи самтҳои назорати прокурорӣ боз ҳам самараноктар ба роҳ монда, волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро таъмин намояд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 4.12.2014    №: 236-237    Мутолиа карданд: 779

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед