logo

мулоқотҳо

Мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ

Субҳи 11 марти соли 2009 мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон -шаҳри Теҳрон ба кори худ шурӯъ намуд.
Дар ин ҳамоиши бузурги минтақавӣ аз 10 давлати аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО)  7 - тои онро бевосита сарони давлатҳо намояндагӣ карданд. Дар мулоқот ҳамчунин сарони давлатҳои Ироқу Қатар ва ноиби президенти Сурия, ки ба созмони ЭКО аъзо нестанд, иштирок намуданд.
Хотиррасон бояд кард, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) соли 1985 аз ҷониби се давлат - Эрон, Покистон ва Туркия таъсис ёфта, аз соли 1992  ба он 7 давлати нав - Афғонистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ӯзбекистон шомил гашта буданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронии худ нақши ин ҳамоишро  дар таҳкими мавқеи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ  дар минтақа, хусусан  дар замони бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ муҳим арзёбӣ кард.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ибтикори Ҷумҳурии Исломии Эронро дар бораи созмон додани гурӯҳи корӣ баҳри омӯзиши таъсири бӯҳрон ва омода кардани тавсияҳои зиддибӯҳронӣ дастгирӣ намуд.
Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон, кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ шарикони муҳимтарини тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд ва саҳми онҳо зиёда аз 35 дар сади ҳаҷми умумии муомилоти тиҷорати хориҷиро ташкил медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки кӯшишу талошҳои Тоҷикистон баҳри рушди инфраструктураи нақлиётию тиҷоратӣ оид ба сохтмони пулҳо, азнавсозӣ ва пайвастани роҳҳои оҳану мошингарди нақлиётии кишвар бо Афғонистон, Қирғизистон, ӯзбекистон ва Чин  мавриди пуштибонӣ ва дастгирии васеи ҳамаи кишварҳои аъзои ЭКО қарор мегиранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иқдомҳои мақомоти ЭКО - ро оид ба ҳамоҳангсозии расмиёти  гумрукии кишварҳои аъзои он, таъсиси Фонди мусоидат ба туризм ва  ислоҳоти куллии созмон ҷонибдорӣ  намуд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ислоҳоти куллии ЭКО на аз соли 2015, балки аз ҳозир оғоз карда шавад
Зимни муҳокимаи масоили вобаста ба баланд бардоштани самарабахшии  кори созмон ва ба шароити ҷаҳони зуд тағйирёбанда мутобиқ намудани он аз ҷониби сарони давлатҳо масъалаҳои ба вуҷуд овардани низоми боэътимоди нақлиётиву транзитӣ, содда гардонидани расмиёти тиҷорат, ривоҷи амалиёти бозаргонии наздисарҳадӣ,  истифодаи самарабахши захираҳои обу энергетикӣ, таъсиси низоми ягонаи энергетикӣ, интиқоли озоди  сармоя, нерӯи корӣ ва молу маҳсулот, инчунин ба вуҷуд овардани фазои умумии иқтисодӣ дар доираи созмон дорои аҳамияти хоса маънидод гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 578

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед