logo

мулоқотҳо

Вохӯрии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон

Шоми 10 март дар шаҳри Теҳрон мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон баргузор гашт.
Дар вохӯрӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи се давлати дӯсту ҳамфарҳанг ва ҳамгироиҳои минтақавию байналмилалии онҳо баррасӣ шуданд.
Зимни муҳокимарониҳо таъкид гардид, ки се кишвари мазкур метавонад дар ҳаллу фасли бисёр масоили мубрами минтақавӣ нақши намоён дошта бошад, аз ҷумла дар ҳалли мушкилоти бисёрсолаи Афғонистон.
Нақшаҳои сохтмони пулҳои нави мошингузар дар болои дарёи Панҷ, роҳҳои оҳану мошингарди пайвандкунандаи  Тоҷикистону Эрону Афғонистон, пайванди ин роҳҳо бо шабакаҳои нақлиётии Қирғизистону Қазоқистон ва Чин, бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги обию ҳароратӣ ва хатҳои интиқоли нерӯи баландшиддати барқи Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон дорои аҳамияти бузург барои таъмини рушди  бонизоми иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ  маънидод гардид.
Сарони се давлат – Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомиди Карзай омодагии худро баҳри пуштибонӣ аз татбиқи амалии ин лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ таъкид намуданд.
Сардори давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки баҳри назорати доимӣ ва татбиқи босамари тавофуқоти миёни се давлат бадастомада як кумитаи муштарак дар сатҳи муовинони роҳбарони вазоратҳои марбута ва як ниҳоди муштараки сармоягузорӣ таъсис дода шавад. 
Масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои сеҷонибаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ва ҳамгироиҳои мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи се кишвар дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе дар моҳи март ё апрели соли равон мулоқоти роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи се кишвар барпо шавад.
Ҳамчунин мулоқотҳои мунтазами роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии се давлат матлуб шумурда шуд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба густариши робитаҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иттилоот, аз ҷумла доир ба ифтитоҳи телевизиони муштараки се кишвари ҳамфарҳанг сурат гирифт.
Баъди анҷоми мулоқоти сеҷониба сарони се давлат – Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомиди Карзай як эъломияи муштарак ба имзо расонданд, ки дар он ҳамаи тадбирҳои зикршуда ва дигар ҳамгироиҳои минтақавию ҷаҳонӣ инъикос ёфтаанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 575

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед