logo

ҳуқуқ

ПОЙГОҲИ ТАҚВИЯТИ НЕРУҲОИ АРТИШ

Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар тамоми шаҳру навоҳӣ бахшҳои худ ва мактабҳои муттаҳидаи техникӣ ва ронандагӣ дорад, ки ҳар сол барои Қувваҳои мусаллаҳ ва хоҷагии халқ ба се ҳазор ҷавону наврас касби пуршарафи ронандагӣ, алоқачӣ, парашутчӣ, десантиро меомӯзонад.
Ташкилоти мазкур аз замони арзи ҳастӣ карданаш дар таҳкими қобилияти мудофиавии кишвар нақши басо муҳим бозида, пойгоҳи боэътимоди артиши кишвар, сабақомӯзи донишҳои ҳарбӣ, мактаби мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, тарбияи варзишии садҳо ҷавон гардидааст.
Бояд зикр кард, ки бо соҳибистиқлол гардидани Ватани азизамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмони мудофиавии ТҶММ низ тағйироту дигаргуниҳо ворид гардида, 15 ноябри соли 1991 дар Анҷумани 1 - уми ғайринавбатии ДОСААФ - и Ҷумҳурии Тоҷикистон номи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаро гирифт.
Бо дастгирӣ ва ғамхории бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳбуди фаъолияти созмонҳои мудофиавии ТҶММ - и кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда шуд ва он ба як қатор дастовардҳои баланди меҳнативу созандагӣ ноил гардид.
Аз ҷумла кумитаи вилоятии ТҶММ - и Суғд дар даврони соҳибистиқлолӣ, ки барои миллати тоҷик солҳои созандагиву бунёдкорӣ ва пур аз дастовардҳо мебошад, на танҳо иқтидори кадрӣ ва пойгоҳи моддӣ - техникии хешро нигоҳ дошт, балки дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан зарурии кишвар, пеш аз ҳама тарбияи ҳарбӣ - ватанпарастии шаҳрвандон, рушди намудҳои варзишӣ - техникӣ ва ҳарбӣ - амалӣ, тайёр кардани мутахассисони варзида барои Қувваҳои Мусаллаҳ ва кадрҳои техникии ниёзи хоҷагии халқ саҳми муносиб гузошт.
Бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар бисёр ноҳияҳо биноҳои нави ТҶММ сохта шуда, барои сохтмони машқгоҳҳои мошинронӣ, замин ҷудо гардид.
Дар ин самт Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, барои тақвияти тарбияи насли наврас ғамхорӣ кард. Аксарияти чорабиниҳо дар самти тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстӣ ташкил шуда, бо сарпарастии Ҳукумати вилояти Суғд дар ҳамбастагии зичи комиссариатҳои ҳарбӣ, шуъбаҳои маориф, шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнат, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ҷанговарони байналмилал гузаронда мешаванд.
Бо мақсади ба низоми муайян даровардани маҷмӯи чорабиниҳои марбут ба тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии наврасону ҷавонон «Барномаи тарбияи ҳарбӣ - ватанпарастӣ ва варзишӣ – ҳарбӣ - амалии наврасону ҷавонони синни тодаъватӣ ва даъватии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2015» бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти № 93 аз 1 марти соли 2012 тасдиқ шуд.
Баҳри дар амал татбиқ намудани барномаи мазкур Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа тадбирҳои судманд андешида, бо мақсади бо як ҳисси баланди меҳанпарастӣ, масъулиятшиносӣ амалӣ намудани ҳадафҳои Оинномаи худ ва бо дастовардҳои сазовори меҳнатию варзишӣ ҳиссагузорӣ кардан дар иморати Истиқлолияти миллат тамоми саъю кӯшишро барои ҷоннок кардани корҳои оммавӣ - мудофиавӣ, тақвият бахшидани корҳои ташвиқотию тарғиботии хусусияти ҳарбии ватанпарастӣ, инчунин густариши намудҳои варзиши техникӣ ва ҳарбӣ - амалӣ равона намуд.
Айни замон дар КВ ТҶММ - и Суғд 3 мактаби муттаҳидаи техникӣ, 1 мактаби ронандагӣ, 5 кумитаи шаҳрӣ, 10 кумитаи ноҳиявӣ ва 1 клуби минтақаии ҳавопаймоӣ вуҷуд доранд. Дар миқёси вилоят 605 ташкилоти ибтидоӣ созмон ёфта, қариб 100 ҳазор ҷавону наврасро ҷалб намудаанд ва баҳри тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ, сайри корвони автомобилӣ, гузаронидани «Рӯзи дарҳои кушод», мусобиқаҳои ҳарбӣ - варзишии «Муҳофизи Ватан», «Ҳомии Ватан», «Сипар», «Шафақ», «Ватанпарвар», доир кардани мусобиқаи дӯстонаи ҳарбӣ - амалӣ байни мактаббачагон ва сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, вохӯриву ҷамъомадҳо бо собиқадорони ҷангу меҳнат саҳм мегузоранд.
Дар баробари он, созмонҳои мудофиаи ТҶММ - и вилояти Суғд баҳри таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ тақвият бахшидани тарбияи ҳарбӣ - ватанпарастии ҷавонону наврасон, омода намудани онҳо барои хизмат ба Ватан, таҷлили ҷашнвораҳои таърихии кишвар, аз ҷумла Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи модар, Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати Миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсия (Сарқонун) – и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчами давлатӣ нақшаҳои иловагӣ тартиб дода, дар доираи он мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои варзиши ҳарбӣ – амалӣ, аз ҷумла ба қисмҳо ҷудо кардан ва ҷобаҷокунии автомат, тирпарронӣ, картингронӣ, давидан ба масофа, бандкашӣ, турниккашӣ, сангбардорӣ, истифодабарии ниқоби зидди газӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ гузаронда шуд.
Қобили қайд аст, ки КВ ТҶММ - и вилояти Суғд дорои маҷмааи варзишӣ - техникӣ ва картингронии «Суғдиён» мебошад, ки он беҳтарин варзишгоҳ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад ва ҳар сол чемпионати ҷумҳурӣ оид ба картингронӣ дар ин варзишгоҳ гузаронда мешавад. Клуби картинги «Суғдиён» қариб 100 нафар варзишгар дорад. Барои пешрафти варзиши картингронӣ ва тирпарронӣ дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эҳсос мегардад. Варзишгарони клуби тирпарронии ТҶММ - и вилоят дар чемпионати байналмилали Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, чемпионати ҷаҳон дар Олмон ширкат доштанд.
Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъ-иятии мададгори мудофиаи вилояти Суғд мувофиқи талаботи оинномавии хеш ва баҳри баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ - ватанпарастии ҷавонону наврасон, нангу номуси ватандорӣ, мусоидат намудан дар беҳтар гардондани дониши аввалаи омодагии дифои ҳарбӣ бо ҳамкории шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар миқёси вилоят 46 синфхонаи омодагии дифои ҳарбиро бо маводи дарсӣ мутобиқи барномаи таълимӣ бо забони давлатӣ тайёр намуда, таҷҳизонидааст.
Ҳамзамон, се майдончаи сафороӣ, ду шаҳраки қаровулӣ ва ду хонаи нигоҳдории яроқу аслиҳа низ ташкил шудааст. Бо дастгирии бевоситаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - майёри гвардия М. Гулмадов баробари дигар чораҷӯиҳои манфиатбахш барои ҷавонону наврасон ва муаллимони омодагии дифои ҳарбии мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят ва талабагон дар клуби варзишии тирпарронии Кумитаи вилоятии ТҶММ - и вилояти Суғд барои омӯхтани яроқу аслиҳа ба таври ройгон шароит фароҳам оварда шудааст.
- Роҳбарияти ТҶММ барномаи тарбиявии мазкурро марҳала ба марҳала амалӣ намуда истодааст, ки ҳадафи ниҳоии он тақвияти корҳои ҳарбӣ - ватандӯстӣ, пурзӯр намудани пояҳои моддӣ - техникии ташкилот, дуруст ва пурсамар ба роҳ мондани иҷрои ҳадафҳои оинномавӣ ба шумор меравад. Боварӣ дорам, ки бо анҷом додани ин нақшаҳо мо дар мустаҳкам намудани иқтидору эътибори ташкилот ва пешрафту тараққиёти Ватани азизамон саҳми арзанда ва намоёни худро хоҳем гузошт, - гуфт раиси КВ ТҶММ – и вилояти Суғд, полковник Бахтиёр Исломов.

Сайфулло МАҲКАМОВ,
 Рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.14    №: 241-242    Мутолиа карданд: 722

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед