logo

ҳуқуқ

ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРӢ ВА РИОЯИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲО

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар 10 декабри соли 1948 дар Иҷлосияи сеюми Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид қабул шуда, ҳуқуқҳои бунёдии инсонро, ки  асоси ҷомеаи демократиро ташкил мекунанд, дар бар мегирад. Имрӯз Эъломия ҳуҷҷати воқеан амалие мебошад, ки дар тамоми ҷаҳон ба ҳайси созишномаи байниҳукуматии кишварҳо ва шаҳрвандони онҳо қабул гардидааст. Он ба китоби рекордҳои Гиннес дохил шудааст, зеро санадест, ки аз ҳама бештар ба забонҳои дунё (350 забон) тарҷума кардаанд.
То замоне ки ин ҳуҷҷат ба миён омад, одамон тӯли асрҳо мубориза мебурданд, ки идеалҳои маънавӣ ва динӣ бо забони ҳуқуқии санадҳо ифода шаванд, то дар ҷомеаи бехатар ва озод аз худсариҳо зиндагӣ кунанд.  Аввалин санад дар бораи ҳуқуқи инсон Эъломияи шоҳ Куруши Кабир мансуб меёбад, ки ҳанӯз соли 539 - и пеш аз мелод ҳангоми забт кардани  Бобулистон  дар колбаи аз гил тайёршуда сабт  шуда буд. Меъёрҳои ин Эъломия дар бораи озод кардани ғуломон, таҳти фишор қарор надодани бединон, ихтиёрӣ будани сукунат, нарасондани зиён ба ҳуқуқи дигарон ва посухгӯӣ аъмоли худ будан аз қабили он арзишҳое мебошанд, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. Эъломияи Куруши Кабир ба шаш забони расмии Созмони Милали Муттаҳид тарҷума шуда, меъёрҳои он дар чор моддаи аввали Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ифода ёфтаанд.
Андешаи ҳуқуқи инсон аз Бобулистон ба Ҳиндустон, Юнон, Рим  ва дигар кишварҳо ба зудӣ паҳн гардида, арзишҳои онҳо оид ба эътирофу эҳтироми шахс, ҳақиқату адолат дар ҳуҷҷатҳои барои ҳуқуқи инсон муҳим меъёрбандӣ мешуданд. Дар ин робита Хартияи бузурги озодихоҳӣ (соли 1215), Конститутсияи ИМА (соли 1787), Эъломияи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд (Фаронса соли 1789), Билл оид ба ҳуқуқҳои ИМА (соли 1791) ва Конвенсияи Женева (соли 1864) аз ҷумлаи санадҳои таърихӣ ва муҳими соҳаи ҳуқуқи инсон ба ҳисоб мераванд.
Дар асри бистум ваҳшонате, ки дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон инсоният ба онҳо рӯ ба рӯ гардид,  тезонидани рушди ҳуқуқҳои инсонро ҳамчун шарти асосии озодӣ, адолат ва амният тақозо намуда, ба ҷараёни қабули созишномаи умумӣ оид ба ҳуқуқи инсон такони ҷиддӣ ворид сохт.
Бинобар ин, соли 1945 Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шуд, ки дар Оинномаи он ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷойгоҳи марказиро ишғол мекунанд. Дар баробари ин, пешвоёни ҷаҳон ба қароре омаданд, ки Оинномаи Созмони Милали Муттаҳидро бо ҳуҷҷате пурра намуда, ҳуқуқи ҳар касро дар ҳама ҷо ва ҳамеша  кафолат диҳад. Лоиҳаи ин ҳуҷҷат, ки  баъдтар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ном гирифт, аввалин маротиба дар Иҷлосияи якуми Ассамблеяи генералӣ дар соли  1946 баррасӣ гардид. Бояд қайд кард, ки пешнависи Эъломия дар ҳаҷми 400 саҳифа омода шуда буд, ки он ба ғайр аз санадҳои дар боло зикршуда, инчунин таҳлили тамоми конститутсияҳои амалкунандаи давлатҳои аъзо ва китобҳои динӣ, аз ҷумла Инҷилу Қуръонро дар бар мегирифт. Зимнан, дар омода кардани лоиҳаи охирин намояндагони беш аз 50 давлати аъзо ширкат доштанд. Дар Иҷлосияи Ассамблеяи генералӣ 10 декабри соли  1948, ки Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар он қабул шуд, ҳангоми овоздиҳӣ аз 56 кишвари аъзои Созмон 48 давлат ба тарафдории Эъломия овоз дода, ҳашт кишвар аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд. Аз теъдоди умумии давлатҳои узви СММ ҳеҷ як давлат муқобил овоз надода, ду кишвар дар иҷлосия ҳузур надоштанд.
Ба ақидаи яке аз таҳиягарони Эъломия Рене Кассен, олими Фаронса, моддаҳои 1 ва 2 - и Эъломия шаъну эътибори инсон, озодӣ, баробарӣ ва бародариро ифода месозад. Матни асосии Эъломия аз чор сутун иборат аст. Сутуни аввал (моддаҳои 3 - 11) ҳуқуқҳои  шахсии  инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт ва озодӣ аз ғуломиро дар бар гирифтаанд. Дар сутуни дуюм (моддаҳои 12 - 17) ҳуқуқҳои инсон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дарҷ шудааст. Сутуни сеюм (моддаҳои 18 - 21) озодиҳои маънавӣ, ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, аз ҷумла озодиҳои динӣ ва озодии иттиҳодияҳоро эълон медорад. Сутуни чорум (моддаҳои 22 - 27) ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро муайян кардааст. Се моддаи охирин, ки ба уҳдадориҳои шахс  дар назди ҷомеа, манъи сӯиистифодаи ҳуқуқҳо бар зиёни он ҳадафҳое, ки Созмони Милали Муттаҳид эълон кардааст, бахшида шудаанд, тамоми сохтори Эъломияро бо ҳам васл менамоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  эҳтиром, ҳифз ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамаҷониба мусоидат мешавад. Чунончи, Конститутсияи мамлакат яке аз ҳуҷҷатҳои мукаммали соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон муаррифӣ шуда, барои муайянкунандаи мақсад, мазмуни  фаъолияти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия гардидани  ҳуқуқи инсон  заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ муҳайё менамояд.
Дар ҷумҳурӣ нисбат ба беҳсозии вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои алоҳидаи инсон пешравиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, нисбати ҳуқуқ ба ҳаёт аз 30 апрели соли 2004  дар Тоҷикистон ба иҷрои ҳукми қатл мораторий эълон гардида, дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл ва мавҷудияти  минбаъдаи он дар низоми қонунгузорӣ  аз соли 2010 гурӯҳи кории ҳукуматӣ амал мекунад. Ҷиҳати пурзӯр кардани мубориза бо шиканҷа аз соли 2012 дар қонунгузории ҷиноятӣ моддаи  алоҳида пешбинӣ гардида, барои беҳтар кардани вазъи ҳуқуқ ба ибрози ақида ва озодии сухан аз Кодекси ҷиноятӣ муқаррарот дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои туҳмат ва таҳқир бардошта шудааст.
Бо рушди иқтисодиёт, баланд шудани сатҳу сифати зиндагӣ вазъи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ба сатҳи кофии зиндагӣ, ҳуқуқ ба саломатӣ, таҳсил, нафақа, ҳуқуқҳои кӯдакон, занон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа рӯ ба инкишоф аст. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид (аз 2 марти соли 1992)  аксари санадҳои асосии байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсонро  ба тасвиб расондааст. Шурӯъ аз соли 2000 - ум Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои ин санадҳои байналмилалӣ  Маърӯзаҳои миллии худро дар сохторҳои дахлдори СММ пешниҳод ва ҳимоя мекунад.
Ҷиҳати иҷрои тавсияҳое, ки аз ҷониби сохторҳои марбута ва расмиёти махсуси Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, дар ҷумҳурӣ механизми татбиқи онҳо таъсис дода шудааст, ки асосан дар шакли таҳияи нақшаҳои миллӣ бо иҷрокунандагону масъулон ва муҳлатҳои мушаххас зоҳир мешавад. Бо мақсади татбиқи тавсияҳои мушаххас ва нақшаҳои миллӣ,  алҳол дар тамоми мақомоти дахлдори давлатӣ гурӯҳҳои кории байниидоравӣ амал мекунанд.
Барои фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст. Ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар алоҳидагӣ ва дар доираи иттиҳодияҳову эътилофҳо дар пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ, хусусан дар таҳияи маърӯзаҳо ба сохторҳои СММ, гузарондани мониторингҳо, семинару конфронсҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ саҳм мегузоранд.
Таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон соли 2009 яке аз тадбирҳои муассири  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими воситаҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон маҳсуб меёбад.
Мақомоти  мазкур дар  пешгирӣ ва барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳои вайроншуда, инчунин ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон  тавассути  қабул ва баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, таҳлили қонунгузорӣ ва амалияи истифодаи он, санҷиши риояи ҳуқуқи инсон, таҳлил ва омӯзиши ҳолатҳои риоя нашудани ҳуқуқҳо, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқи инсон, ҷамъбаст ва пешниҳоди тавсияҳо мусоидат мекунад.
Аз  соли 2009 то соли 2014 дар мақомоти ВҲИ (Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон) 6571  муроҷиати шаҳрвандон (аз ҷумла 3450 адад дар дастгоҳи марказӣ ва 3121 адад тавассути қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ) ба қайд гирифта шудааст. Аз муроҷиатҳои ба дастгоҳи ВҲИ воридшуда аризаву шикоятҳои хаттӣ – 1256 адад ва муроҷиати шифоҳӣ – 2194 ададро ташкил мекунанд.
Гузарондани санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби мақомоти Ваколатдор дар ташкилоту муассисаҳои дахлдор  сол ба сол густариш меёбад.  Масалан, вазъи ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида, қисман пӯшида  ва хона - интернатҳо  соли 2012 - ум 24 маротиба ва  соли 2013 - ум 34 маротиба мавриди санҷиш қарор гирифта, ҷиҳати бартараф  намудани камбудиву норасоиҳои мавҷуда тавсияҳои мушаххас пешниҳод шудаанд. 
Бо мақсади тавсеаи фаъолият дар минтақаҳои ҷумҳурӣ қабулгоҳҳои ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис ёфтаанд.  Айни замон чунин қабулгоҳҳо дар вилояти Суғд - шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара  ва ноҳияи Айнӣ, вилояти Хатлон - шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва ноҳияҳои Қубодиёну Қумсангир, ВМКБ - шаҳри Хоруғ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - шаҳрҳои Турсунзода, Роғун ва ноҳияи Рашт фаъолият  менамоянд.  Онҳо ва дастгоҳи  марказии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар шаҳри Душанбе ҳамеша омодаанд, ки ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ҳалли мушкилоташон оид ба ҳуқуқи инсон ёрии ҳуқуқӣ ва амалӣ расонанд.
Соли 1950 ба ифтихори Эъломияи умумии ҳуқуқи башар Созмони Милали Муттаҳид 10 декабрро - Рӯзи ҳуқуқи инсон эълон кард, ки ҳамасола дар ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид”  ин рӯз, ҳамчун рӯзи ид аз соли 2011  ҷашн гирифта мешавад.  
Аз ҷониби  мақомоти ВҲИ ҳамасола бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ Ҳафтаи ҳуқуқи инсон доир карда мешавад. Имсол дар доираи он дар муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ ва мактабҳои миёнаву олӣ вохӯриву мулоқотҳо, семинару конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои ҷашнӣ ташкил ва гузаронда шуданд.

Сафаралӣ ҒУЛОМОВ,
роҳбари дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.14    №: 241-242    Мутолиа карданд: 1208

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед