logo

илм

АКАДЕМИКҲОИ НАВ ИНТИХОБ ШУДАНД

Докторони илм Фарҳод Раҳимов, Ҳикмат Ҳисориев, Акбар Турсунов, Акрамшо Фелалиев, Кароматулло Олимов ва Маҳмадисуф Имомов академики Академияи илмҳои ҷумҳурӣ интихоб гардиданд.  Вобаста  ба ин рӯйдод хабарнигори рӯзнома  бо саркотиби илмии Академияи илмҳои кишвар, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов  суҳбат орост.

- Устод, интихоби академикҳои нави Академияи илмҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар, бешак,  дастоварди миллӣ ба шумор меравад...
- Бо интихоби нав имрӯз сафи академикҳо ба 36 нафар расид, ки онҳо намояндагони  илмҳои физикаю математика, биология, химия, геология ва илмҳои ҷамъиятшиносӣ (фалсафа, таърих, адабиётшиносӣ, филология) мебошанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бори дуюм аст, ки академикҳо интихоб мешаванд. Бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаҳои гуногуни илми Тоҷикистон эҳё гардида, рушд меёбанд. Академикҳо  Фарҳод Раҳимов дар соҳаи физика, Ҳикмат Ҳисориев дар соҳаи ботаника,  Акбар Турсунов дар соҳаи фарҳангшиносӣ, Акрамшо Фелалиев дар соҳаи физиология,  Кароматулло Олимов дар соҳаи фалсафа ва Маҳмадисуф Имомов дар соҳаи филология  олимони маъруфи кишвар ба ҳисоб мераванд ва дар тарбияи олимони ҷавони умедбахш саҳми арзанда мегузоранд.
- Сабаб чист, ки ин навбат дар байни олимони довталаб бонувон ҳузур надоштанд?
- Агарчи роҳи илм бисёр душвор аст, дар муассисаҳои илмии кишварамон олимаҳои варзидаву умедбахш кам нестанд. Айни замон донишмандони шинохтаи тоҷик Муҳиба Ёқубоваю Хуршеда Отахонова узви пайвастаи Академияи илмҳоянд ва ҳар яке дар соҳаи хеш пажӯҳишҳои арзанда доранд. Сафи олимаҳои фаъоли мо тадриҷан меафзояд ва бовар дорам, солҳои минбаъда шумораи академикбонувони  тоҷик бештар мегарданд.
Раҳимов Фарҳод Қодирович,
президенти Академияи илмҳои кишвар
Муаллифи 4 монографияи илмӣ, 8 китоби дарсӣ, 4 дастури методӣ ва зиёда аз 95 мақолаи илмӣ мебошад, ки дар  Тоҷикистон, Русия, Ҳолланд, Эрон, Қазоқистон, Олмон ва дигар давлатҳо ба чоп расидаанд. Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм аст. Соли 2011 бо ордени «Шараф», дараҷаи 2 қадрдонӣ ва соли 2012 аз рӯи натиҷаи корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва саҳми онҳо дар рушди илми ҷаҳонӣ барандаи Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи «Илм ва технология» гардидааст.

Ҳисориев Ҳикмат Ҳисориевич,
директори Пажӯҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Тоҷикистон

Муаллифи қариб 200 ҷузъи чопӣ, аз ҷумла 3 монография, 5 дастурамали методӣ, 20 мақолаи илмӣ дар маҷаллаву маҷмӯаҳои кишварҳои хориҷӣ ва зиёда аз 40 мақола дар маҷаллаҳои илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад.
Барандаи Ҷоизаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ барои ҷавонон (с. 1984), Ҷоизаи ба номи Е. Н. Павловский (с. 2011) буда, бо мадали «20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» (с. 2011)  мукофотонида шудааст.
 
Кароматулло Олимов,
ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон

Муаллифи беш аз 220 асари илмӣ аст, ки дар онҳо назарияҳои фалсафии бузургтарин мутафаккирони тоҷик ва Машриқзамин таҳқиқ шудаанд. Оид ба проблемаҳои муҳими илмии низоъшиносӣ, сулҳофаринӣ ва фарҳангӣ иштирок намуда, қисматҳои алоҳида ва мақолоти заруриро дар он китобҳо навиштааст.
Қисмати муҳими фаъолияташро тарҷума ва таҳрири осори фалсафӣ ташкил медиҳад. Ӯ тарҷумони асарҳои Абуалӣ ибни Сино, аз ҷумла рисолаи «Азҳавия» ва китоби «Мабдаъ ва маод» ба забони русӣ мебошад.
Номи К. Олимов дар асари Энсиклопедияи «Who is who» - и Институти биографии ИМА ворид гардида, бо медали тиллои Созмони байналмилалии сулҳ ва унвони «Сафири сулҳи ҷаҳонӣ» сарфароз шудааст.

Акбар Турсунов (Турсон),
директори Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ  ва мероси хаттии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ

Доманаи таҳқиқоти илмии беш аз панҷоҳсолааш масоили фалсафӣ ва методологияи табиатшиносӣ, таърихи илму фарҳанги тоҷик ва умуман Шарқ, кайҳоншиносӣ, фарҳангшиносӣ, шарқшиносӣ, адабиётшиносӣ, публисистика ва ғайраро фаро гирифтааст. Дар арсаҳои гуногуни илм қувва санҷида, осораш мавриди эътирофи аҳли фаҳм гардидаю ба чандин забонҳои хориҷӣ нашр шудааст.
Ба тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва англисӣ эҷод мекунад.
20 китобу брошюраи илмӣ ва зиёда аз 550 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ ба табъ расондааст.

Фелалиев Акрамшо Саидович,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарходими Пажӯҳишгоҳи биологияи Помири Академияи илмҳои кишвар

Муаллифи 3 монография, 5 дастурамал барои истеҳсолот, 1 шаҳодатномаи муаллифӣ ва зиёда аз 140 мақолаи илмӣ дар соҳаҳои физиология ва биохимияи рустаниҳо, ботаника ва биотехнология мебошад, ки дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Русия, Украина, Қазоқистон ва дигар давлатҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, украинӣ ва англисӣ нашр шудаанд. Муҳаррири илмии 4 монография аст ва бо ордени «Шараф», дараҷаи 1 (с. 2011) сарфароз гардонида шудааст.

Ҳайдар Сафиев,
директори муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металлургия»-и КВД «Ширкати алюминийи Тоҷик»

Муаллифи зиёда аз 350 асари илмӣ, аз ҷумла 12 монография ва китобҳои дарсӣ мебошад. Навигарии корҳои илмии ӯ бо зиёда аз 30 шаҳодатномаи муаллифии ИҶШС, патентҳои АвруОсиё,  Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд. Бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника ва Ҷоизаи байналмилалии ЭКО дар соҳаи илм ва технология сарфароз гардидааст.

Имомов Маҳмадисуф Сайдалиевич,
ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Муаллифи зиёда аз 100 асари илмӣ буда, таваҷҷуҳи илмиаш бештар ба нақди адабиёт равона шудааст. Солҳои охир масъалаи мубрами адабиётшиносӣ, сиёсатшиносӣ, педагогика ва дигар мавзӯъҳо низ дар меҳвари пажӯҳишҳои вай қарор гирифтаанд.
 

Эмоми НАЗАРИЁН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.14    №: 241-242    Мутолиа карданд: 14550
06.04.2020


ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ДАСТАИ «ХАТЛОН» ОНРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

ВМКБ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

НУРОБОД. АЗ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ТО “ЗАН ВА ТОЗАГӢ”

03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед