logo

номаҳо

АГАР ХАТО КАРДААМ…

Чун аз шаҳри Душанбе ба ноҳияҳои дурдаст, хусусан ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар мекунӣ, дар баъзе аз қисматҳои роҳ бо кормандони БДА рӯ ба рӯ мешавӣ. Ин, албатта, табиист. Аммо бисёр вақт онҳо на дар қароргоҳҳои муқарраршуда меистанд. Дар ҷойҳое қарор мегиранд, ки кас ҳеҷ тасаввур карда наметавонад. Гоҳ-гоҳ ҷойҳояшонро иваз мекунанд. Дар даст «радар» доранд, гоҳе танҳо ва гоҳе ду нафаранд. Мо мефаҳмем, ки онҳо вазифаашонро иҷро мекунанд ва бояд дар назди нақбҳо низ биистанд. Тааҷҷубамон аз нафаронест, ки рутбаашон «майор» аст. Албатта, «майор» низ бояд «радар» дошта бошад ва мошинҳоеро, ки суръати ҳаракаташонро баланд мекунанд, нигоҳ бидораду ҷарима бибандад. Аммо ман фикр мекунам, ки ин амалро дигар кормандони соҳа низ, ки рутбаашон баланд нест, иҷро намуда метавонанд. «Майор» бояд ба иҷрои вазифаҳои муҳимтару мураккабтар машғул бошад. Охир пештар чунин набуд. Ё ман дар ин масъала хато мекунам? Агар хато кардаам, пешакӣ узр мепурсам.
Н.АМИНЗОДА, шаҳри Чкалов


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.14    №: 243    Мутолиа карданд: 578

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед