logo

номаҳо

«РОШОРВИҶБУХЧ Ё АЗОБИ САХТИ БЕҲЕЗУМӢ»

Дар шумораи № 222 рӯзномаи «Ҷум-ҳурият» аз 14 ноябри соли 2014, дар гӯшаи «Нигаронӣ» мавод таҳти сарлавҳаи «Рошорвиҷбухч ё азоби сахти беҳезумӣ» ба табъ расида буд. Ҳақиқатан ҳам масъалаи дар он инъикосгардида, аз ҷумлаи проблемаҳое мебошад, ки боиси ташвишу изтироби на танҳо сокинони деҳаҳои болооби дарёи Бартанг аст, балки дар мадди назари ҳамешагии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.
Дар давраи даргириҳои дохилиҷумҳурӣ проблемаи аз маводи сӯхтусӯз таъминшавии аҳолии деҳоти мазкур, махсусан пуршиддат шуда буд. Дарахтону буттаҳо, рустаниҳои ҳезумбоби кӯҳу пуштаҳо ва дараҳо бераҳмона нест карда мешуданд. Муаллиф дуруст зикр намудааст, ки чунин аҳволи тоқатфарсо то ба имрӯз идома дорад. Дар фарҷом хулоса кардааст, ки ин мушкилии зиндагӣ “касро ба дили таърих мекашад ва асрҳои гузаштаро пеши назар айнан намудор месозад”. Бале, ба таърихи гузаштаи ҳаёту мамоти худ назар кардан ҳеҷ гоҳ аз манфиат холӣ нест. Аммо ба ақидаи мо агар муаллиф дар баробари тасвири воҳимаангези воқеият ба дигар ҷиҳатҳои масъала диққат медод ё пешниҳоде манзур менамуд, хеле беҳтар мебуд.
Чунончи, дар деҳаи калонтарини водии Бартанг – Рошорв вобаста ба шароити иқлим ва масоҳати зиёди заминҳояш имконияти шинондану парвариши дарахтони мутобиқшуда, ба мисли беду сафедор мавҷуд аст. Дар айни ҳол бошад, дар деҳа миқдори ин гуна дарахтон ангуштшумор мебошад. Аммо то ба ҳоло муаммоест сарбаста, ки чаро сокинон сарфи назар ба маслиҳату тавсияҳои мутахассисону мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия аз ин воситаи самарабахш истифода намебаранд.
Ҳол он ки бо иштироку саҳмгузории фаъолонаи шаҳрвандон дар маъракаи кабудизорсозӣ на танҳо «ба як тир ду нахчир», балки чанд ҳадафро метавон зад. Зеро аз беду сафедор барои сохтмон масолеҳ, барои чорво хӯрок (баргу беда, шохчаҳо) ва ниҳоят сӯзишворӣ ба даст овардан мумкин аст.
Мақомоти худидоракунии деҳот, муассисаҳои мактабӣ, фаъолон, аҳли ҷамоатчигӣ дар ин бобат «анъана»-и пештараро идома дода, фориғболӣ зоҳир менамоянд.
Ё худ ҷиҳати дигари масъаларо қобили қабул шумурдан мумкин аст. Русзабонҳо мақоли хубе доранд: «Чанаро дар тобистон омода мекунанд». Он чизро дар назар дорем, ки сокинони водӣ ҳанӯз аз имконияти вуҷуддоштаи қитъаи  хоҷагии ҷангал тамоман истифода намебаранд. Бо пардохти маблағи муайян ва расмикунонии ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар мувофиқа бо маъмурияти қитъаи номбурда, дар мавзеъҳои ҷудогона то фарорасии мавсими гармидиҳӣ ҳезум тайёр карда метавонанд. Бошандагони минтақаҳои поёнии ноҳия тайёранд, ки ба ҳамдиёрони бартангиашон дар ҳудуди худ барои тайёр намудани ҳезум мусоидат намоянд. Барои ҳалли ин масъалаҳо танҳо ҳавсала ва қадре ташаббус лозим асту бас.
Дар ин самт беҳтар намудани таъсирнокии корҳои фаҳмондадиҳӣ байни мардуми деҳот, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати экологии одамон дар муддати начандон зиёд боздеҳи назаррас дода метавонад.
Ногуфта намонад, ки тайи қариб 20 сол ба минтақаҳои дурдасти водии Бартанг воридшавии ангишт қатъ гардида буд. Соли равон бо супориши роҳбарияти ноҳия аз ҷониби раёсати ҷамъияти матлубот, намояндагии Агентии захираҳои давлатии ҷумҳурӣ дар Ҷамоати деҳоти Савноб нуқтаҳои фурӯши ангишт кушодем, ки ин иқдом низ ба беҳбудии рӯзгори мардум равона шудааст.
Ба ҳолати имрӯза проблемаи водии Бартанг таъминот бо қувваи барқ мемонад. Маҳз бо назардошти ин ҳолат дар “Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии водии Бартанги ноҳияи Рӯшон”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2013 № 82 тасдиқ шудааст, сохтмони силсила неругоҳҳо дар водӣ дар маркази диққат аст. Аз ҷумла дар давоми солҳои 2013 – 2015 сохтмони неругоҳи барқи обии “Хафтат” бо иқтидори 600 кВТ дар назар аст. Мутаассифона, то ба имрӯз ба ҷуз корҳои ибтидоӣ бо сармоягузорон барои дарёфти маблағҳои зарурӣ ягон чораи дигар амалӣ  карда нашудааст. Мавриди зикр аст, ки сохтмони неругоҳи мазкур имкон медиҳад, ки аксар рустоҳои Ҷамоати деҳоти Савноб аз хидматрасонии он бархӯрдор шаванд, ки ин боиси такони мусбате барои равнақи соҳаҳои гуногуни ҳаёти сокинон мегардад.
Албатта, то ҳол дар деҳоти дурдасти кӯҳсор мушкилот кам нест. Аммо ба оянда аз нигоҳи некбинона назар намуда, барои рафъи душвориҳо саъй бояд кард.
 

Х. ХУДОЁРОВ,
раиси ноҳияи Рӯшон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.14    №: 243    Мутолиа карданд: 743

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед