logo

порлумон

ҲАЙАТИ КМИР ТАСДИҚ ШУД

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон, гузашт, лоиҳаи Қарори Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоб намудани раис, муовини раис ва аъзои Комиссияи марказии интихобот  ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд.
Ҷумъа Давлатов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, зимни баррасӣ матни пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 6 декабри соли 2014 қироат кард. Мутобиқи он Шермуҳаммад Шоҳиён, Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссия Зокиров Саидбой, раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, аъзои комиссия: Вера Наимова, дотсенти кафедраи маданиятшиносӣ, педагогика ва равоншиносии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, Муистон Азизова, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 98 шаҳри Турсунзода, Изатулло Алиев, директори дирексияи муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт - 80» шаҳри Душанбе, Олима Ёрматова, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 38 - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Нуралӣ Саидов, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зиё Раҳмон, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Ҷамолиддин Маҳмудов, мушовири раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Маҳмадёр Раҷабов, мудири кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Юсуфбек Шодмонбеков, мушовири ректор оид ба масъалаҳои ҳуқуқии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, Ҷамшед Ҷамшедов, котиби илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик  Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммадборон Зоиров, сардори шуъбаи корхонаи воҳиди давлатии нархгузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаббат Файзова, раиси Ҷамоати деҳоти Обикиики ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон пешниҳод гардиданд.
Шермуҳаммад Шоҳиён миннатдории комиссияро ба вакилон барои такмили қонунгузории интихобот баён кард ва иброз дошт, ки мо имконият дорем, интихоботи дар ҳақиқат озоду шаффоф ва демократиро дар ҷомеа баргузор кунем. Назар ба гуфтаи мавсуф, дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва баргузории интихобот, ҳавзаҳои якмандатии интихобот дар ҳудуди кишвар бо нишон додани шумораи интихобкунандагон ва макони ҷойгиршавии ҳавзаҳои интихоботӣ тасдиқ гардид.
Шамсиддинзода Саидмуҳаммад, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз», зимни баррасии Созишнома дар бораи принсипҳои асосии ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd» гуфт, ки он дар доираи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой 13 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкек ба имзо расонда шуд.
Назар ба гуфтаи мавсуф, хати сохташавандаи гази Осиёи Миёна – Хитой аз Туркманистон сарчашма гирифта, тавассути қаламрави Ӯзбекистон 200 километр, Тоҷикистон 391 километр Қирғизистон 210 километр ба Хитой ворид мешавад. Он назар ба дигар хатҳое, ки аз тариқи Ӯзбекистон ва Қазоқистон убур мекунанд, ҳазор километр кӯтоҳ аст. Барои бунёди хати мазкур дар қаламрави Тоҷикистон сохтмони 45 туннел бо тӯли 75 километр ва 24 убури зериобӣ ба нақша гирифта шудааст.
Қутри лӯлаи газгузар 1219 миллиметр буда, диаметри туннелҳои пармашаванда 4,5 ба 4,5 метр мебошад.
Ба гуфтаи мавсуф, ҳисобҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки даромади умумии корхонаи муштарак дар муддати 32 соли фаъолият 15 миллиард долларро ташкил дода, ба буҷети ҷумҳурӣ 1248 миллион доллар андози ягона ва ба саҳми Тоҷикистон 2,5 млрд. доллар суди саҳмияҳо пардохт мегардад. Аз рӯи нақша корҳои сохтмонии моҳи апрели соли 2015 оғоз мегарданд.
 

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.14    №: 243    Мутолиа карданд: 759

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед