logo

ҳуқуқ

ҶАРАЁНИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯ ҚОБИЛИ ТАВСИФ НЕСТ Ё бемасъулиятии бархе аз мансабдорон дар мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Алишер ТАШРИФОВ,

сардори Шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи босамари “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020”, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли 2013 ба тасвиб расидааст, дар ҳамоҳангӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ месозад.
Дар ин робита бо қарори ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суистеъмоли маводи нашъадор ҳанӯз 15 апрели соли 2014 реҷаи санҷиши фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷиҳати татбиқи барнома тасдиқ гардида буд. Дар заминаи иҷрои он давоми семоҳаи сеюм аз тарафи гурӯҳи кории байниидоравӣ бо шумули аъзоён ва котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ санҷиши фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон оид ба татбиқи стратегия доир шуд.
Санҷиш нишон дод, ки дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати татбиқи стратегия тасдиқ гардида, шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ, хусусан дар ноҳияҳои Шӯрообод, Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон фаъолияти босамар дошта, дар самти пешгирии нашъамандӣ корҳои назаррас ба анҷом расондаанд. Қисме аз ноҳияҳо, масалан Ишкошим, Шаҳринав, Файзобод, Мурғоб, Ҷиргатол ва Роғун масъулиятро эҳсос намуда, аз рӯи бандҳои стратегия нақшаҳои дохилии худро тартиб дода, вориди амал шуданд.
Омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи вобаста ба фаъолияти пешгирии нашъамандӣ дар шаҳру  ноҳияҳои  кишвар нишон медиҳад, ки чорабиниҳои зиёди зиддинашъ-амандӣ, аз ҷумла вохӯриҳо, семинару мизҳои мудаввар, чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ, таблиғотӣ, маърифатӣ ва мусобиқаҳои варзишии зидди-нашъамандӣ бо доираҳои гуногуни аҳолӣ, сурат гирифтаанд. Дар парвандаҳои алоҳида ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, аз ҷумла протоколи ҷаласаҳои доиршудаи шӯроҳо ва ахбороти аъзои шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба корҳои анҷомдода дар самти пешгирии нашъамандӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Зимнан, дар матбуоти даврӣ мақолаҳо дар мавзӯи пешгирии нашъамандӣ низ манзури хонанда гардидаанд, ки аз манфиат холӣ нест.
Бояд гуфт, ки дар ин робита, фаъолияти шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Роғун, Исфара, Ишкошим, Ванҷ ва Файзобод қобили тавсиф аст. Ҳунармандон бо намоишномаҳои гуногуни зиддинашъамандӣ дар театрҳои халқӣ, инчунин ҷамоату деҳоти ноҳияҳои номбурда баро-мадҳо доир намудаанд.
Қобили зикр аст, ки дар амри ҷилавгирӣ аз амалҳои нашъамандӣ саҳми иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ дар минтақаҳо назаррас буда, дар самти пешгирии нашъамандӣ барномаҳои худро омода ва амалӣ месозанд. Ҳамзамон ин ниҳодҳо бо сохторҳои давлатӣ ҷиҳати татбиқи бандҳои дахлдори стратегия ҳамкории самарабахш ба роҳ мондаанд.
Дар баробари пешравиҳо санҷиш як қатор камбудиҳоро низ дар татбиқи стратегияи мазкур ошкор намуд. Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳангоми азназаргузаронии дафтарҳои бақайдгирии воридоти ҳуҷҷатҳое, ки аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мешаванд, муайян шуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1409 аз 13 феврали соли 2013 “Дар бораи стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020” дар моҳҳои феврал – марти соли 2013 дастрас гардидааст. Аммо боиси таассуф аст, ки барои татбиқи стратегия беаҳамиятӣ зоҳир шудааст. Ҳарчанд бо дархости Раёсати агентӣ дар вилояти Суғд ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва дастгирии техникии фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи стратегия Қарори раиси вилояти Суғд таҳти №91 аз 26 феврали соли 2014 тасдиқ гардидааст, вале аз беэътиноии масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нусхаи стратегияи ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят равона нашудааст. 
Вазъи вобаста ба татбиқи ин ҳуҷҷат дар мақомоти иҷроияи ма-ҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ, Турсунзода, ноҳияҳои Мастчоҳ, Спитамен, Қумсангир, Рӯдакӣ, Ҳисор, Исмоили Сомонӣ, Варзоб, Нуробод ва Тоҷикобод нигаронкунанда мебошад. Ин дар ҳолест, ки дар пайи санҷишҳои қаблӣ ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо тавсияҳо низ дода шуда буд, вале барои ислоҳи он чорае андешида нашудааст. Масъулони шаҳру ноҳияҳои мазкур дар бораи стратегия одитарин маълумот надоранд ва аз парвандаҳои солҳои қаблӣ дигар барномаҳои давлатиро, ки муҳлати амали онҳо ба анҷом расидаанд, аз ҷумла “Барномаи ягонаи мақсадноки давлатӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва муқобилият бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 - 2012”  пешниҳод карданд.
Ҳатто аз рӯи омори расмӣ мусодираи маводи нашъадор дар шаҳру ноҳияҳои номбурда сол ба сол зиёд гардидааст. Масалан, дар давраи нӯҳ моҳи соли ҷорӣ сатҳи чунин ҷиноятҳо дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст. Агар дар нуҳ моҳи соли 2013 дар ноҳияи Рӯдакӣ 10,552 кг маводи мухаддир мусодира шуда бошад, пас дар ин давраи соли 2014 ин рақам ба 64,945 кг зиёд шудааст. Мутаносибан чунин рақамҳо дар ноҳияи Ҳисор аз 2,748 кг ба 4,807 кг, дар шаҳри Турсунзода аз 2,453 кг ба 50,974 кг, дар ноҳияи Варзоб аз 1,456 кг ба 98,228 кг рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Аз рӯи теъдоди беморони нашъаманд дар шаҳру ноҳияҳои мазкур дар муқоиса ба соли 2013 болоравии сатҳи нашъамандӣ ба назар мерасад. Масалан, агар дар шаҳри Хоруғ то соли 2013 – ум 483 нафар бемори нашъаманд ба қайди расмӣ гирифта шуда бошад, пас ин рақам дар давраи 6 моҳи соли 2014 ба 491 нафар расидааст. Ин гуна омор дар ноҳияҳои Рӯдакӣ аз 327 ба 356, Ҳисор аз 237 ба 244, Исмоили Сомонӣ аз 641 ба 654 ва шаҳри Турсунзода аз 103 ба 114 нафар зиёд гардидааст. Рақамҳо бозгӯи онанд, ки аз бемасъулиятии шахсони масъул дар шаҳру ноҳияҳои мазкур сатҳи ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва теъдоди нашъамандон афзоиш ёфтааст. Дар маҷмӯъ, фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар нисбат ба солҳои пеш коста гардидааст. Санҷиш нишон дод, ки қариб дар ҳама шаҳру ноҳияҳо ҷаласаҳои шӯро мунтазам доир намегарданд ва ахбороти аъзои он оид ба корҳои иҷрогардида дар ин самт кам ба назар мерасанд.
Аз ин рӯ, барои ислоҳи камбудиҳои ошкоргардида аз ҷониби роҳбарияти агентӣ дар шаҳрҳои Роғун ва Исфара, ноҳияҳои Роштқалъа, Рӯшон ва Шаҳринав ҷаласаҳои сайёри Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суистеъмоли маводи нашъадор ташкил шуда, моҳияти татбиқи стратегия баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Дар баробари ин, ба роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои  Кӯлоб, Хоруғ, Турсунзода, ноҳияҳои Мастчоҳ, Спитамен, Қумсангир, Рӯдакӣ, Ҳисор, Исмоили Сомонӣ, Варзоб, Нуробод ва Тоҷикобод дастур дода шуд, ки фавран дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суистеъмоли маводи нашъадор бо иштироки аъзоёни шӯро ва сохторҳои шаҳриву ноҳиявии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъалаи татбиқи стратегияро баррасӣ карда, нақшаҳои дахлдори амалӣ гардидани онро таҳия, тасдиқ ва татбиқ намоянд.
Мутаассифона, на ҳама аъзои шӯроҳои шаҳриву ноҳиявӣ, яъне сохторҳои дахлдори вазорату идораҳои марбута дар ин самт фаъолияти босамар доранд. Дар аксар маврид нақши шуъбаҳои маориф, бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва оила назаррас арзёбӣ гардида, масалан дар кадом ҳолате, ки дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Варзоб ва Рӯдакӣ фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ санҷида шаванд, роҳбарияти мақомоти иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти  давлатӣ  аз  фаъолияти онҳо ҳуҷҷатҳо пешниҳод менамоянд. Аз муассисаҳои тобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бошад, саҳми духтурон – наркологҳо ё табибоне, ки вазифаҳои онҳоро дар самти пешгирии нашъамандӣ иҷро менамоянд, фаъолияти назаррас ва дар бисёр маврид вазифаи котиби шӯроҳоро низ ба дӯш доранд, вале дигар зерсохторҳои вазорат, аз ҷумла беморхонаҳои марказии шаҳриву ноҳиявӣ ва марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, ки дар ин самт нақши калидӣ доранд, бояд барои беҳтар кардани фаъолият кӯшиш намоянд.
Бо назардошти гуфтаҳои зикргардида барои ислоҳ кардани камбудиҳои ҷойдошта зарур мешуморем,  ки вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вило-ятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои пурзӯр кардани фаъолияти худ дар татбиқи “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020”, хусусан дар самти ҷилавгирии нашъамандӣ чораҳои қатъӣ андешанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.12.14    №: 244    Мутолиа карданд: 787

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед