ҳуқуқ
НУРУЛЛО ҲУВАЙДУЛЛОЕВ - ТИМСОЛИ ҲАҚИҚАТУ АДОЛАТ
Нурулло Ҳувайдуллоев – намояндаи мардумии ҷумҳурӣ, нахустпрокурори генералии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷавонмарди асил, тимсоли ҳақиқату адолат дигар дар байни мо нест. Вале ному кори некаш зиндаву ҷовид монд, дар дилҳо, дар ёдҳо…
Замоне ӯ Прокурори генералии ҷумҳурӣ шуд, ки гирудорҳои қувваҳои мухталиф вазъи сиёсиву иҷтимоии ҳамонвақтаи ҷумҳуриро ноором карда буданд. Ӯ бо қатъияту устуворӣ ва далериву ҷасорат аз Ҳукумати қонунии ҷумҳурӣ ва Конститутсия (Сарқонун) – и кишвар пуштибонӣ намуда, алайҳи ноҳаққиву ноҷавонмардӣ ва қонуншиканиҳо ба мубориза бархост.
Ӯ бар он буд, ки шаҳрвандони мамлакат қонунро муқаддас донанд ва ягона ҳукуматдори сарзамини мо танҳо ва танҳо қонун бошад. Маҳз устуворӣ, поквиҷдонӣ ва дар мавқеи принсипҳои хеш истодагарӣ карданаш ӯро мардуми кишвар ҷонибдорӣ кардаву шахсияташ пайваста дар байни мардум маҳбубият пайдо менамуд.
Ҳамеша мекӯшид, ки баҳсу талош ва гирудорҳо ҷавонмардона ва боадолатона ҳалли худро ёбанд. Ӯ аҷаб чеҳраи нурониву дилкаш, нигоҳи пурмеҳру қалби чун оина софу пок, қомати баланду босалобат, суханронии ботамкину муаддабона дошт, муҳокимарониҳои мантиқиву санҷидааш ба ҳар касе, ки ҳамсуҳбаташ мешуд, ҳисси эътимоду эҳтиромро нисбаташ бедор менамуд.
Нурулло Ҳувайдуллоев 24 августи соли 1992 дар авҷи камолот, ки ҳамагӣ 52 сол дошт, аз ҷониби қотилон ноҷавонмардонаву ваҳшиёна ба қатл расид. Он рӯзҳои мотамро дар зодгоҳи шодравон - деҳаи Понғози ноҳияи Ашт ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирам дур карда наметавонам.
Пиру ҷавон ба кӯчаҳои деҳа баромада, сӯи хонае мешитофтанд, ки он ҷо мардуми зиёд ба ҷуз деҳаи Понғозу ноҳияи Ашт, қариб аз тамоми шаҳру навоҳӣ, пойтахти кишвар ҷамъ омада буданд ва аз он ҷо ҷисми беҷони Нурулло Ҳувайдуллоевро ба роҳи охират мебурданд. Нолаву гиряву фиғон, мотаму ғам тамоми деҳаи Понғозро фарогир буд. Он рӯз тамоми деҳа мотам дошт, дар кӯча, дар қабристон аз забони зану мард, пиру барно дуову нафрат нисбат ба қотилон садо медод.
Қотилон ҳуқуқдон ва инсонеро, ки то лаҳзаҳои вопасини ҳаёташ баҳри ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон муборизаву талош варзида, яке аз муаллифони лоиҳаи Конститутсия (Сарқонун) - и Тоҷикистони соҳибистиқлол, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳои ҳаётан муҳим, ҳамзамон ҳомӣ ва ҷонибдори пойдор намудани давлати ҳуқуқбунёд ба шумор мерафт, ба қатл расонданд.
Нурулло Ҳувайдуллоев дар баробари намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олӣ, Прокурори генералии Тоҷикистони соҳибистиқлол буданаш, дар як вақт масъулияти муовинии раиси Иттиҳоди ҳуқуқшиносони ИҶШС ва раисии Иттиҳоди ҳуқуқшиносони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ ҳамчун номзади илми ҳуқуқшиносӣ, олими ҳуқуқдон ва устоди шинохта шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки имрӯз дар мақомоти прокуратура, суд ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ садоқатмандона хидмат мекунанд ва ному хотираи неки ӯро пос медоранд.
Фаррухҷон АБДУЛЛОЕВ,
прокурори калони шуъбаи прокуратураи вилояти Суғд,
мушовири адлияи дараҷаи сеюм
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.12.14 №: 245 Мутолиа карданд: 936