logo

ҳуқуқ

ОИЛА - ИТТИҲОДИ МУҚАДДАС

Қабули Конститусия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бешубҳа аввалин дастоварди бузург пас аз соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти  давлатдории тоҷикон мебошад. Сарқонун бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ бевосита аз ҷониби  шаҳрвандони Тоҷикистон қабул гардида, азму ирода ва мақсаду  мароми сокинони кишварро дар худ таҷассум менамояд. 
Бояд тазаккур дод, ки Сарқонуни мамлакат аз тарафи мутахассисони созмонҳои байналмилалӣ баҳои баланд гирифта, онро ҳамчун яке аз конститусияҳои демократитарин эътироф кардаанд.
Дар моддаи 33 Конститусия омадааст, ки «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи  ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳӣ  расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст.»
Яъне оила ҳамчун асоси ҷамъият буда, давлат уҳдадор аст онро таҳти ҳимояи худ гирад. Ин чунин маъно дорад, ки давлат нисбат ба масоили ҳуқуқиву иҷтимоӣ, аз ҷумла ба сиҳатӣ ва пойдории оила, ғамхорӣ ба модару кӯдак, таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбияи фарзандон, таълими ройгон дар муассисаҳои давлатии таълимӣ, кафолати иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ва пиронсолӣ хизматрасониҳои зарурии тиббӣ, иҷтимоӣ ва дигар масъулиятро ба уҳда мегирад. Ин вазифаҳои давлат, ки ба ҳимоя ва дастгирии оила равона шудаанд, бевосита аз муқаррароти моддаи  25 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, инчунин аз моддаи  10 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онро соли 1999  ба тасвиб расондааст, бармеоянд.
Ташкили оила ҳуқуқи афзалиятноки соҳаи иҷтимоист, зеро бидуни оила ҷомеаи инсонӣ вуҷуд дошта наметавонад ва аз дараҷаи маърифату некуаҳволии оилаҳо сатҳи инкишофи моддию маънавии ин ё он ҷомеа ва давлат муайян карда мешавад.
Баробарҳуқуқии зану шавҳар дар оиладорӣ ва бекор намудани ақди никоҳ яке аз принсипҳои асосии ҳуқуқи оилавист, ки тавассути он муносибатҳои оилавӣ ба танзим дароварда мешаванд. Баъд аз ақди никоҳ зану шавҳар ҳуқуқи баробари шахсӣ ва молу мулкӣ пайдо мекунанд. Дар моддаи 12 - и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои ақди никоҳ пешбинӣ шудааст. Мувофиқи он барои ақди никоҳ ризоияти марду зани ба никоҳ дароянда ва ба синни никоҳӣ расидани онҳоро чун шартҳои эътиборноки никоҳ муқаррар кардааст.
Мутаассифона, солҳои охир ҳодисаҳои аз ҳам пош хӯрдани оилаҳо бештар ба назар мерасанд. 
Назар ба иттилои Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ,  вайрон шудани оилаҳо ва аз ҳам ҷудо шудани ҷавонон ҳамчун доғи рӯз ва яке аз проблемаҳои ташвишовар боқӣ мондааст.
Дар давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ дар мамлакат 7630 ҳолати талоқ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 556  адад зиёд мебошад.  Бино ба маълумоти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи равон 74387  ақди никоҳ сабт ёфтааст.
Бахши сабти  асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе фаъолияти кори худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»,  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти мамлакат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ба роҳ монда, ҷиҳати беҳтар намудани сифати сабти давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, таҳкими  оилаву оиладорӣ, тарғибу ташвиқи қонунгузории оила ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чораҳои машаххас меандешад. 
Аз тарафи бахши САҲШ - и ноҳияи Сино дар ёздаҳ моҳи соли равон 5310 сабти таваллуд, 952 сабти вафот, 1922 сабти муқаррар намудани падарӣ, 3606 сабти таваллуди муҳлаташ гузашта, 1584 сабти иваз намудани ному насаб ва номи падарӣ, 28 сабти фарзандхонӣ, 916 сабти никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ  ва ба пешвози 90 солагии пойтахт дар Душанбе - Плаза ақди никоҳи  90  ҷуфт навхонадорон, аз ҷумла  24 ҷуфт аз ноҳияи Сино баргузор гардид. Ба ҳар як ҷуфт аз тарафи шаҳрдорӣ сару либос ва 5 ҳазор самонӣ дода шуд. Тӯйи  24 нафар навхонадорон аз оилаҳои камбизоат дар тарабхонаи «Самандар»  бо як шукӯҳу шаҳомат баргузор шуд. Ақди никоҳи навхонадорон аз ҷониби бахши САҲШ - и ноҳияи Сино ба  таври ройгон сурат гирифт. Боиси таассуф аст, ки дар ёздаҳ моҳи соли равон сабти бекор кардани ақди никоҳ ба 492 расид, ки аксари онҳо аз тариқи суд сурат гирифт. Ростӣ, мо ва кормандонамон рӯзҳои чоршанбе бо сокинони  маҳаллаҳои ноҳия оид ба фаҳмондани талаботи қонунгузории мамлакат, аз ҷумла Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сари вақт гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, гузаштан аз ақди никоҳи давлатӣ ва  пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон вохӯрӣ мегузаронем. Он ҷавононеро, ки мехоҳанд аз ҳам ҷудо шаванд, насиҳат мекунем. Ҳафтаи гузашта ду нафарро, ки мехостанд ариза дода, аз ҳам ҷудо  шаванд, бо фаҳмонидани мавзӯъ онҳоро аз иқдомашон баргардондем. Онҳо ҳоло аҳлона зиндагӣ мекунанд.  Таҷрибаҳо нишон медиҳад, ки дар аксар маврид дахолати падару модар боиси вайрон шудани оилаҳои ҷавон мегардад. Ҳамчунин бетоқативу носабурии духтарон ва солҳои тӯлонӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтани ҷавонон низ сабаби пошхӯрии оилаҳо мешаванд. 
Бояд як нуктаро тазаккур дод, ки  боҷи давлатӣ барои бекор кардани ақди никоҳ аз тариқи суд ҳамагӣ 40 сомонӣ ва бо розигии ҳамдигар 60 сомонӣ  мебошад. Бо қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  маъракаҳои мардум, аз ҷумла ҷашни арӯсӣ хеле  камхарҷ гардид ва  теъдоди онҳо низ афзуд. Шояд баланд бардоштани боҷи давлатӣ ба нигоҳ доштани ақди никоҳ ва вайрон нашудани оилаҳои ҷавон мусоидат намояд. 
Бояд таъкид кард, ки оила ин иттиҳоди муқаддас аст, нашояд онро саҳл гирифт ва саҳлангорӣ  кард. Модоме ки оила асоси ҷамъият аст, пас, он   бояд муттаҳид, покиза ва софу беолоиш бошад.
Зеро  Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мефармояд;  
          
Пирузӣ аз иттифоқ хезад,
Паркандагӣ аз нифоқ хезад.


Шарифамо ҚУРБОНОВА, 
мудири бахши САҲШ – и
ноҳияи Сино, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.12.14    №: 245    Мутолиа карданд: 790

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед